Паём – раҳнамои аҳли илму маориф
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 12 январ, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Маориф ва илм / Хабарҳо, Боздид 1 400
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 декабри соли равон бо натиҷагирӣ аз фаъолияти соҳаҳои илму маориф манзур намуданд. Ин ҷо изҳори нигаронии Пешвои миллат аз дараҷа ва сатҳи саводи баъзе аз омӯзгорони соҳа дар шароити кунунӣ хеле бамаврид аст.
“Бо ин мақсад, роҳбарони муассисаҳои таълимиро зарур аст, ки ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи дониш ва касбияти омӯзгорон дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, бахусус, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёнаи касбӣ, такмили ихтисосу бозомӯзӣ ва тарбияи омӯзгорони ҷавони баландихтисос ва ба талаботи замона ҷавобгӯй дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот эътибори аввалиндараҷа диҳанд”, - масъалагузорӣ карданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Дар робита ба ин, ба Вазорати маориф ва илм супориш дода шуд, ки барои омода кардани омӯзгорони фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ бо забонҳои хориҷӣ дар донишгоҳҳои равияи омӯзгорӣ кушодани шуъбаҳои алоҳидаро пешбинӣ намояд.
Умуман, зарур аст, ки таълими забонҳои хориҷӣ, махсусан, русиву англисӣ дар тамоми факултаву шуъбаҳои мактабҳои олӣ боз ҳам беҳтар ба роҳ монда шавад.
Дар назди ҳар яки мо, кормандони соҳа, хосса омӯзгорону устодон, вазифаҳои мушаххас мегузорад, то бо масъулиятшиносии баланд барои боло бурдани сифати таҳсилот талош варзем. Нуктаи дигари қобили таваҷҷуҳ, ки барои пешрафти илму маориф, тарбияи олимони ҷавон ва муҳаққиқони тозаназар мусоидат менамояд, ин зиёд кардани стипендияи донишҷӯён мебошад. Ин ҳадафи наҷибу созанда омили он мегардад, ки донишҷӯён, хосатан магистрантону докторантон дар самти таҳқиқу пажӯҳиши самтҳои муҳими илм, хосса дар бахши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ боз ҳам ҷаҳду талоши бештар намоянд.
Дар маҷмӯъ, ин дастуру ҳидоятҳо, хосатан барномарезиҳое, ки ба пешрафти соҳаи маориф ва илми мамлакат равона шудаанд, мо, кормандони соҳаҳои маориф ва илми мамлакатро вазифадор менамоянд, ки давоми соли равон дар амри иҷрои ин ҳама раҳнамоиҳои фардосоз ва равшангари соҳа масъулиятшиносӣ зоҳир намоем ва чунонки Сарвари давлат таъкид намуданд, ташаббускор бошем, то саҳми арзандаи хешро дар роҳи расидан ба ҳадафҳои бузурги миллӣ гузорем.
Мо ҳамагон огаҳем, ки Пешвои муаззами миллат давоми солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар сиёсати пешгирифтаи хеш соҳаи маориф ва илмро дар мақоми аввал гузоштаанд. Ин тадбири барҷастаи сиёсӣ ва маърифатӣ, ки ба хотири таъмини имрӯзу фардои дурахшони наслҳо равона шудааст, бояд дар баробари ифтихори бузурги кормандони соҳа будан, ҳидоятгари ҳар яки мо дар самти эҷоди корномаҳои созандаи фикриву ақлонӣ, иҷрои бошарафонаи касби омӯзгории хеш, тарбияи насли созандаву ободкор, мутахассисони ҷавобгӯ ба меъёрҳои муосири таҳсилот барои ояндаи Тоҷикистони озоду обод бошад. Ба таъбири Пешвои миллат, имрӯз мебояд инсонҳоеро тарбия намоем, ки дар ин марҳилаи нави таърихӣ ҳамеша дар фикри ҳифзи ду гавҳари ноёб - истиқлол ва озодии миллати тоҷик бошанд.
Давлатзода Сайфиддин Хайриддин,
ректори ДДБ ба номи Носири Хусрав