Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Таҳаввулоти Қазоқистон ба кишварҳои минтақа чӣ таъсир дорад?


Таҳаввулоти Қазоқистон ба кишварҳои минтақа чӣ таъсир дорад?



Ифротгароӣ ва терроризм барои суботи дохилии кишварҳои Осиёи Марказӣ хатари калон доранд. Бисёр муҳим аст, ки пеши роҳи бо ҳам ҳамкорӣ намудани ифротгароён ва террористони дохилию хориҷӣ ба тарзи эътимодбахш гирифта шавад. Ҷавонон, ки ҳанӯз таҷрибаи кофии зиндагӣ надоранд, метавонанд ба зудӣ фирефтаи ташвиқи ифротгароён шаванд. Аз ин рӯ, бо онҳо корбурди ҳамешагии идеологӣ аз аҳамият холӣ нест. Муҳим он аст, ки тафаккури ифротӣ заминаи паҳншавӣ надошта бошад ё ин замина бояд маҳдуд гардонида шавад.

Дар ҳодисаҳои фоҷиабори Қазоқистон гурӯҳҳои террористию ифротие, ки дар хориҷи кишвар амал мекунанд, даст доранд. Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев дар суханрониҳои худ 2-7 январи соли 2022 ба ин ишораҳо намуд. Исёни январӣ дар Қазоқистон ашхоси ифротию террористонро аз хориҷ ба худ ҷалб намуд. Тарзи истифодаи технологияҳои мухталиф, аз қабили бастани пеши роҳи мошинҳои ҳарбӣ, тарзи ҳуҷум, усули ба тарафи “халқ” моил намудани афсарону аскарон, ваҳшиёна қатл намудани полисҳо ва ҳарбиён гувоҳи алоқаи қавӣ доштани исёнгарони Қазоқистон бо ҳаракату ташкилоти террористии хориҷист. Дастгирӣ ва ҷонибдорӣ аз террористону ифротиёне, ки дар Қазоқистон даст ба ғоратгарию дуздӣ заданд, дар фазои маҷозии баъзе давлатҳои пасошӯравӣ ба таври густурда ба роҳ монда шуда буд. Ин ҷонибдорон аз майдонҳои маҷозии Фейсбук, Твиттер, даҳҳо телеграмм-каналҳо истифода карда истодаанд. Мақсадашон ташаккули афкори зиддидавлатӣ буда, онҳоро доираҳои муайяни хориҷӣ маблағгузорӣ менамоянд.

Дар Қазоқистон вазъият рӯ ба оромӣ оварда истодааст. Аммо ҳанӯз муташанниҷии вазъ эҳсос мешавад. Эътирозҳо 2 январ бо сабаби баланд гардидани нархи гази моеъ оғоз гардида, баъдан ба инқилоби ранга гузаштанд. Задухӯрдҳои бераҳмона дар майдонҳои 14 шаҳри калони мамлакат идома ёфтанд. Дар ибтидо намоишгарон талаботи иқтисодӣ пешниҳод намуданд ва тадриҷан талаботи сиёсӣ, аз қабили истеъфои ҳукумат ва роҳбарияти сиёсии давлатро ба миён гузоштанд.

Амалҳои тазоҳуротгаронро мухолифи 58-солаи Ҳукумати Қазоқистон Мухтор Аблязов роҳбарӣ мекунад. Мухтор Аблязов охири солҳои 90- ум вазифаи Вазири энергетика ва савдои Қазоқистонро ба уҳда дошт. Ситоди ӯ дар шаҳри Киев ҷойгир аст. Аз хориҷ ба Ҳукумати Қазоқистон маслиҳат медиҳанд, ки бо эътирозгарон гуфтушунид оғоз намуда, вазъиятро ҳал намоянд. Президент Қосим — Жомарт Тоқаев доир ба ин масъала чунин изҳор намуд: «Аз хориҷ даъват менамоянд, ки тарафҳо барои ҳалли сулҳомези масъалаҳо гуфтушунид гузаронанд. Чӣ беақлие. Чӣ гуна гуфтушунид бо ҷинояткорон, бо қотилон? Ба мо лозим омад бо ҷинояткорону ғоратгарони тайёридидаю мусаллаҳ кор гирем».

Мутобиқ ба нуктаҳои асосии ҳуҷҷатҳои оинномавии СААД, Президенти Қазоқистон 5 январ ба сарони давлатҳои аъзо муроҷиат намуд, ки барои ҷорӣ намудани тартиботи конститутсионӣ контингенти қувваҳои сулҳпарварро ба Қазоқистон ворид намоянд. Ба кувваҳои сулҳпарвари СААД дар Ҷумҳурии Қазоқистон фармондеҳи қувваҳои десанти ҳавоӣ генерал-полковник Андрей Сердюков роҳбарӣ мекунад.

Қарори давлатҳои аъзои СААД дар бораи расонидани ёрӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон ҷиҳати ҳимояи сохти конститутсионӣ аллакай натиҷа дода истодааст. Федератсияи Русия ба Қазоқистон 3000, Ҷумҳурии Беларус 500, Ҷумҳурии Тоҷикистон 200, Арманистон 70 нафар низомиёнро фиристоданд. Вазъи имрӯзаи Қазоқистон барои русҳое, ки дар шимоли мамлакат зиндагӣ мекунанд, хатар эҷод карда метавонад. Ҳоло дар Қазоқистон тақрибан 3,4 миллион русҳо (18% аҳолии ҷумҳурӣ) ба сар мебаранд.

Ҳодисаҳои 2-7 январи соли 2022 дар Қазоқистон баёнгари онанд, ки ин ҷо таҳаввулоти ҷиддитаре дар ҳоли шаклгирист. Садо баланд кардани гурӯҳҳои ифротӣ дар ин кишвар ба хотири ҷалби миллигароҳо баёнгари он аст, ки ҳам барои Осиёи Марказӣ ва ҳам барои Авруосиё таҳдидҳои ҷиддӣ дар роҳанд. Аммо дар Қазоқистон то ҳол гурӯҳҳои ифротиро ҷиддӣ намегирифтанд ва фикр мекунам, дар шинохти ин гурӯҳҳо талоши ҷиддие анҷом намешуд. Ҳоло аз ин вазъ, гурӯҳҳои норозии дигар ҳам метавонанд истифода кунанд. Аммо фикр мекунам, ки вазъ ором мешавад ва ин ҷо нооромиҳо идома нахоҳанд ёфт.

Ҳар гуна нооромиҳо дар Қазоқистон метавонад ба кишварҳои ҳамсоя таъсири манфӣ расонад, зеро Ҷумҳурии Қазоқистон аз нигоҳи ҷуғрофӣ ва нуфуз калон аст.

Давом дорад...

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода