Надежда бо гулдӯзиву тоқидӯзӣ машҳур гашт
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 11 январ, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳунарҳои мардумӣ / Хабарҳо, Боздид 1 404
Новобаста аз дину мазҳаб ва урфу одат, дар ҷойе, ки одамонаш тамоман ношинос аст, инсон метавонад унс бигирад? Магар, муддати тӯлонӣ дур будан аз волидон, ёру рафиқон ва муҳимтар аз ҳама, тарк кардани зодгоҳи хеш сахт нест? Дар ин матлаб оид ба рӯзгору фаъолияти зани рустаборе, ки беш аз 45 сол ҳамроҳи марди тоҷик ҳамсафари зиндагист, ҳикоя мекунем. Ҳамчунин, ӯ дӯзандаи моҳир буда, даҳҳо шогирдро дар дӯхтани либосу нақшҳои тоҷикӣ омода мекунад.
Волидайни домод арӯси русро чӣ гуна қабул карданд?
Надежда Саидова зодаи шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия буда, 18 сентябри соли 1955 ба дунё омадааст. Нахустин маротиба бо Саидолим Саидов, зодаи ноҳияи Муъминобод, зимни кор дар пахтазаводи Ҷумҳурии Ӯзбекистон шиносоӣ пайдо кардааст. Пас аз як соли кору фаъолият соли 1975 онҳо оила барпо карданд. Худи ҳамон сол зану шавҳар бо як ҷаҳон орзу ба Тоҷикистон омаданд.
Пеш аз омадан холаи Надежда дар ташвиш буд, ки волидони шавҳараш ӯро чӣ гуна қабул мекунанд. Тавре худи ӯ нақл мекунад:
“Як рӯз шавҳарам ҳамоҳи падараш бо телефон суҳбат мекард. Падари шавҳарам гуфт, ки “Духтар агар ба худат маъқул бошад, ба хона овардан гир. Мо розӣ”. Аз ин гуфтаҳои хусурам хеле шод шудам, зеро боварӣ надоштам, ки зани рустаборро қабул мекунанд. Баъди шунидани ин суханон ману шавҳарам ба Тоҷикистон сафар кардем”.
“Меҳру муҳаббатро дар ин ҷо дарёфтам”
Холаи Надежда аз нахустин рӯзҳои ба Тоҷикистон омадан ба таассуроти зиёде рӯ ба рӯ шуд, ки боиси хушҳолиаш гардидааст. Сарҷамъӣ, иттифоқ будани аъзои оила, меҳру муҳаббати одамон нисбати якдигар, суҳбатҳои хотирмон бо ҳамсояҳо дар болои кат барои ӯ таъсир гузоштааст.
-Ҳайрон мешудам, ки чаро одамон аз нафаре, ки шинос нест, ҳолпурсӣ мекунанд. Сонитар фаҳмидам, ки одамони хурд калонсолонро ҳурмат карда, ба онҳо салом медодаанд. Ин рафтори одамон барои ман чизи наву ҷолиб буд. Аз ҳамон рӯзе, ки ба ноҳияи Муъминобод омадам, хонаи мо пури одам мешуд. Бисёр занҳо ва духтарони деҳа ба наздам меомаданд. Онҳо бо ман суҳбат карда, аз лаҳзаҳои дар Русия будан, шинос шудан бо шавҳарам ва ба сухангӯиҳоям диққат дода, ҳаловат мебурданд. Ман низ хурсанд мешудам, ки ҳамаи онҳо ба ман таваҷҷуҳ доранд,-мегӯяд холаи Надежда.
Ба зудӣ роҳу усулҳои аз худ кардани забони тоҷикӣ, пухтани хӯрокҳои миллӣ, аз бар кардани урфу одат ва фарҳанги халқи тоҷикро омӯхт. Яке аз мувафаққиятҳои холаи Надежда ин аз худ кардани ҳунари кӯрпачадӯзӣ, тоқидӯзӣ ва гулдӯзӣ мебошад.
-Ман ин ҳунарҳоро аз хоҳари шавҳарам ёд гирифтам. Вақте ӯ аз матоъҳои гуногун ҳар чиз медӯхт, дар як кунҷи хона нишаста, ба ӯ нигоҳ карда менишастам. Баъдан, як рӯз худам матои куҳнашударо гирифтаму як куртача дӯхтам. Ба хоҳаршӯям нишон додам, ки ӯ аз ҳунари гулдӯзии ман дар тааҷҷуб монд. Зеро дар қадами аввал бе ягон хатоӣ дӯхтам. Аз ҳамон вақт инҷониб, дар рӯи матоъҳо тибқи нақшаву ороишоти худам ҳар гуна либосу кӯрпаворӣ ва тоқӣ медӯзам,-бо лаҳни ширини тоҷикӣ гуфт Надежда Саидова.
Қаҳрамони матлаби мо аз ҳисоби ҳунарҳояш дар баробари шавҳар дар беҳшавии вазъи иқтисодии хонавода саҳм мегузорад. Ҳаёт ва зиндагӣ дар Тоҷикистон барои ӯ маънии бузурге пайдо кард. Ҳар вақте ба Федератсияи Русия барои хабаргирии наздиканаш равад, бисёр истода наметавонад. Зеро бо Тоҷикистони биҳиштосою мардуми шарифаш будан одат кардааст.
Дар давоми суҳбати гарму ширин холаи Надежда аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри рушди ҳунарҳои милливу мардумӣ ёдовар шуд. Махсусан, аз дастгириҳои раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода арзи миннатдорӣ намуда, изҳор дошт, ки бояд ҳар як зан аз ин таваҷҷуҳу ғамхориҳо истифода бурда, ҳунару фарҳанги миллати тоҷикро мисли чакан ҷаҳонӣ гардонад.
Фирдавс УМАРОВ, “Хатлон”