А. Абдуллозода шаҳрванди фахрии Бохтар шуд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 25 декабр, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 972
Ба Аловуддин Абдуллозода, Ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, унвони ифтихории Шаҳрванди фахрии шаҳри Бохтар дода шуд.
Ин иқдом дар иҷлосияи нуҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар, даъвати шашум, ки 24 декабри соли равон дар толори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар баргузор гардид, сурат гирифт.
Дар кори иҷлосия Файзуллозода Заробиддин Қудрат, муовини раиси вилояти Хатлон, Саломзода Сиҷоуддин, раиси шаҳри Бохтар, муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, вакилон ва фаъолон иштирок доштанд.
Тибқи иттилои расмӣ, дар кори ҷаласа вакилон пешниҳоди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтарро дар бораи ба Сироҷиддин Валиев, собиқ раиси шаҳри Бохтар, Аловуддин Абдуллозода, сардори Раёсати Фарҳанги вилояти Хатлон ва Шаҳринисо Шералиева, коргузори прокуратураи шаҳри Бохтар, додани унвони шаҳрванди фахрии шаҳри Бохтар баррасӣ намуда, онро дастгирӣ карданд.
Ёдовар мегардем, ки ҳамчунин собиқадорони меҳнат ва ходимони намоёни давлатию ҷамъиятӣ Аҳмадҷон Ализода, Тутихон Назарова, Хатича Ализода, Муҳаммадӣ Ҳамроев ва дигарон дорои унвони Шаҳрванди фахрии шаҳри Бохтар мебошанд.
Ф. Давлат, “Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00