«Бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад»
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 25 декабр, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Маориф ва илм / Номаҳои Шумо / Хабарҳо, Боздид 2 230
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи маориф ва татбиқи барномаи ислоҳоти соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин қайд намуданд: “Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи маориф ва таълиму тарбияи насли наврас ҳамеша аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад”.
Маҳз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки дар китоби таърихи мактабу маориф, мактабшиносӣ ва рушди бемайлони соҳаи маориф саҳифаи нав боз гардад. Пешвои миллат зимни ирои Паёми навбатӣ чунин таъкид намуданд: “Дар замони соҳибистиқлолӣ шумораи ҷавонони боистеъдоде, ки барои таҳсил ба хориҷи кишвар фиристода мешаванд, сол ба сол афзоиш ёфта, дар соли таҳсили 2021 ба беш аз 42 ҳазор нафар дар 25 давлати хориҷӣ расидааст. Ҳар сол беш аз 5 ҳазор нафар ҷавонони боистеъдоди мо барои таҳсил ба мактабҳои олии хориҷи кишвар фиристода мешаванд”.
Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти кишвар тайи солҳои соҳибистиқлолӣ бо дарназардошти анъанаҳои ғании маорифчиёни кишвар бо роҳи гузаронидани ислоҳоти мухталиф ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардид. Ҳамчунин, дар замони соҳибистиқлолӣ як қатор қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардиданду сиёсати давлатиро дар соҳаи маориф муайян намуданд, ки он аз таваҷҷуҳи бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин соҳаи муҳимми давлатдорӣ дарак медиҳад.
Дар давоми солҳои соҳибистиқлолии кишвар аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии бевоситаи Пешвои миллат ҷиҳати сохтмони муассисаҳои таълимии нав ва бунёди синфхонаҳои иловагӣ дар кишвар корҳои назаррас анҷом дода шудааст. Мавриди зикр аст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ дар кишвар 173 муассисаи таълимии типи нав – литсей, гимназия, мактаби президентӣ, мактаби байналмилалӣ ва муассисаҳои таълимӣ барои хонандагони болаёқат, инчунин, 196 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва умумии хусусӣ бунёд гардида, ба истифода дода шуданд.
Исуфхон Галиев, омӯзгор