Раҳнамои мо
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 25 декабр, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Номаҳои Шумо / Хабарҳо, Боздид 794
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” раҳнамои мардуми шарифи Тоҷикистон мебошад. Он моро ба корнамоиҳои нав ба нави меҳнатӣ, ободониву созандагии Ватани азизамон, зиндагии шоистаи аҳолӣ ҳидоят менамояд.
Сарвари давлат дар баробари дигар соҳаҳо ба мақомоти судӣ низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, барои бо масъулияти баланди касбӣ иҷро кардани вазифаҳои хизматӣ, баррасии саривақтӣ, ҳамаҷониба, пурра ва холисонаи парвандаҳои судӣ ва ғайра дастур доданд.
Пешвои миллат дар Паём ёдовар шуданд, ки аз 30 апрели соли 2004 дар кишвари азизамон ба ҷазои ҳукми қатл мораторий эълон карда шуда, он то инҷониб дар амал татбиқ шуда истодааст. Ҳамзамон, дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 17 маротиба қонунҳо дар бораи авфи ашхоси ҷиноятсодирнамуда қабул карда шуданд ва 4 маротиба қонунҳои авфи амвол, яъне қонунигардонии молу мулк татбиқ карда шудаанд. Қабул гардидани чунин санадҳои муҳим далели сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат барои рушди минбаъдаи Тоҷикистони азизамон мебошад.
Дар ҷавоби дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат ба мақомоти судӣ мо-кормандони ин ниҳод кӯшиш мекунем, ба касби хеш содиқ бошем, вазифаҳои хизматиро бо масъулияти баланд ва поквиҷдонона иҷро намоем.
Ҳабибулло Сайдализода,
судяи Суди вилояти Хатлон