Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Дар Бохтар нархи ангишт 70 дирам шуд


Дар Бохтар нархи ангишт 70 дирам шуд



Корвони иборат аз 25  мошини боркаши ҳомили зиёда аз 1000 тонна ангишт, ки аз ҷониби Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоқикистон ва Корхонаи воҳидии давлатии “Ангишти тоҷик” ташкил шудаанд, ба шаҳри Бохтар расид.

Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоқикистон ва КВД “Ангишти тоҷик” бо корхонаҳои зертобеи худ намоиш-фурӯши ангишти ватаниро бо нархи нисбатан арзон имрӯз, 14-уми декабр дар назди Терминали мусофиркашонии шаҳри Бохтар роҳандозӣ намуданд.  
Дастандаркорони ин иқдом мақсад аз ташкил намудани ин гуна ярмаркаро “ба танзим даровардани нархи фурӯши ангишт дар бозорҳои тамоми минтақаҳои Тоҷикистон  ва дар фасли сармо кӯмак ба аҳолии мамалакат” унвон доданд.

Нархи маҳсулоти дар ярмарка ба фурӯш гузошташуда нисбати нархи бозор як баробар арзон буда, арзиши 1 килограмм ангишт 70 дирамро ташкил медиҳад.  Сокинони шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар то қадри имкон ангишт харидорӣ мекунаду барои хуб сипарӣ намудани давраи зимистони имсола омодагӣ мебинанд. Мақсад дорем, ки ин гуна ярмаркаҳоро дар дигар минтақаҳои кишвар низ ташкил намуда, ангишти хушсифатро бо нархи дастрас пешкаши мардум гардонем- гуфт зимни суҳбат Ҳусейн Асоев, муовини директори генералии “Ангишти тоҷик”. 

Маҳмуд Довудов, сокини ноҳияи Кӯшониён дар сӯҳбат бо рӯзномаи “Хатлон” иброз дошт, ки “чанд рӯз пеш аз бозор бо маблағи 1 сомонию 30 дирам ангишт харидорӣ намудем.  Имрӯз аз ин ҷо мегузаштам, дидам, ки ангишт 70 дирам шудааст. Нархи арзон ангишти хушсифат, ки буд, харидам.”

Ният доштам, ки барои аз сардиҳои зимистон эмин доштаи аҳли оилаам ба шаҳри Ҳисор рафта, ангишт биёрам.  Раҳмат  ба Президенти мамлакат ва раҳмат ба он шахсоне, ки ин ярмаркаро ташкил намудаанду моро аз ташвишҳои зиёдатӣ раҳо намуданд, афзуд ӯ.
Иттилоъ дода шуд, ки ҳар як харидор бо миқдори муайяни то 10 халта ангиштро метавонад харидорӣ намояд. Масъулин ҳадаф аз ҷорӣ кардани ин меъёрро “дар баробар расидани ангишт ба харидорон ва дастрас шудани ангишти арзон ба теъдоди ҳарчи бештари аҳолӣ” гуфтанд.

Ин гуна ярмарка дар минтақаи Кӯлоб ва ноҳияи Дарнғараи вилояти Хаттлон низ ташкил карда шудааст. 

Мавриди зикр аст, ки ташкили намоиш-фурӯши маҳсулоти сӯзишворӣ, аз қабили ангишт дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва инчунин, бо мақсади иҷрори Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №101, аз 3-юми апрели соли 2021 “Оид ба давраи тирамоҳу зимистонгузаронии  солҳои  2021-2022” роҳандозӣ гардидааст.

Набиҷони САИДАБРОР  “Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода