Мактаби эътирофшудаи рӯзноманигорӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 30 ноябр, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Номаҳои Шумо / Хабарҳо, Боздид 2 001
Имрӯз аз таъсиси нахустин шумораи рӯзномаи «Хатлон» – нашрияи расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон 90 сол сипарӣ мешавад.
Рӯзномаи «Хатлон» дорои таърихи қадима ва мактаби эътирофшудаи рӯзноманигории тоҷик буда, дар 90 соли арзи ҳастӣ карданаш барои рушди вилоят, дар маҷмуъ Тоҷикистони азиз, таблиғу ташвиқи ғояҳои ободкорию созандагии давлат ва таҳкими сулҳу ягонагӣ саҳми беандоза гузоштааст.
Нашрия, ки дар гузашта бо номҳои «Сохтмони зарбдори Вахш», «Ҳақиқати Кӯлоб», «Роҳи ленинӣ», «Коммунисти Қӯрғонтеппа», «Ҳақиқати Хатлон», «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа», «Навиди Вахш» рӯйи чоп меомад, ҳанӯз соли 1931 («Сохтмони зарбдори Вахш») ва тибқи маълумоти манбаъҳои дигари таърихӣ, солҳои 1932 ва 1933 дар водии Вахшу минтақаи Кӯлоб таъсис ёфта, охири солҳои 80-уму аввали солҳои 90-ум, дар натиҷаи якҷоя шудани ду вилоят – Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб идораи ин ду нашрия ба ҳам омада, номи рӯзнома ҳам номи вилояти нав – «Хатлон»- ро гирифт.
Метавон гуфт, ки нашрияи мазкур ба журналистикаи минтақавӣ дар ҳудуди имрӯзаи вилояти Хатлон замина гузоштааст. Нашрия, махсусан, дар самти инъикоси масъалаҳои вобаста ба бунёди иншооту сохтмонҳои азим, ташкили ҳаёти нав ва масоили адабиву фарҳангӣ нақши созанда ва пешоҳанг дошт. Дар саҳифаҳои рӯзнома, асосан, меҳнати пурмашаққати бинокорони сохтмони Вахш дар солҳои 30-юми қарни пешин, кору зиндагии фотеҳони водӣ, муҳимтарин масъалаҳои марбут ба зиндагӣ, таъриху тамаддун, фарҳангу адаби тоҷик инъикос меёфтанд. Журналистони шинохтаи тоҷик Насрулло Абдуллоев, Мирсаид Миршакар, Сафо Ашӯров, Бӯриннисо Бердиева, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Муқим Абдураҳмонов, Пиримқул Сатторӣ, Абдулло Муродов, Акбар Муслимов, Ғаффор Мирзо, Ҳақназар Ғоиб, Фотеҳ Ҳомидов, Ашӯр Сафар, Мисралӣ Сониев, Олимҷон Ёрасенов, Аскаралӣ Набиев, Қувваталӣ Холов, Саидалӣ Бобохонов, Файзалӣ Чориев, Саломиддин Мирзораҳматов, Шамсиддин Муҳаммадиев, Бобоҷон Абдулвоҳидов, Шералӣ Яҳёев ва даҳҳо нафари дигар бо навиштаҳои пурмуҳтавои худ дар бедории мардум ва баланд рафтани сатҳи маърифатнокии онон саҳми беандоза гузоштаанд.
Бо қаноатмандӣ бояд зикр кард, ки журналистони рӯзномаи «Хатлон» дар радифи дигар матбуотчиёни кишвар ҷиҳати инъикоси воқеии зиндагӣ, рушду тараққии хоҷагии халқ, дастоварду навгониҳои вилоят маҳорат, донишу малакаи хешро дареғ намедоранд.
Онҳо ҳамдилу ҳамқисмати мардуми вилоят буда, барои ба меҳнати созандаю бунёдкорона ба хотири шукуфоии диёр ҳидоят намудани омма, ба мардум расондани ҳадафҳои наҷиб, сиёсати хирадмандона ва башардӯстонаи Роҳбари давлат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҳиссаи сазовор мегузоранд.
Ҳайати эҷодиву техникӣ ва кулли алоқамандони «Хатлон»- ро ба муносибати 90-солагии таъсиси нашрия сидқан муборакбод гуфта, ба онҳо комёбиҳои эҷодӣ ва рӯзгори ободу осуда орзумандам!
Қурбоналӣ Раҳмонзода,
сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷумҳурият»