Ифтитоҳи Чойхонаи “Чилчанор” дар ноҳияи Ховалинг
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 04 октябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Туризм / Хабарҳо, Боздид 1 841
3 октябр дар маркази ноҳияи Ховалинг Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои замонавии Чойхонаи “Чилчанор”-ро ба истифода доданд.
Иншоот дар доираи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ - 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълони солҳои 2019-2021, ҳамчун “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Исмоил Садиров бо риояи унсурҳои хоси санъати меъмории миллӣ бо тарҳи муосир сохта шудааст.
Чойхонаи “Чилчанор” аз ду ошёна ва таҳхона иборат мебошад ва корҳои сохтмониро дар он 60 нафар мутахассиси маҳаллӣ дар муҳлати кӯтоҳ босифати баланд ба анҷом расонидаанд.
Дар чойхона шароити хуби хизматрасонӣ ба сайёҳону меҳмонони хориҷӣ ва муаррифии таомҳои миллии тоҷикона муҳайё мебошад.
Дар бинои муосири хизматрасонӣ ба мизоҷон асосан хӯрокҳои миллӣ дар сатҳи баланд омода ва пешниҳод гардида, дар як вақт имкони хизматрасонӣ ба 280 нафар мавҷуд аст.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани чойхонаи муосир дар ноҳияи Ховалинг 10 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.
Намои дохилӣ ва берунии чойхона бо шаклу унсурҳои хоси миллӣ ва муосир оро ёфта, ба маркази ноҳия зебоии хоса зам менамояд ва таваҷҷуҳи сайёҳону меҳмонони дохилӣ ва хориҷиро ба худ бештар ҷалб месозад.
Ғайр аз бинои асосӣ дар атрофи он низ барои қабули мизоҷон, махсусан меҳмонону сайёҳони хориҷӣ беҳтарин шароит фароҳам карда шуда, 4 айвончаи кандакоришуда бо санъати хоси миллӣ гузошта шудааст.
Барои табъи болидаи мизоҷон саҳни бинои чойхона ва атрофи он бо гулҳои рангоранг ва ниҳолҳо оро ёфтааст.
Дар чойхонаи замонавӣ ҳамчунин барои гузаронидани тўй ва дигар чорабиниҳои фарҳангӣ дар асоси талаботи қонунҳои миллӣ шароити мусоид муҳайё мебошад.
Масоҳати умумии замини Чойхонаи “Чилчанор” 0,50 гектарро дар бар гирифта, худи бинои хизматрасонӣ дар майдони 1200 метри мураббаъ сохта шудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоии пурра бо шароити хизматрасонӣ ба мизоҷон дар Чойхонаи “Чилчанор” дар ҳамин ҷо бо 30 нафар ятими кулл аз ноҳияҳои Ховалинг ва Балҷувон, ки бо амри тақдир аз падару модар маҳрум мондаанд, мулоқоту суҳбати самимӣ анҷом дода, ба онҳо туҳфаҳо, аз ҷумла сару либос ва шириниҳо тақдим намуданд.
http://president.tj/