Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Ба истифода додани Боғи Парчами давлатӣ дар шаҳраки Баҳманрӯди ноҳияи Темурмалик


Ба истифода додани Боғи Парчами давлатӣ дар шаҳраки Баҳманрӯди ноҳияи Темурмалик



23 сентябр дар ноҳияи Темурмалик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар маркази ноҳия яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ - Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.


Майдони Парчами давлатӣ дар масоҳати умумии 10 ҳазору 257 метри мураббаъ бунёд гардида, қомат афрохтани Парчам ба симои ноҳия ҳусну таровати тоза зам менамояд.

Баъди ба истифода додани Майдони Нишон ва Парчами давлатӣ акнун барои истироҳату фароғати сокинони ноҳияи Темурмалик имконияти хуб фароҳам гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки баландии Парчам бо дарназардошти сутунпояи он 50 метрро ташкил дода, дарозӣ ва паҳноии матои он 14 ба 7 метр мебошад.

Корҳои бунёдкорӣ дар Боғи Парчами давлатӣ соли 2018 оғоз гардида, он дар муҳлати муайянгардида ва бо сифати баланд ба итмом расонида шуд.

Аснои шиносоӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сифати корҳои анҷомёфта изҳори қаноатмандӣ намуда, қомат афрохтани Парчами давлатиро дар маркази ноҳия иқдоми нек ва наҷибона хонданд.

Мавриди зикр аст, ки иншооти мазкур бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик ва ҷалби соҳибкорони ватандӯст бунёд ёфта, дар рафти корҳои сохтмонӣ мутахассисони маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардиданд.

 Роҳравҳои ҳудуди боғ дар масоҳати 2600 метри мураббаъ сафолакпӯш шуда, дар шафати он 3 фавораи замонавӣ ва 82 чароғаки равшанидиҳанда насб шудааст, ки ҳангоми сайругашти шабона хеле зебо ба назар мерасад.

Ҷиҳати зебою назаррабо гардидани Боғи Парчами давлатӣ 500 ниҳоли ҳамешасабзи арча, 200 дарахти ороишии маҳаллӣ ва хориҷии навъҳои “Магнолия”, “Клён” ва “Каштан” шинонида шуда, атрофи Парчам бо деворнигораҳои замонавӣ иҳота гардидааст, ки инъикоскунандаи расму оинҳои миллӣ мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз корҳои анҷомдодашуда изҳори қаноатмандӣ намуда, ба ҳиммати фарзандони бонангу номуси миллат, ки дар ободӣ ва пешрафти Тоҷикистон саҳми муносиби худро мегузоранд, баҳои баланд доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки ҳамин гуна корҳои ободонию бунёдкорӣ дар дигар деҳоти ноҳияи Темурмалик идома дорад.

http://president.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода