Ифтитоҳи тарабхонаи «Сайди Хосор» дар ноҳияи Балҷувон
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 23 сентябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Туризм / Ҳунарҳои мардумӣ / Хабарҳо, Боздид 1 376
23 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Балҷувон тарабхонаи «Сайди Хосор»-ро ба истифода дода, бо имконоти муосири хизматрасонӣ дар он шинос шуданд.
Иншооти муосири хизматрасонӣ дар доираи тадбирҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашнӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», солҳои 2019-2021 бо истифода аз санъати хоси меъмории миллӣ бунёд гардидааст.
Тарабхонаи «Сайди Хосор» аз ду ошёна иборат буда, дар асоси дастгириҳои ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз бахши хусусӣ бо ташаббуси соҳибкори ватанӣ Насимҷон Сатторов сохта шудааст.
Корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот соли 2019 оғоз гардида, то 50 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кори муваққатӣ ва маоши хуб таъмин буданд. Акнун бо мавриди истифода қарор гирифтани он 15 нафар бо шуғли доимӣ фаро гирифта шуда, барои ташкили хизматрасонӣ, баргузории тӯйю маъракаҳои хурсандии сокинон ва дигар чорабиниҳо имкони хуб муҳайё гардидааст.
Дар тарабхона ба мизоҷон асосан хӯрокҳои миллӣ ва замонавӣ аз сайдҳои гуногун омода ва пешниҳод гардида, дар он имкони хизматрасонӣ ба 200 нафар дар як вақт мавҷуд мебошад. Намои дохилӣ ва берунии иншоот бо шаклу унсурҳои хоси миллӣ ва муосир оро ёфта, ба маркази ноҳия зебоии хоса зам менамояд.
Тарабхона дар соҳили дарёи «Талхак», яке аз мавзеъҳои зебоманзари ноҳия ҷойгир буда, таваҷҷуҳи сайёҳону меҳмонони дохилӣ ва хориҷиро ба худ бештар ҷалб месозад.
Ноҳияи Балҷувон дорои мавзеъҳои зиёди таърихию сайёҳӣ мебошад ва сохта ба истифода додани чунин иншоот ба манфиат буда, дар самти муаррифии меҳмондории хоси тоҷикона ва санъати меъмории миллӣ ба сайёҳону меҳмонони хориҷӣ мусоидати зиёд мекунад.
Ба таъкиди масъулон мавриди истифода қарор гирифтани иншооти хизматрасонии «Сайди Хосор» дар рушди инфрасохтори соҳаи сайёҳии ноҳияи Балҷувон, такмили низоми хизматрасонӣ ва дар ин асос барои ҷалби бештари таваҷҷуҳи сайёҳону меҳмонони дохилию хориҷӣ замина мегузорад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида дар иншооти нави хизматрасонӣ барои сайёҳон ва меҳмонони дохилию хориҷӣ иқдоми соҳибкори ватаниро шоёни таҳсин хонда, ба масъулон ҷиҳати рушди соҳаи туризм ва фароҳамсозии инфрасохтори боз ҳам беҳтар дар ин гӯшаи зебоманзари мамлакат дастуру маслиҳатҳои судманд доданд.
http://president.tj/