Н. Ҳамроқулов: Ҳадафи мо танҳо ғалаба кардан аст
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 10 сентябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 1 064
Имрӯз, 10 сентябр барои иштирок дар бозии даври 1/4 ниҳоии Париматч Ҷоми Тоҷикистон-2021 ҳайати дастаи "Хатлон" ба шаҳри Хуҷанд сафар карданд.
Дар суҳбати телефонӣ бо мо ҳамлагари дастаи "Хатлон" Нуриддин Ҳамроқулов, ки айни ҳол дар шаҳри Хуҷанд қарор доранд аз ҳадафи иштирокашон дар ин бозӣ чунин гуфт:
“Мо аз ҳамаи неруямон истифода мебарем, то баҳри мухлисони хеш бозии намунавӣ нишон диҳем. Ҳадафи мо дар ин бозӣ ғалаба кардан ва ба даври минбаъда роҳ ёфтан аст. Мехоҳем, ки ба шаҳри худ бо сари баланд баргардем”.
Ёдовар мешавем, ки дар доираи бозиҳои даври 1/4 ниҳоии Париматч Ҷоми Тоҷикистон-2021 дастаи "Хатлон"-и шаҳри Бохтар бо тими "Хуҷанд"-и шаҳри Хуҷанд рақобат мекунад. Бозии дастаҳо фардо, 11 сентябр дар варзишгоҳи "20- солагии Истиқлолияти Тоҷикистон"-и шаҳри Хуҷанд баргузор мегардад.