Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!


30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!



Паёми табрикии раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба муносибати
30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамватанони азиз!
 
Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон аст.
 
Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи миллати тоҷик дастоварди бузург буда, он баъд аз шикасти давлати бузурги Сомониён орзуи деринаи аҷдодони гузаштаамон буд, ки бо ҳукми таъриху сарнавишт дар охири асри ХХ амалӣ гардид. Вале бадхоҳону кинаварзон барои халалдор кардани фазои кишвар тухми кину адоват, якдигарбадбиниро кишта, хори зулмат сазонидаанд. Муноқишаҳои дохилӣ боиси касодии иқтисодӣ, фарҳангӣ, талафоти ҷонӣ, парешонӣ, яъсу ноумедиҳои мардумро ба бор овард.
 
Баргузор гардидани Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Шӯрои вақт интихоб гардидани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як навъ фараҳмандӣ, шодию нишот ва умеду ормонро дар қалби мардуми ба гирдоби хатар дучоромада бедор намуд.
 
Хиради азалии миллати тоҷик дар ҳамон рӯзҳои басо мушкилу хатарзо рӯйи кор омада, дар симои Раиси тозаинтихоб роҳнамо ва як фарди қавииродаву худогоҳро дарёфт намуданд, ки асоси пояи сулҳу ваҳдатро дар қалби мардум гузошта, аз нахустсуханҳояш эҳсоси гарми ватандӯстию худшиносии миллӣ баръало ҳувайдо буд.
 
Чун Тоҷикистони азиз қадамҳои нахустини хешро дар ҷодаи Истиқлолият мегузошт ва дар он давр тавоноии сиёсиву мудофиавӣ, иқтисодию иҷтимоии давлат фалаҷ гардидаву қавӣ набуд, танҳо иродаи матин ва садоқати ватандӯстии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иттиҳодию ҳамбастагии халқи Тоҷикистон буд, ки дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ ба сулҳу ваҳдати комил расидем ва зиндагӣ ба маҷрои аввала баргашт.
 
Набояд фаромӯш кард, ки таҳкими Истиқлоли давлатӣ фақат дар заминаи эҳсоси баланди ватанхоҳӣ ва ворисияти бошууронаи мардуми он пойдор монда метавонад. Таҷрибаи таърихӣ ва давлатсозии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли 30 соли Истиқлоли давлатӣ нишон дод, ки маҳз ин ду омил имконият медиҳанд, то тамоми мушкилиҳо ва монеаҳое, ки дар раванди таҳкими таърихсозӣ ба вуҷуд меоянд, бе рӯҳафтодагӣ ва боҷуръатона паси сар карда мешаванд.
 
Дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ миллати сарбаланди тоҷик тавонист таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат иттиҳоду сарҷамъ гардида, ба ҳадафҳои олии сиёсиву иқдисодӣ ва иҷтимоӣ ноил гардад.
 
Мо эҳсос менамоем, ки имрӯз ҷаҳониён таҷрибаи сулҳофарии тоҷиконро ҳамчун падидаи нави таърихӣ пазируфта, бо ҳидояти коршиносону ҷомеашиносон дар минтақаҳои ноамни ҷаҳон ҳамчун мактаби сулҳофарӣ истифода мебаранд.
 
Дар зарфи 30 соли Истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла вилояти Хатлон, ба рушди устувори иқтисодӣ ноил гардида, сатҳи камбизоатӣ ба таври чашмрас коҳиш ёфт, садҳо корхонаҳои нави истеҳсолию саноатӣ, муассисаҳои замонавии таълимию тиббӣ, роҳу пулҳо бунёд, садҳо ҳазор нафар бо ҷойи кор ва маоши муносиб таъмин гардиданд.
 
Имрӯз ҳам, чун тамоми мардуми шарифи кишвар, аҳли заҳмати вилояти Хатлон дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои маҳбубу муаззами миллат ҷиҳати истиқболи сазовори Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагию бунёдкориро вусъати тоза бахшидаанд. Бо ҳидояту роҳнамоӣ ва дастгирии бевоситаи Сарвари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар зарфи сеюним соли охир дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бунёду азнавсозии қариб ҳашт ҳазор иншооти таъйиноти гуногун далели возеҳи ин гуфтаҳост.
 
Вилояти Хатлон дар давоми солҳои соҳибистиқлолии кишвар дар баробари дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ бо қадамҳои устувор роҳ ба сӯйи музаффарияту комёбиҳо пеш гирифтааст.
 
Эълон гардидани сисолагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби Пешвои миллат боиси боз ҳам рушду пешрафт ва ободу шукуфон гардидани ҳар як гӯшаву канори ватани азизамон гардид. Махсусан бо ифтихор метавон гуфт, ки мардуми сарбаланди вилояти Хатлон атрофи ғояҳои ватандӯстонаи Пешвои миллат сарҷамъ гардида, баҳри амалишавии дастурҳои Роҳбари давлат камари ҳиммат бастаанд.
 
Дар вусъати корҳои ободонию созандагии шаҳру ноҳияҳои вилоят, бахусус ноҳияҳои дурдаст, ки дар даврони Шӯравӣ ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта будаанд, саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони гурӯҳҳои кории 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳибкорону шахсони эҳсонкор шоистаи таҳсину дастгирист.
 
Бунёди иншооти бисёрошёнаи замонавӣ, коргоҳу корхонаҳо, роҳҳо ва пулҳо, марказҳои таълимию тиббӣ, фарҳангӣ, толору майдончаҳои варзишӣ, сартарошхонаю кошонаҳои ҳусн, ҳаммому нуқтаҳои касбомӯзӣ барои тамоми табақаи ҷомеа ба фаъолият оғоз намуда, шароити муносиби хизматрасонӣ дар маҳал фароҳам оварда шуда, мутахассисон соҳиби ҷойҳои нави корӣ гардидаанд.
 
Ба кулли соҳибкорон, шахсони эҳсонкор ва тамоми мардуме, ки дар ин раванд саҳми муносиби худро гузоштаанд, изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, боварӣ дорам, ки дар оянда низ барои рушду тараққиёти бештари вилоят иқдомҳои неку тозаро пайгирӣ менамоянд.
 
Сокинони вилояти Хатлон ин ҳама дастоварду пешрафти бузургро аз баракату кӯшишҳои рӯзафзун ва собитқадамонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи мустаҳкам намудани музаффариятҳои Истиқлолияти Тоҷикистон, сулҳу салоҳ, осоишу ободӣ ва сарбаландии халқу Ватани азизамон арзёбӣ мекунанд.
 
Бо мақсади ҳифзи ин дастовардҳо барои ҳар як фарди вилоят имрӯз иттиҳоду ягонагӣ ва ваҳдати миллӣ, маърифати баланду огоҳии сиёсӣ, худшиносиву эҳсоси ватандорӣ аз ҳарвақта дида, бештар зарур ва муҳим мебошад.
 
Фарҳангу маърифати баланди сиёсӣ, ватандӯстиву ватандорӣ, ки яке аз рукнҳои асосии ташаккули давлатдорӣ ва худшиносии миллӣ мебошад, ҳар як ватандӯстро водор месозад, ки ифтихор аз Ватан, миллат, таъриху мероси фарҳангӣ дошта бошад ва ба арзишҳои умумибашарӣ, дастовардҳои фарҳангии халқу миллатҳои дигар, пешрафти илму техникаи муосир эҳтиром гузошта, аз онҳо баҳра бардорад ва ба манфиату пешрафти Тоҷикистон равона созад. Бояд насли наврас ва ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ, садоқат ба анъанаву суннатҳои таърихиву фарҳангии миллат ва эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ тарбия намоем.
 
Зеро ҳаёт ва таҷрибаи давлатҳои ҷаҳон нишон медиҳад, ки дар он ҷое, ки ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳу осоиш ва ваҳдати миллӣ арзи вуҷуд дорад, тараққиёт, пешравӣ ва маданияти баланду рӯзгори осуда мавҷуд аст.
 
Бо ҳамин ниятҳои нек Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои кулли ҳамватанон бори дигар муборакбод гуфта, итминон дорам, ки мардуми тамаддунофари мо таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба дастовардҳои бузург, рушду нумӯъ, шукуфоӣ ва дигаргуниҳои азим ноил гардидан минбаъд низ меҳнати пурсамару аҳлонаро идома медиҳанд.
 
Ба халқи сарафрозу бовиқори Хатлонзамин саодати рӯзгор, пирӯзмандӣ ва ба Тоҷикистони азиз сулҳу субот ва пешрафту шукуфоиро орзумандам.
 
Ҷашни бузурги таърихии миллат ҳумоюн бод, ҳамдиёрони азиз!

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода