Энергетика дар 30 соли соҳибистиқлолӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 06 сентябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 1 575
Дар давоми 30 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ бо ташаббус ва дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Хатлон корҳои зиёде ба анҷом расонида шуд. Пешвои миллат борҳо таъкид намуданд, ки рушди мунназзами иқтисодиёти мамлакат бе истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини пурраи ҳамаи соҳаҳо бо неруи барқ ғайриимкон аст.
Дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ мардуми кишвар дар хунуктарин фасли сол ҳамагӣ як-ду соат барқ мегирифтанд. Ҳатто баъзе аз рӯзҳо мардум умуман бебарқ мемонданд. Корхонаҳои барои мардум ҳаётан муҳим – мактабҳо, беморхонаҳо ва корхонаҳои саноатӣ бинобар ҷорӣ будани лимити барқ қисман фаъолият мекарданд. Ҳамаи ин, албатта ба шароит ва сифати зиндагии мардум, рушди иқтисод таъсири манфӣ мерасонад. Вобаста ба ин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини истиқлолияти энергетикиро яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар қарор дода, барои расидан ба ин ҳадафи муҳим тамоми захираву имкониятҳоро равона намудааст. Коршиносони соҳа бар он назаранд, ки барои расидан ба ин ҳадафи стратегӣ Президенти мамлакат як қатор дастурҳо ҷиҳати сохтани силсила неругоҳҳои барқии обии нав дар дарёи Вахш ва дигар дарёҳои кишвар супоришҳои мушаххас додаанд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ якчанд неругоҳ ба фаъолият оғоз намуданд.
Дар давраи соҳибистиқлолии кишвар бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷи лоиҳаҳои ҳаётан муҳимми энергетикӣ, ба монанди Неругоҳи барқи обии “Сангтӯда-1”, Неругоҳи барқии обии “Сангтӯда-2”, хатҳои интиқоли барқи «Ҷануб-Шимол» ва «Лолазор-Хатлон», хатти интиқоли барқи байни Тоҷикистону Афғонистон, корҳои барқарорсозӣ ва сохтмони хатти баландшиддати «КАСА-1000» ва таҷдиду навсозии иншооти амалкунандаи энергетикӣ амалӣ гардида истодаанд, ки ин як қадами ҷиддӣ ба сӯи истиқлолияти энергетикӣ мебошад.
Бунёди ду иншооти бузурги асрБо бунёд ва ба истифода додани ду иншооти бузурги аср дар замони соҳибистиқлолии кишвар, аз қабили неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2», тавлиди неруи барқ зина ба зина зиёд гардида, дар рушду нумӯи соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ, аз ҷумла, вилояти Хатлон мусоидат намуда, замина фароҳам овард, ки содироти неруи барқ ба хориҷи кишвар ба роҳ монда шавад.
Чархаи аввали НБО «Сангтӯда-1» моҳи январи соли 2008 ба истифода дода шуд. Маросими ба истифода супурдани НБО «Сангтӯда-1» соли 2009 ба вуқӯъ пайваст. Иқтидори умумии НБО «Сангтӯда-1» 670 МВт-ро ташкил медиҳад, ки аз ҷиҳати иқтидор севумин неругоҳи барқи обӣ дар Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар бораи ба истифода додани НБО-и “Сангтӯда-1” иброз доштанд: “Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ буда, иқтидори захираҳои он зиёда аз 527 миллиард киловатт–соат мебошад, ки ба 70 фоизи неруи гидроэнергетикии Осиёи Миёна баробар аст”.
Неругоҳи барқии обии «Сангтӯда-2» лоиҳаи шарикии Тоҷикистону Эрон буда, аз ду чарха иборат аст. Иқтидори он 220 МВт-ро ташкил медиҳад. Чархаи аввали неругоҳ 5 сентябри соли 2011 бо иштироки сарони кишварҳои Тоҷикистону Эрон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Чархаи дувуми он моҳи сентябри соли 2014 ба истифода дода шудааст. Корҳои сохтмонии неругоҳ бо маблағи 1 миллиард сомонӣ ё худ 225 миллион доллари америкоӣ ба анҷом расонида шуд. Дар бунёди сохтмони нерӯгоҳ зиёда аз 1200 нафар бинокорону мутахассисони гуногун ширкат варзида, 850 нафар коргарони он шаҳрвандони Тоҷикистон буданд.
Рушди соҳаи энергетика дар со лҳои соҳибистиқлолӣБо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар кишвар марҳилаи нави рушди соҳаи энергетика, бахусус гидроэнергетика оғоз гардид, ки маҳз бо сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои Миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва пурра аз бумбасти норасоии энергияи электрикӣ баромадан ва баҳри расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ - саноаткунонии кишвар заминагузор гардид.
- Таҳқиқот ва таҳлилҳои солҳои охир марбут ба соҳаи энергетика нишон доданд, ки талабот ба неруи барқ сол то сол зиёд шуда, аз рӯи пешгӯиҳо соли 2030 бо муқоиса ба соли ҷорӣ 55% меафзояд, ки омилҳои инро олимони соҳа дар урбанизатсия (шаҳришавӣ) ва бо суръат зиёдшавии аҳолии кураи замин бахусус дар Осиёи марказӣ, аз ҷумла, Ҷумҳурии Тоҷикистон медонанд, - гуфт дар суҳбат бо мо Қосимов Бахтиёр, номзади илмҳои техникӣ, мудири кафедраи неругоҳҳои барқии Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон.
Ба андешаи Қосимов Бахтиёр, чорабиниҳои солҳои охир ҷиҳати рушди соҳаи энергетика дар мамлакат ва сохтмони иншооти ҷадиди обию энергетикӣ дар навбати аввал ба ҳалли мушкилоти муҳими рӯзмара ва бо мақсади бо барқи доимӣ таъмин намудани аҳолӣ ва корхонаҳои саноатии кишвар нигаронида шудааст. Барои истифодаи самараноки захираҳои обии кишвар, ки мавқеи 8-умро дар ҷаҳон ва миёни кишварҳои ИДМ мавқеи 2-юмро баъд аз Россия ишғол менамояд, роҳҳои дурусти истифодабарӣ бо мақсади таъмини рушди устувории меҳани азиз бо назардошти ҳалли муаммоҳои иҷтимоӣ заминагузор мегардад, пешбинӣ карда шудааст.
Коршиносон чӣ мегӯянд?Коршиносон бар он назаранд, ки баҳри татбиқисиёсати энергетикии кишвар ва баланд бардоштани амаранокии низоми таъминоти аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисодиёт бо неруи барқ соли 2009 хати интиқоли 500 кВ “Ҷануб-Шимол” ба истифода дода шуд, ки имконият медиҳад, шимоли кишварро бо ҷануб пайваст намуда, эътимоднокии таъминоти неруи барқро беҳтар намоем. Инчунин, соли 2011 хати интиқоли барқии байнидавлатӣ 220 кВ, ки имконият медиҳад неруи электрикиро ба кишвари ба мо ҳамсоя ва ҳамзабон Афғонистон интиқол намоем, ба истифода дода шуд.
Бояков Раҷабалӣ, роҳбари техникии филиали ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳри Бохтар, зимни суҳбат ба рӯзномаи “Хатлон” гуфт: “Давоми солҳои 1991-2021 бо ҷалби сармояҳои ташкилоти молиявии байналмилалӣ татбиқи як қатор лоиҳаҳо дар вилояти Хатлон анҷом ёфта истодааст, ки ин як заминиаи хуб мегузорад, барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ. - Ҳамзамон, барои кори дуруст ва бо эътимоди зеристгоҳҳо дар ОТК-110 кВ-и зеристгоҳи 110/35/10 кВ «Ломоносова» аз нав таҷдид карда шуда, бо зеристгоҳи 110/35/10 кВ «20-солагии Истиқлолияти ҶТ» бо хатти барқии 110 кВ Л-ЛИ пайваст карда шуд, ки ин барои бо барқ таъмин намудани аҳолӣ аҳамияти калон дорад.
- Бо мақсади таъмини яке аз ҳадафҳои бунёдию стратегии кишвар – расидан ба истиқлолияти энергетикӣ дар баробари дигар тадбирҳои таъминкунандаи рушди соҳа татбиқи маҷмӯи ислоҳоти иқтисодиву сохтории соҳа дар кишвар идома дорад.
Дар ин ҷода баланд бардоштани қобилияти рақобати комплекси сӯзишвориву энергетикӣ, аз пешбурди фаъолонаи сиёсати сарфаҷӯӣ ва самаранок истифода бурдани энергия, инчунин, кам кардани талафоти он вобаста мебошад. Имрӯз дар баробари маблағҳои буҷетӣ барои рушди соҳаи энергетикаи мамлакат сармояи хориҷӣ низ ҷалб карда мешавад, - мегӯяд Насимҷон Абдулмуъминзода, муовини ректори ДМТ оид ба таълим, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ қайд намуданд, ки бо талошҳои Ҳукумати мамлакат дар панҷ соли охир бо ширкатҳои сармоягузории хориҷӣ ва ватанӣ 14 созишномаи сармоягузорӣ ҷиҳати ҷалби сармояи мустақим ба маблағи беш аз 14 миллиард сомонӣ ба имзо расонида шудааст, ки бо татбиқи онҳо 20 корхонаи нави истеҳсолӣ бунёд карда мешавад. Ҳоло дар соҳаи энергетика 12 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 16,1 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст. Дар доираи ин лоиҳаҳо мо ду агрегати нерӯгоҳи барқи обии «Роғун»-ро ба кор андохтем. Соли 2019 таҷдиди неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Қайроққум» ба маблағи 5,5 миллиард сомонӣ оғоз гардида, татбиқи чунин лоиҳа дар неругоҳи барқи обии “Сарбанд” ба маблағи 1,3 миллиард сомонӣ идома дорад. Таҷдиди неругоҳи барқи обии “Сарбанд” охири соли 2021 ба анҷом расида, дар натиҷа иқтидори он қариб 45 мегаватт зиёд карда мешавад.
Фаромӯз БОБОЕВ,“Хатлон”