Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Қ. Ҳакимзода: "Тамоми чорабиниҳои 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бояд дар сатҳи баланди сиёсию фарҳангӣ гузаронида шавад"


Қ. Ҳакимзода: "Тамоми чорабиниҳои 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бояд дар сатҳи баланди сиёсию фарҳангӣ гузаронида шавад"



Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таҳти раёсати раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода бо иштироки доираи васеи фаъолони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ҷаласаи корӣ доир гардид.

Дар ҷаласа оид ба рафти иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат, дар сатҳи баланди сиёсию фарҳангӣ гузаронидани чорабиниҳо бахшида ба Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ҳама шаҳру ноҳияҳо бо гузашти конфренсияву мизҳои мудаввар, паради ҳарбӣ, роҳпаймоиҳои осоишта, барномаҳои фарҳангӣ ва ба бар кардани либосҳои расмию идона мубодилаи афкор сурат гирифта, раиси вилоят  ҷиҳати дар сатҳи баланд ташкилу баргузории ин чорабиниҳо ба масъулон дастуру супоришҳо дод.

Ҳамзамон раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода оид ба дӯхти либоси мактабӣ дар корхонаҳои дӯзандагии шаҳру ноҳияҳо ибрози назар карда, ба фаъолияти корхонаҳои дӯзандагии ноҳияи Фархор изҳори қаноатмандӣ намуд.

Гуфта шуд, ки дар корхонаҳои дӯзандагӣ занҳои хонашин бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардиданд. 

Раиси вилоят ба масъулини баъзе шаҳру ноҳияҳо дастур дод, ки дар кутоҳтарин муҳлат рафти иҷрои дӯхти либосҳои мактабиро ба Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят пешниҳод намоянд. 

Дар ҳамин замина Қурбон Ҳакимзода оид ба ҷамъбаст намудани натиҷаҳои иқтисодию иҷтимоии вилоят дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ, фаъолияти хуби корхонаҳои саноатӣ, ҷамъоварии саривақтии ҳосили пахта, картошка ва дигар зироатҳои донагӣ, захираи хӯроки чорво, инчунин оид ба масъалаи иммунизатсия дастуру супоришҳо дод.

Носирҷон МАЪМУРЗОДА,
"Хатлон"

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода