Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Дар Левакант филиали Донишкадаи давлатӣ таъсис меёбад


Дар Левакант филиали Донишкадаи давлатӣ таъсис меёбад



Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо рафти корҳои таъмирӣ дар Литсейи касбии саноатӣ-кимиёии шаҳри Левакант, ки дар заминаи он филиали Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон бунёд мегардад, шинос шуд.

Тавре ки аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, айни ҳол 160 нафар сохтмончиён ба азнавсозии пурраи биноҳои таълимӣ, толорҳо, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон машғул мебошанд. Дар ин баробар сарсабзгардонии атрофи биноҳо бо тарҳу намои наву замонавӣ ба нақша гирифта шудааст.

Раиси вилояти Хатлон ҳамчунин аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар корхонаи хиштбарорӣ ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии навсохт  дидан намуд. Ба иҷрогарони лоиҳаҳо дастур дода шуд, ки корҳои сохтмониро босифат анҷом диҳанд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода