Фархор. Коллеҷи тиббӣ- туҳфа дар соли нави таҳсил
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 30 август, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Тандурусти ва экология / Хабарҳо, Боздид 1 971
Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, меҳнаткашони ноҳияи Фархор корҳои зиёдеро ба анҷом расониданд.
Тибқи нақшаи муайяннамудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ба ифтихори ҷашни сисолагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бунёди 470 иншооти хурду калон дар назар дошта шуда буд, ки пурра иҷро гардида, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.
Ба шарофати таҷлили ҷашни Истиқлоли давлатӣ ноҳия хеле обод гардида, корхонаҳои нави саноатӣ, хизматрасонии маишӣ, биноҳои маъмурӣ ва дигар корҳои ободонӣ ба анҷом расонда шуда, симои маркази ноҳия ва деҳотҷой хеле диданӣ шудаанд. Танҳо давоми ду-се ҳафтаи охир бинои ду мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, Маркази хизматрасонӣ ба истифода дода шуд. Имконият фароҳам омад, ки дар маркази хизматрасонӣ 80 нафар занони хонашин ба машғулият фаро гирифта шаванд. Дар маҷмӯъ, бо ба истифода додани иншоотҳои ҷашни зиёда аз 2 ҳазор нафар сокинони ноҳия бо ҷойи кор таъмин гардиданд.
Боиси хурсандист, ки дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ, оғози соли нави таҳсил бинои коллеҷи тиббии ноҳия ба истифода мешавад. Бино панҷошёна буда, бо тамоми ҷиҳози таълимӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Бинои муассисаи тиббӣ туҳфаи беназирест ба касбу доништалабон дар арафаи ҷашни миллӣ.
Аҳли меҳнати ноҳия минбаъд низ корҳои сохтмону ободониро вусъат дода, дар пешрафти ноҳия ва шукуфоии Ватани азизамон-Тоҷикистон саҳми муносиби худро мегузоранд.
Сайобид ҲАФИЗОВ,
мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти
давлатии ноҳияи Фархор