Шаҳритус. Ифтитоҳи мактаби №32 ва бинои иловагӣ дар назди муассисаи №54
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 28 август, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Маориф ва илм / Хабарҳо, Боздид 1 292
Имрӯз, 28-уми августи соли ҷорӣ дар деҳаи Айвоҷи ноҳияи Шаҳритус бинои иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №54 бо иштироки вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, муовини раиси вилояти Хатлон Низом Мирзозода, раиси ноҳияи Шаҳритус Ғаффор Ҷабборӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Бино ба иттилои бахши матбуотии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони бинои таълимии мазкур дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 ноябри соли 2016 “Дар бораи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021” ба нақша гирифта шуда буд.
Фармоишгари иншоот раёсати сохтмони асосии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, лоиҳаи иншоот аз ҷониби ҶДММ “Абрис” таҳия гардида, корҳои сохтмонӣ аз тарафи ҶДММ “Сохтмони Шариф” иҷро гардидаанд.
Мавриди зикр аст, ки дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №54 ноҳияи Шаҳритус 349 хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, 26 нафар омӯзгор фаъолият менамояд.
Тибқи иттилои манбаъ, лоиҳаи иншооти мазкур аз ду ошёна иборат буда, дар он 8 синфхонаи таълимӣ, аз ҷумла кабинети фанни физика, синфхонаи компютерӣ, 6 синфхонаи таълимӣ, ҳуҷраи кории директор ва хонаи муаллимон тарҳрезӣ гардидааст. Ҳамзамон, дар қитъаи замини ҷудогардида буғхона ва ҳавзи нигоҳдории об тибқи лоиҳаи таҳиягардида сохта шудааст.
Ҳамчунин дар ин рӯз дар деҳаи Қумшоқи ноҳияи Шаҳритус муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №32 мавриди истифода қарор дода шуд.
- Сохтмони бинои таълимӣ дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.11.2016 “Дар бораи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021” ба нақша гирифта шудааст, - гуфт сардори раёсати сохтмони асосии вазорат Дилшод Сафарзода. - Фармоишгари иншоот раёсати сохтмони асосии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, лоиҳаи иншоот аз ҷониби ҶДММ “Абрис” таҳия гардида, корҳои сохтмонӣ аз тарафи ҶДММ “Баракати Сарбанд” иҷро гардидаанд.
Бояд ёдовар шуд, ки корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур аз соли 2019 оғоз гардида, айни ҳол, дар иншоот корҳо ба пуррагӣ ба анҷом расида, бинои муассисаи таълимӣ бо таҷҳизотҳои зарурӣ муҷаҳаз гардонида шудааст.
Лоиҳаи иншооти мазкур аз як ошёна иборат буда, дар он 8 синфхонаи таълимӣ, аз ҷумла синфхонаи компютерӣ, 7 синфхонаи таълимӣ, ҳуҷраи кории директор ва хонаи муаллимон иборат мебошад.
Ф. Бобоев,
“Хатлон”