Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Восеъ. 548 нафар бо ҷойи кор таъмин шуданд


Восеъ. 548 нафар бо ҷойи кор таъмин шуданд



- Яке аз ҳадафҳои сиёсати Ҳукумати мамлакат бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандони бекор, паст кардани шиддати бекорӣ ва ба шуғл фаро гирифтани сокинони кишвар, аз ҷумла ҷавонон мебошад,  - гуфт сардори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Восеъ Фирӯз Нуралиев.

Зикр шуд, ки кормандони шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ бо мақсади иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Мусоидат ба шуғли аҳолӣ», дар шаш моҳи соли ҷорӣ як қатор корҳои муайянеро ба сомон расониданд. Аз ҷумла, дар шаш моҳ ба шуъбаи Агентии ноҳия дар маҷмӯъ 1426 нафар шаҳрвандон муроҷиат намуданд, ки аз ин 582 нафар занҳо ва 598 нафар ҷавононро ташкил медиҳанд. 940 нафар ҳамчун корҷӯ ба қайд гирифта шуда, ба 604 нафари дигар мақоми бекорӣ дода шуд.

- Тавассути татбиқи барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ, - гуфт Фирӯз Нуралиев, - дар ин давра 548 нафар шаҳрвандони ноҳия ба ҷойи кор таъмин шуд, ки аз ин шумора 322 нафарашонро занон ташкил медиҳанд.

Ёдовар шудан ба маврид аст, ки дар ҳафт ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ, ки шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳияи Восеъ дар ҳамкорӣ бо 16 идораю ташкилоти буҷетӣ, корхонаву муассиса ва соҳибкорон гузаронид 81 корҷӯ соҳиби ҷойи кор гардиданд.

- Дар ноҳия ба иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди ҳунарҳои мардумӣ диққати аввалиндараҷа дода мешавад. Дар ин давра бо мусоидати шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ 338 нафар занони хонанишин ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ, ба корҳои хонагӣ ҷалб гардида, ҳамчунин 50 нафар бо роҳхат ба кор таъмин шуданд, ки аз ин 10 нафар занон ва 40 нафар ҷавонон мебошанд, - афзуд сардори шуъбаи агентӣ Ф. Нуралиев.

И. РАҶАБАЛӢ,
рӯзноманигор

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода