Ифтитоҳи бинои Маркази маърифатӣ дар деҳаи Қизилюлдуз
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 23 август, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 868
Зимни сафари корӣ раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода бо ҳайати меҳмонон дар ноҳияи Кӯшониён бинои Маркази маърифатӣ, ки бо дастгирии соҳибкор Илҳом Соҳибов сохта шудааст, мавриди истифода қарор доданд. Сохтмони бинои мазкур дар доираи нақша –чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бахшида ба ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2020 оғоз гардида, ҳаҷми маблағи корҳои иҷрошуда зиёда аз 200 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Қайд кардан зарур аст, ки бо мақсади фароҳам овардани шароит махсусан барои баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, фарогирии сокинони деҳа ва толибилмон ба китобхонӣ тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Ҳамчунин бунгоҳи тиббӣ навбунёд барои сокинони деҳаи "Ситораи сурх"- и ҷамоати деҳоти "Ориён" ва дигар деҳаҳои ҷамоати шаҳраки Бустонқалъа, ки зиёда аз 5425 нафар сокинонро ташкил медиҳад хизматрасонӣ хоҳад кард.
Дар маҷмуъ Маркази мазкур аз як толори маҷлисгоҳи фарҳангӣ, се утоқи корӣ барои бунгоҳи тиббӣ ва як уттоқи кори барои китобхона сохта шуда, 10 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидаанд. Зимни ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон аз ҳунарҳои дастии сокинони деҳа, ки ба намоиш гузошта шуда буд, дидан карда ба занону бонувони чирадаст баҳои баланд доданд. Раиси вилоят ва вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинонро ба ҷашни ифтихори миллӣ 30-солагии Истиқлоли давлатӣ табрику таҳният намуданд.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон