Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Баррасии раванди хизматрасонии стоматологӣ дар вилоят


Баррасии раванди хизматрасонии стоматологӣ дар вилоят



Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Раванди хизматрасонии стоматологӣ дар минтақаҳои вилояти Хатлон” таҳти ҳамин унвон баргузор гардид.


Конференсияро муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ ифтитоҳ бахшида, доир ба раванди рушди соҳаи тандурустӣ дар вилоят сухан гуфт.

- Тайи солҳои соҳибистиқлолии кишвар бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини шароитҳои мусоиду муосири хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ тадбирҳои зиёди натиҷабахш амалӣ гардидаанд, - зикр кард муовини раиси вилоят Ф. Шарифӣ. - Имрӯз тамоми амалиёти ташхису табобати муроҷиаткунандагон дар муассисаҳои тандурустии дохили мамлакат, аз он ҷумла вилояти Хатлон, анҷом дода мешаванд.

Дар идома масъулин ва олимону мутахассисони соҳа вобаста ба мавзӯи меҳварии конференсия маърӯзаҳои пурмуҳтавои таҳлилӣ ироа намуда, оид ба вазъи хизматрасонии стоматологӣ ва самтҳои рушди он дар вилояти Хатлон, камбудиву мушкилоти ҷойдошта дар ҷода ва роҳҳои ҳалли он ибрози ақида карданд.

Чорабинии мазкур дар арафаи Иди касбии табибон бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи илмӣ-клиникии стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй, Раёсати тандурустӣ ва Маркази стоматологии вилояти Хатлон бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ роҳандозӣ карда шуд.

Ҳангомаи Исмат,
“Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода