Ҷаласаи Ситоди вилоятӣ оид ба омодаӣ ба мавсими зимистони навбатӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 09 август, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 781
Таҳти раёсати муовини раиси вилояти Хатлон Заробиддин Файзуллозода ҷаласаи навбатии Ситоди вилоятӣ оид ба иҷрои қарори раиси вилоят барои омодагии соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022 баргузор гардид.
Дар ибтидои ҷаласа гузориши котиби Ситоди вилоятӣ Тоҷиддин Исматов доир ба рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2021, № 101 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022» ва қарори раиси вилоят аз 3 майи соли 2021, №143 шунида шуд.
Қайд гардид, ки ҷиҳати таъмини иҷрои ин қарор нақшаи чорабиниҳо оид ба захираи маводҳои зарурӣ, аз ҷумла ангишт, ҳезум, печка, дудбаро, сӯзишвории дизелӣ, қум, сабзавоту мева, хошоки дурушту ширадор, таъмир ва барқароркунии фермаҳо, кашарҳо, фаъолияти мунтазами корхонаҳои саноатӣ, хоҷагиҳо, ҷамъоварии маблағҳои барқу газ, хизматрасонии коммуналӣ, ташкили нуқтаҳои иловагии фурӯши ангишту гази моеъ ва дигар маводҳои зарурии соҳаҳои иқтисодиёт ва аҳолӣ тасдиқ гардида, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва ташкилотҳои дахлдори вилоятӣ барои иҷро ирсол гардидааст.
Тибқи нақшаи чорабиниҳо оид ба хароҷоти маблағҳои буҷетӣ барои хариди маводи гармидиҳӣ (ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ дизелӣ) дар соҳаҳои маориф 9 миллиону 718,9 ҳазор сомонӣ ва тандурустӣ 1 миллиону 126,1 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.
Дар соҳаи маориф нақшаи захираи маводҳои зарурӣ ангишт 12534,0 тонна, ҳезум 25087 метри кубӣ, сӯзишвории дизелӣ 55837 литр, печкаи аловӣ 16970 адад, гармкунакҳои барқӣ 5884 адад, шишабандӣ 7841 метри мураббаъ ба нақша гирифта, дар ин самт захиракунӣ оғоз гардидааст.
С. Лутфуллоев, муовини сардори Раёсати маорифи вилоят, иттилоъ дод, ки ба ҳолати 3 августи соли ҷорӣ ҷиҳати таъмиру омода намудани муассисаҳои соҳаи маорифи шаҳру ноҳияҳо ба соли таҳсили 2021-2022 аз ҳисоби манбаъҳои маблағгузории гуногун, аз ҷумла дар доираи буҷети маҳаллӣ ба миқдори 3 миллиону 400 ҳазор сомонӣ, кумитаи падару модарон 5 миллиону 800 ҳазор сомонӣ, аз ҳисоби сарпарастон 2 миллиону 600 ҳазор сомонӣ сарф гардида, аз 1359 муассисаи таълимӣ 594 адади он пурра аз таъмир бароварда шуда, дар 765 муассисаи таълимии боқимонда таъмир идома дорад.
Дар соҳаи тандурустӣ 621,1 тонна ангишт, 2126 метри кубӣ ҳезум, 23,5 тонна сӯзишвории дизелӣ, 282 метри мураббаъ шишабандӣ ба нақша гирифта шудааст. Ба ҳолати 1 августи соли ҷорӣ захираи ангишт дар шаҳри Левакант, ноҳияҳои Ёвон, Муъминобод, Балҷувон 100 фоиз, ноҳияи Ҳамадонӣ 192 фоиз, захираи ҳезум дар шаҳри Левакант, ноҳияҳои Ёвон, Муъминобод 100 фоиз, сӯзишвории дизелӣ дар шаҳри Левакант, ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ, Ёвон, Темурмалик 100 фоиз таъмин гардида, дар боқимонда шаҳру ноҳияҳо захиракунӣ идома дорад.
Тавре иттилоъ дода шуд, дар муассисаҳои давлатии идораҳои хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Бохтар ва Кӯлоб барои зимистонгузаронии солҳои 2021-2022 ҷамъан 14068 метри кубӣ маводи зидди лағжиш, 31 тонна ангишт, 167 метри кубӣ ҳезум, 44300 литр сӯзишвории дизелӣ ба нақша гирифта шудааст. Айни ҳол аз 163 адад техникаи муассиса 156 ададаш дар ҳолати корӣ қарор дорад.
Тибқи маълумоти Сарраёсати кишоварзии вилоят, ба ҳолати 5 августи соли ҷорӣ захираи хошоки дурушт 799,8 ҳазор тонна (88%), хӯроки ширадор 5,6 ҳазор тонна (12,1%) иҷро гардидааст, ки ба ҳар як сар чорвои шартӣ 15,2-сентнерӣ воҳиди хӯрока рост меояд.
Муовини раиси вилоят Заробиддин Файзуллозода ба масъулони раёсатҳои маориф ва тандурустии вилоят дастур дод, ки харидории ангиштро бе миёнарав, бо сифати хуб ва нархи дастрас аз конҳои ангиштистеҳсолкунии ҷумҳурӣ то муҳлати муайяншуда, яъне 1 октябри соли ҷорӣ ба роҳ монда, иҷрои нақшаро таъмин намоянд. Ҳамчунин, таъмири муассисаҳои зертобеи худро сифатнок анҷом дода, маблағҳоеро, ки аз ҳисоби буҷет, кумитаи падару модарон ва сарпарастон барои таъмири муассисаҳои таълимӣ, томактабӣ ва соҳаи тандурустӣ истифода мешаванд, дар доираи талаботи қонунҳои амалкунанда ҳуҷҷатгузорӣ намоянд.
Масъулони Шабакаҳои барқии Ҷанубӣ ва минтақаи Кӯлоб, сарраёсатҳои молия ва кишоварзии вилоят, раёсатҳои беҳдошти замин ва обёрӣ, хадамоти оташнишонӣ дар вилоят ва дигар масъулон вазифадор карда шуданд, ки ҷиҳати риояи қатъии меъёри истифодабарии неруи барқи муқарраршуда, ҷамъоварии пурраи ҳаққи истифодаи неруи барқ, сари вақт ҷудо намудани маблағҳо барои тайёр намудани соҳаҳои иктисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳру ноҳияҳои вилоят (дар навбати аввал барои корҳои таъмир, хариди маводи сӯхт) ба мавсими зимистонгузаронӣ, захира ва нигоҳдории маҳсулотҳои кишоварзӣ дар амборҳо, сардхонаҳо ва пешниҳоди онҳо ба аҳолӣ дар фасли зимистон, ҷамъоварӣ намудани маблағи ҳаққи истифодаи об, кам кардани қарзи хоҷагиҳо, гузаронидани таъмири иншоотҳои обёрикунанда, пойгоҳҳои обкашӣ, заҳбуру заҳкашҳо, иншооти обгузар ва селпарто, соҳилмустаҳкамкунӣ, санҷиши мунтазами ҳолати таҷҳизоту маводҳои оташнишонӣ дар ташкилоту идораҳо, то оғози мавсим ба анҷом расонидани корҳои таъмирию тармимӣ, хусусан дар ағбаҳо, роҳу кӯпрукҳо, фурудгоҳҳо, роҳи оҳан, таъмини соҳаи роҳнигоҳдорӣ бо маводҳои зарурӣ, аз ҷумла захираи намак, қум, сӯзишворӣ, таъмири механизмҳои роҳнигоҳдорӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, ба фасли сармои пешорӯ омодагии ҷиддӣ дошта бошанд.
"Хатлон"