Як оилаи дигар соҳиби хонаи нав шуд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 06 август, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 1 511
Дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки муовини аввали раиси вилояти Хатлон Салимзода Амонулло Файзулло боз як манзили истиқоматӣ, ки барои сокинони аз офати табиӣ зарардида сохта шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ин навбат калиди манзили навро сокини кӯчаи Даминзода Қиматгул Менгиёрова соҳибӣ кард.
Манзили истиқоматии мазкур аз ҷониби шабакаҳои барқии Кӯлоб дар муҳлати муайянгардида ва бо сифати баланд сохта шудааст. Дар корҳои сохтмонии манзили истиқоматӣ тамоми кормандони шабакаҳои барқӣ саҳм гузоштаанд. Мавриди зикр аст, ки манзилҳои истиқоматии барои сокинони аз офати табиӣ зарардида сохташаванда бо дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тамоми ҷиҳозу лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Қиматгул Менгиёрова миннатдории хешро ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси вилояти Хатлон ва кормандони шабакаҳои барқи Кӯлоб расонида, чунин иброз дошт: “Баъди омадани сел ва пурра валангор шудани хона хеле дилмонда ва маъюс гардида будам. Фикри чӣ гуна бунёд намудани манзили нав сахт азобам медод. Вале ин ҳама мушкилот паси сар шуд ва бо дастгириву таваҷҷуҳи Президенти маҳбубамон Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кӯтоҳ барои мо хонаи нав сохтанд, ки аз хонаи пешинаамон даҳ баробар хуштарҳу зебо мебошад. Худованд ба Роҳбари давлат ва онҳое, ки сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукуматро дастгирӣ мекунад, умри дарозу ризқи фароз диҳад”.
Хотиррасон мешавем, ки бар асари офати табиии рӯзи 12 май ба вуқӯъпайваста дар шаҳри Кӯлоб садҳо оила хисорот дид. Дар натиҷа 43 манзили истиқоматӣ пурра валангор шуда буд. Барои барқарор кардани оқибати офати табиӣ ва бунёди манзилҳои нав ташкилоту идора ва соҳибкорон ҷалб гардида, то имрӯз як қисмати онҳо ба соҳибонашон супурда шуд. Сохтмони хонаҳои истиқоматӣ идома дорад.
Азми сохтмончиён бар он аст, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боқимонда хонаҳоро мавриди истифода қарор диҳанд.
Ш. САФАРЗОДА