Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Эътимод ва ҳамкории шаҳрвандон бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд тақвият ёбад


Эътимод ва ҳамкории шаҳрвандон бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд тақвият ёбад



 

Пешгирӣ аз ҷинояту амалҳои ғайриқонунӣ дар миёни аҳолӣ, баланд бардоштани сатҳи эътимоду ҳамкории шаҳрвандон бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, муқовимат бо терроризм аз ҷумлаи мавзӯъҳои меҳварии Шӯрои вилоятии мутобиқсозии методӣ оид ба таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон буд.

 
Ҷаласаи навбатии Шӯро таҳти раёсати раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода субҳи 4 август дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барпо гардид.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода рӯзномаи ҷаласаро, ки аз панҷ масъала иборат буд, ба ҳозирин шарҳ дод ва афзуд, ки вазъи ҷинояту ҷинояткорӣ миёни ноболиғон, шомилшавии баъзе шаҳрвандон ба гурӯҳҳои манфиатҷӯю иғвогар, терористию экстремистӣ ҳанӯз ҳам ташвишовар боқӣ мемонад.

- Моро зарур аст, ки ҷиҳати ба таври васеъ гузаронидани мизҳои мудаввар, конфронсу вохӯриҳо дар мавзӯъҳои дахлдори ҳуқуқӣ, аз ҷумла афзалият додан ба чорабиниҳо дар самти пешгирӣ намудани ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ дар байни аҳолӣ, хусусан наврасону ҷавонон, тақвият додани ҳамкории шаҳрвандон бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самти пешгирӣ ва ошкорсозии ҷиноятҳо, муқовимат бо терроризм ва дигар зуҳуроти номатлуб аз ҳарвақта бештар тадбир андешем, - таъкид намуд раиси вилоят.

Тавре қайд карда шуд, корҳои оммафаҳмонӣ бобати паст кардани сатҳи ҷинояткорӣ ва ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ миёни сокинон агарчи гузаронида мешаванд, ҳолатҳое ба назар мерасанд, ки сокинон ба ин масъалаҳо хунукназарӣ намудаанд.


Искандар Солеҳзода, сардори раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят, зимни ироаи маърӯзаи хеш аз қонуншиканиҳо дар шаҳру навоҳии вилоят чанд мисоли рӯшан оварда, афзуд, ки мо бояд дар якҷоягӣ амал намоем, робитаро бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баҳри суботи кишвар ва роҳ надодани ноболиғон ба гумроҳию қонуншиканӣ мустаҳкамтар созем.

Иттилоъ дода шуд, ки дар вилоят давоми соли ҷорӣ зиёда аз 800 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки қисмати муайяни он аз ҷониби наврасону ҷавонон сар задааст.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба мақомотҳои дахлдори вилоятӣ дастур дод, ки аз неруи зиёиёну ашхоси ватандӯст истифода баранд, миёни сокинон корҳои омӯзиширо дар самти риояи тартиботу меъёрҳои ҳуқуқӣ ва арзишҳои миллӣ, дӯст доштани ватан, ки он хонаи умеди мову шумост, бештар намоянд.

Дар идомаи кори Шӯро мавзӯи пешгирӣ аз хуруҷи бемории хатарзои коронавирус (COVID-19) матраҳ шуд. Қайд гардид, ки дар вилоят маъракаи эмгузаронӣ идома дорад ва то ба имрӯз беш аз 171 ҳазор нафар ваксина гирифтаанд.

Мирзоалӣ Раҷабзода, сардори Раёсати тандурустии вилоят, иттилоъ дод, ки дар вилоят 2 миллиону 45 ҳазору 700 нафар бар зидди ин вабои аср бояд эм карда шаванд.

Ҳоло дар шаҳру навоҳии вилоят нуқтаҳои эмгузаронӣ ташкил шудааст ва табибон ҳамарӯза баҳри ҳифзи сиҳатии аҳолӣ хизматрасонӣ мекунанд.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба аъзои Шӯрои вилоятии мутобиқсозии методӣ оид ба таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ҷиҳати тақвияти фаъолият баҳри таъмини волоияти қонун, тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, болоравии маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ дастуру тавсияҳо дод.
 
Н. Маъмурзода, «Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода