Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ №56 АЗНАВСОЗӢ МЕШАВАД


МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ №56 АЗНАВСОЗӢ МЕШАВАД




Дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таваҷҷуҳи пайвастаи роҳбарияти олии кишвар ба рушди соҳаи маориф, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Ватан, деҳаи Куҳандиёр 2-и ноҳияи Фархор мавриди азнавсозии пурра қарор гирифтааст.

Азнавсозии муассисаи таълимӣ бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди таълим барои хонандагон ва беҳтар намудани сатҳи донишандӯзии насли наврас амалӣ гардида, корҳои сохтмонӣ бо суръати баланд идома доранд. Тибқи иттилои масъулин, дар доираи лоиҳа синфхонаҳо пурра таъмир шуда, боми бино, шабакаҳои барқу гармидиҳӣ ва низоми обтаъминкунӣ навсозӣ мегарданд. Ҳамчунин, синфхонаҳо бо мизу курсӣ ва таҷҳизоти муосири таълимӣ таъмин хоҳанд шуд.

Айни ҳол дар муассисаи мазкур 480 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Бо ба анҷом расидани корҳои азнавсозӣ, шароити таълиму тарбия ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ гардида, барои рушди қобилияти зеҳнӣ ва эҷодии хонандагон заминаи мусоид фароҳам меояд.

Сокинони деҳаи Куҳандиёр-2 аз чунин иқдоми созанда истиқбол намуда, иброз медоранд, ки таваҷҷуҳ ба соҳаи маориф омили муҳими пешрафти ҷомеа мебошад. Ба гуфтаи онҳо, муҳити наву замонавии таълимӣ завқи хонандагонро ба донишандӯзӣ бештар намуда, сатҳи таълимро баланд мебардорад.


Қобили зикр аст, ки дар солҳои охир дар ноҳияи Фархор бунёду азнавсозии як қатор муассисаҳои таълимӣ амалӣ гардида, барои таълиму тарбияи насли ояндасоз шароити арзанда фароҳам оварда шудааст. Ин тадбирҳо гувоҳи онанд, ки соҳаи маориф дар меҳвари сиёсати давлат қарор дошта, барои рушди устувори кишвар заминаи боэътимод мегузорад.
Бо анҷоми пурраи корҳои сохтмонӣ интизор меравад, ки муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56 ба яке аз муассисаҳои намунавии ноҳия табдил ёбад.


Алишери Абдулмаҷид,
“ХАТЛОН”












Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода