Оқибати нашъамандӣ марг аст
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 06 феврал, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Тандурусти ва экология / Хабарҳо, Боздид 0
![]()
Нашъамандӣ танҳо як бемории фардӣ нест, балки ба мушкили бузурги иҷтимоӣ, ахлоқӣ ва фарҳангӣ табдил ёфта, солимии миллатро зери хатар мегузорад.
Шахси гирифтори ин беморӣ тадриҷан ба дуздӣ, дурӯғгӯӣ, тарсончакӣ ва амалҳои ношоиста рӯ меорад. Ӯ худу атрофиёнро ба вартаи бадбахтӣ мекашад. Нашъа ҷисмро заиф, рӯҳро ноором ва ақлро тира месозад. Ҳаёти чунин нафар маънии худро гум карда, хандаву шодӣ ва лаззати зиндагӣ аз байн меравад.
Дар ибтидо маводи нашъадорро дар асрҳои гузашта табибон барои таскини дардҳои шадиди ҷисмонӣ истифода мебурданд. Аммо дертар одамони солим бо мақсади гурез аз мушкилоти зиндагӣ ба он рӯ оварданд. Натиҷа маълум шуд: вобастагӣ, дард, харобии ҷисму рӯҳ. Ин вобастагӣ чунон шадид аст, ки инсон барои ба даст овардани як миқдор нашъа аз ҳама арзишҳо даст мекашад.
Ба ақидаи табибон, нишонаҳои нашъамандӣ тағйирёбии ногаҳонии рафтор, дер ба хона баргаштан, бепарвоӣ ба зоҳир, лоғаршавӣ, танг ё васеъ шудани чашмон, пайдо шудани изи сӯзандору дар бадан ва дигар аломатҳо мебошанд. Хусусан, ҷисми наврасон ба ин заҳри қотил тоб оварда наметавонад. Нашъа ба дил, ҷигар, гурда, шуш ва майнаи сар зарари ҷуброннопазир мерасонад.
Наврасони нашъаманд зудранҷ, хашмгин, тарсу ва ноумед мешаванд, ба худкушӣ ва ҷиноят даст мезананд. Мутаассифона, имрӯз баъзе занону духтарон низ, бинобар беназоратии оилавӣ ва камбудии тарбия, ба роҳҳои номатлуб мераванд ва бо ин амалашон номи муқаддаси Зан- Модарро доғдор мекунанд. Ин дар ҳолест, ки маҳз зан бояд посбони покии оила, ҷомеа ва миллат бошад.
Аз ин рӯ, вазифаи ҳар яки мост, ки ҷавононро аз зарари маводи мухаддир огоҳ намоем, онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ ва масъулиятшиносӣ тарбия кунем. Зеро оқибати нашъамандӣ фаҳш, фасод, ҷиноят ва дар ниҳоят марг аст.
М. ЗАФАР, «Хатлон»
-
Вчера, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...