Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Азми густариши ҳамкориҳо бо вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон


Азми густариши ҳамкориҳо бо вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон


     Сафари ҳайати кории вилояти Хатлон таҳти роҳбарии раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба нақша гирифта шудааст.


      Қарор аст, ки ҳамроҳ бо раиси вилоят роҳбарони ширкатҳои истеҳсолию тиҷоратии Хатлонзамин ҷиҳати боздид аз корхонаҳои саноатӣ, хоҷагиҳои кишоварзӣ ва инфрасохтори дигар ба кишвари ҳамсоя сафар намуда, ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратиро ба роҳ монанд. Қобили зикр аст, ки миёни вилоятҳои Хатлони Тоҷикистон ва Сурхондарёи Ӯзбекистон соли 2018 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расидааст. Имрӯз ҳаҷми мубодилаи молу маҳсулот миёни ду кишвар дар муқоиса бо соли 2015-ум 30 маротиба афзуда, роҳбарони ду мамлакат вазифагузорӣ кардаанд, ки гардиши тиҷоратиро ба 500 миллион доллари амрикоӣ ва дар дурнамо то як миллиард доллар расонанд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода