Мулоқот бо ятимони кулл, хонандагони болаёқат, ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Бохтар ва тақдими туҳфаҳо ба онҳо
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 25 декабр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Президент / Хабарҳо, Боздид 104
![]()
25 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи як зумра иншооти таъйиноти гуногун дар шаҳри Бохтар бо 100 кас аз ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ, олимпиадаҳои фаннию байналмилалӣ ва ятимони кулл аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон мулоқоти самимӣ ороста, ба онҳо туҳфаҳо тақдим намуданд.
Зимни суҳбат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён доштанд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини шароити арзандаи зиндагии ятимону бепарасторон ва беҳсозии таълиму парвариши хонандагон пайваста таваҷҷуҳ зоҳир менамояд.
Тавре иттилоъ дода шуд, ки имсол аз озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” довталабони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 28 ҷойи ифтихорӣ ва 2 шоҳҷоиза, “Илм-фурӯғи маърифат” 20 ҷой гирифта, ҳамчунин аз олимпиадаҳои фаннии мактаббачагон 800 хонанда соҳиби медал гардиданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фароварди мулоқот онҳоро таҳсили хубу аъло, омӯхтани касбу ҳунар, илмҳои муосир ва иштироки фаъолона дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ҳидоят намуданд.
-
24-07-2025, 14:29
(ДАР АСАРҲОИ САЙМУМИН ЯТИМОВ)...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...