Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Ҷаласаи сайёри Ситоди вилоятӣ оид ба пешгирӣ аз хуруҷи COVID-19


Ҷаласаи сайёри Ситоди вилоятӣ оид ба пешгирӣ аз хуруҷи COVID-19


    Шоми 12 июл бо роҳбарии муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ ҷаласаи сайёри Ситоди вилоятӣ оид ба пешгирӣ аз хуруҷи бемории сироятии COVID-19 доир гардид.

     Дар ин ҳамоиш, ки дар боғи марказии фароғатӣ-фарҳангии шаҳри Бохтар доир шуд, оид ба аҳамияти пешбурди корҳои безараргардонӣ, тозагии ҷойҳои ҷамъиятӣ, риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдоштӣ, фосилаи иҷтимоӣ, истифодаи ниқобҳои тиббӣ ва маҳлули антисептикӣ сухан рафт. Гуфта шуд, ки ҳамарӯза дар Тоҷикистон даҳҳо ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта мешавад. Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз дар кишвар 13911 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то 12 июл 13581 нафар (97,6%) шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, бар асари бемории мазкур 107 нафар фавтидаанд. Фирӯза Шарифӣ зимни суханрониаш дар ҷаласаи сайёри ситоди вилоятӣ аз тамоми сокинони вилоят даъват кард, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ қоидаҳои пешгирикунандаи бемории коронавирусро қатъиян риоя намоянд. Дастур дода шуд, ки гурӯҳҳои ташвиқотӣ бояд корҳои оммафаҳмониро оид ба қоидаҳои пешгирӣ аз сироятёбӣ ва хуруҷи коронавирус ва аҳамияти ваксинатсия миёни аҳолӣ вусъат бахшанд. Дар идома дар кӯчаю боғу гулгаштҳо ва дигар ҷойҳои гардиши оммаи шаҳрвандон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, ба шаҳрвандон маводҳои иттилоотӣ ва маводҳои антисептикиву ниқоб дастрас карда шуд. Ҳамчунин, бо истифода аз техникаҳои махсус кӯчаю роҳравҳои маркази маъмурии вилоят безарар гардонида шуданд. Аз ҷумла, беш аз 200 адад варақаҳои иттилоотии рӯзномаи мо, ки ҳомили маълумоти ҷолибу муфид оид ба бемории коронавирус ва роҳҳои пешгирию табобати он буд, ҳамроҳ бо шумораҳои махсуси рӯзномаи “Хатлон” ба шаҳрвандон ройгон тақсим карда шуд.

Ҳангомаи ИСМАТ, “Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода