Ташрифи давлатии Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 08 октябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Президент / Хабарҳо, Боздид 68
![]()
Бегоҳии 8 октябр Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нишони эҳтироми баланд меҳмони олимақомро гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Ба хотири ташрифи давлатии меҳмони олиқадр майдони фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо парчамҳои давлатии ду кишвар, аксҳои Сарони давлатҳо ва шиорҳои тараннумгари дӯстии мардумони ду кишвар оро ёфта буд.
Барои истиқбол роҳрави сурх густурда шуда, сарбозони горди фахрӣ аз ду тарафи роҳрав саф оростанд.
Зимни суҳбати кӯтоҳи дар фурудгоҳ баргузоршуда, сарони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Владимир Путин доир ба барномаи сафари давлатии Президенти Федератсияи Русия ба Тоҷикистон, иштирок дар Ҳамоиши Осиёи Марказӣ-Русия ва Ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил табодули андеша намуданд.
Ёдовар бояд шуд, ки пагоҳ 9 октябр сафари давлатии Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин ба Тоҷикистон идома ёфта, нимаи дуюми рӯз Ҳамоиши Осиёи Марказӣ-Русия баргузор мешавад.
Ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои иштирокдори ИДМ рӯзи 10 октябр доир хоҳад шуд.
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
24-07-2025, 14:29
(ДАР АСАРҲОИ САЙМУМИН ЯТИМОВ)...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...