Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ЭҲЁИ РУҲИЯИ МИЛЛӢ


ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ЭҲЁИ РУҲИЯИ МИЛЛӢ




Мероси  адабӣ  ва  таърихии  миллати тоҷик  сарчашмаи  ифтихор  ва  худшиносии  миллии  мост.  Аз  миёни  ҳазорон  осори гаронбаҳо,  ки  гузаштагони  хирадманди  мо бо заҳмати фикрӣ офаридаанд, шоҳасари безаволи Ҳаким  Абулқосими  Фирдавсӣ   "Шоҳнома"   ҷойгоҳи хосса дорад. Бо дарназардошти аҳамияти бузурги ин асари нодир, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  иқдоми  камназири  маърифатпарваронаро  роҳандозӣ  намуданд:  тақсим намудани  нусхаи  нашршудаи  "Шоҳнома"  ба  ҳар  як хонадони кишвар.

Ин иқдоми фарҳангпарварона ва камназир дар таҷрибаи ҷаҳонӣ, ки бо ҳадафи таҳкими худогоҳию худшиносии миллӣ ва бедор сохтани эҳсоси ватандӯстӣ амалӣ мешавад, бевосита як навъ қаҳрамонӣ дар майдони маърифат ва арзишҳои миллӣ маҳсуб меёбад.

Шоҳасари  “Шоҳнома”  на  танҳо  таърихи  паҳлавонон  ва подшоҳони  одилу  диловари  Эронзаминро  дар  бар  мегирад, балки руҳи асили фарҳанги ориёии тоҷиконро бо ҳама арзишҳои ахлоқӣ, таърихӣ ва ватандӯстонаи он ҳифз намудааст.

Дар  тӯли  таърихи  пурпечутоби  халқи  тоҷик,  маҳз  ҳамин гуна  осори  бузург  тавонистаанд,  ки  ҳувияти  миллӣ,  забон, фарҳанг  ва  тафаккури  давлатсозии  моро  аз  нобудӣ  ҳифз намоянд. Аз ин ҷост, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Шоҳнома”-ро санади шиносномавии таърихии миллати тоҷик номида, онро мероси бебаҳои маънавии миллат арзёбӣ намудаанд.

Бо амалӣ шудани ин тасмим - яъне тақдими "Шоҳнома" ба ҳар хонавода, як пайванд ба таърих ва фарҳанги миллат мебошад. Бо ҷой гирифтани "Шоҳнома" дар ҳар хона, фарҳанги мутолиа,  муҳокима,  шинохти  қаҳрамони  миллӣ  ва  арзёбии таърих аз зовияи миллӣ дар муҳити хонаводагӣ эҳё мешавад. Агар  қаҳрамонӣ  дар  гузашта  бо  шамшер  ва  набардҳо маънидод мешуд, имрӯз қаҳрамонӣ бо қалам, китоб ва таълимоти маънавӣ тавсиф мегардад. Пешвои миллат бо тақдими “Шоҳнома” ба ҳар як хонадон нишон доданд, ки барои миллат ҳувият ва арзишҳо танҳо дар ҷабҳаи сиёсӣ нест, он дар фазои маърифат ва тафаккур низ ҳузури доимӣ дорад.

Хулоса,  бо  иқдоми  Пешвои  миллат  ин  шоҳасар  дар ҳар  хонавода  ҷой  гирифта,  ба  унвони  чароғи  маърифат  ва худшиносӣ фурӯзон хоҳад монд, ки ин яке аз роҳҳои устуворсозии пояҳои давлатдорӣ ва ҳувияти миллӣ мебошад. Оре, иқдоми Пешвои миллат дар ҳақиқат саривақтӣ буда, мардумро ба мутолиаву таърихшиносӣ даъват мекунад. Махсусан, мо омӯзгорон ин иқдомро самимона ҷонибдорӣ менамоем.

Сафаралӣ БОБОЕВ,
омӯзгор аз ноҳияи Ёвон

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода