Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Дар ноҳияи Ҷ. Балхӣ мавсими пахтачинӣ оғоз ёфт


Дар ноҳияи Ҷ. Балхӣ мавсими пахтачинӣ оғоз ёфт




Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мавсими ҷамъоварии ҳосили пахта расман оғоз гардид. Ҷараёни пахтачинӣ аз заминҳои хоҷагии деҳқонии “И. Латиф”, воқеъ дар деҳаи Талхачашмаи Ҷамоати деҳоти “Ҳалевард” оғоз ёфта, рӯзҳои аввали он бо фаъолона ширкат кардани деҳқонон ҷараён дорад.

Раиси ноҳия Рустам Холиқзода аз рафти пахтачинӣ дидан карда, бо кишоварзон суҳбат намуд. Зимни боздид, раиси ноҳия таъкид дошт, ки пахтакорӣ яке аз самтҳои муҳими иқтисодиёти маҳаллӣ ба шумор рафта, мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ҷиҳати дастгирии хоҷагидорон, беҳтарсозии шароити истеҳсолӣ ва таъмини саривақтии корҳои ҷамъоварӣ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамоянд.

Кишоварзони хоҷагӣ изҳор доштанд, ки ба мавсими имсола омодагии ҳамаҷониба дидаанд. Ба гуфтаи онҳо, риояи қатъии қоидаҳои агротехникӣ ва шароити мусоиди обу ҳаво имсол ба зиёд гардидани ҳосили пахта мусоидат намудааст.

Мувофиқи нақша, мавсими пахтачинӣ дар ноҳия бо иштироки садҳо нафар сокинони деҳот ва аъзои хоҷагиҳо баргузор гардида, интизор меравад, ки нақшаи ҷамъоварӣ ва таҳвили пахта дар муҳлатҳои муқарраршуда пурра иҷро гардад.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода