Ба зуҳуроти коррупсия тоқатнопазир бошем
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 18 июн, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 74
![]()
Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ мебошанд, ки дар доираи ваколатҳои худ таъмини амалисозии сиёсати давлатиро дар соҳаҳои меъёрэҷодкунӣ, таъминоти ҳуқуқии муносибатҳои байналмилалӣ, баҳисобгирӣ, бақайдгирии давлатӣ, мураттабсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, назорати фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ, ёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон, тарғибу ташвиқи ҳуқуқӣ, иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, экспертизаи судӣ, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва дигар соҳаҳое, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидаанд, амалӣ менамоянд.
Бояд гуфт, ки дар таърихи мақомоти адлия ва умуман дар даврони Истиқлол қабули қонуни мазкур аввалин санади қонунгузорие мебошад, ки асосҳои ҳуқуқӣ, принсипҳо ва самтҳои фаъолият, ташкили низом, сохтор, ваколатҳо, хизмат, инчунин тартиби таъминоти молиявӣ, моддӣ ва техникии мақомоти адлияро муайян менамояд. Раёсати адлияи вилояти Хатлон ҳамчун мақоми давлатии маҳаллии иҷроия ва сохтори Вазорати адлияи Ҷумхурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон мебошад, ки қисман ваколатҳои Вазоратро дар вилояти Хатлон амалӣ менамояд.
Нақши мақомоти адлия дар даврони муосири давлатдорӣ боз ҳам тақвият ёфта, дар амалисозии ҳадафҳои стратегии кишвар, ислоҳоти ҳуқуқӣ, такмили заминаҳои рушди қонунгузорӣ, иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар самти ҳуқуқи инсон, тарғибу ташвиқи донишҳои ҳуқуқии аҳолӣ, расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон, рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ва амсоли он басо назаррас гардид.
Раёсати адлияи вилоят имрӯзҳо дар давраи нави рушд қарор дошта, бо иқтидори тахассусӣ ва маънавии худ имконият дорад, ки минбаъд ҳам сиёсати ҳуқуқиро дар ҳудуди вилояти Хатлон бо мақсади рушди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд амалӣ намуда, дар такомули маърифати ҳуқуқии аҳолӣ баҳри риояи қонун, ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, таъмини фаъолияти нотариат ва мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандњ, бақайдгирии давлатии ташкилотҳои адвокатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва қайди баҳисобгирии филиалу намояндагиҳои он, гузоштани апостил ба ҳуҷҷатҳои расмии содиротии мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, нотариусҳои давлатӣ, мақомоти судӣ, мақомоти истеҳсолоти иҷро ва мақомоти прокуратура ва дигар самтҳои вогузоршуда саҳми арзанда дошта бошад. Мусаллам аст, ки муқовимат ба коррупсия қисми таркибии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, таҳия ва татбиқи он аз иродаи олии сиёсии роҳбарияти давлат оғоз мегардад.
Самаранокии муқовимат ба коррупсия аз иштироки фаъоли тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди амалигардии он вобастагии зич дорад. Коррупсия падида ва зуҳуроти нафрину номатлубест, ки боварии халқро ба давлат коста гардонида, обрӯву эътибори онро коҳиш медиҳад. Он на танҳо дар ҷумҳурӣ, балки дар ҷаҳони муосир дар роҳи рушди иқтисодию иҷтимоии кишварҳо ва риояи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд монеаҳои ҷиддӣ эҷод мекунад. Баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ як силсила санадҳои меъёрии ҳуқуқии самти муқовимат бо коррупсия қабул карда шуд, ки дар онҳо чораҳои маҷмуии хусусияти ташкиливу ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва маърифативу фарҳангидоштаи вобаста ба муқовимат бо коррупсия пешбинӣ гардидаанд.
Мувофиқи муқаррароти Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №222 тасдиқ шудааст. Ҳукумати ҷумҳурӣ дар партави сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муқовимат ба коррупсия мунтазам чораҳои мақсаднокро роҳандозӣ намуда, барои ба вуҷуд овардани фазои зиддикоррупсионӣ пайваста заминаҳои ташкиливу ҳуқуқиро амалӣ намуда истодааст. Чуноне медонем, тибқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” (аз 7-уми августи соли 2020, №1714) субъектҳои муқовимат ба коррупсия аз субъектҳои бевосита ба коррупсия муқовиматкунанда ва субъектҳое, ки дар муқовимат ба коррупсия иштирок менамоянд, иборат мебошанд.
Тибқи моддаи 10-и Қонуни мазкур дар қатори дигар вазорату идораҳо Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мувофиқан Раёсати адлияи вилояти Хатлон, субъекте мебошад, ки дар муқовимат ба коррупсия иштирок менамояд. Ваколатҳои ин субъектҳо дар доираи ваколати худ иборат аст аз - мунтазам гузаронидани тарғибу ташвиқи зиддикоррупсионӣ; таъмини иҷрои талаботи стратегия ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ; анҷом додани таҳлили фаъолият бо мақсади ошкор ва бартараф намудани сабабу шароитҳо ва хавфҳои коррупсионӣ.
Раёсати адлия дар самти гузаронидани тарғибу ташвиқи зиддикоррупсионӣ чораандешӣ на-муда, амалӣ намудани онро дар доираи Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030 (аз 27-уми ноябри соли 2019, №599), нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Барнома барои солҳои 2020-2025 ва нақшаи дохилиидоравии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои ҳар ду сол таҳия мешавад, ба роҳ мондааст.
Вобаста ба ин, дар 5 моҳи соли 2025 кормандони мақомоти адлияи вилоят бештар аз 144 вохӯрию суҳбатҳоро доир ба Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва масъалаҳои дигари ин мавзуъ гузаронданд. Дар мубориза ба муқобили коррупсия ба мақсад мувофиқ аст, ки саҳми аҳли ҷомеа метавонад хеле пурарзиш бошад. Ниҳодҳои ҷамъиятӣ (ташкилотҳои ҷамъиятӣ) низ метавонанд ба муқобили ин зуҳуроти нангину номатлуб ҷиддӣ мубориза баранд. Ҷиҳати ба вуҷуд овардани фазои умумии тоқатнопазирӣ нисбат ба зуҳуроти коррупсия, баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқии зиддикорруп-сионии табақаҳои гуногуни аҳолӣ, махсусан дар байни ҷавонон ба роҳ мондани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ аҳаммияти махсус дорад. Чи гунае ки Сарвари кишвар дар Паёми навбатиашон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 28-уми декабри соли 2024 баён намуданд: “Ҷавонон қишри фаъолтарини ҷомеа ва идомадиҳандаи кору пайкори насли калонсол мебошанд ва маҳз онҳо масъулияти фардои кишвари соҳибистиқлоли худро ба дӯш хоҳанд гирифт”.
Илова ба ин, барои пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ дар байни кормандони Раёсати адлияи вилояти Хатлон, нотариусони давлатии идораҳои нотариалӣ ва бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ мунтазам корҳои фаҳмондадиҳӣ ва баргузор намудани вохӯрию муколамаҳои судманд дар якҷоягӣ бо кормандони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба роҳ монда шудааст.
Ҳамчунин, дар идораҳои нотариалии давлатӣ ва бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ лавҳаҳои андозаҳои боҷи давлатӣ барои анҷом додани амалиёти нотариалӣ ва бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ки дар қисмҳои 7 ва 13 моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи боҷи давлатӣ” пешбинӣ шудааст, инчунин андозаи пардохти хизматрасониҳои иловагии муздноки нотариусони давлатӣ ва андозаи пардохти хизматрасониҳои иловагии музднок ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар мақомоти САҲШ, ки бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми марти соли 2025, №164 ва аз 28-уми феврали соли 2025, №159 тасдиқ шудаанд, дар ҷойи намоён ва ба шаҳрвандон чашмрасу хоно насб шудааст.
Илова ба ин, вобаста ба ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ зикр бояд намуд, ки дар идора ва бахшҳои мазкур Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023, №586 “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” насб карда шуда, ҷиҳати иҷрои он бо фармоиши вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10-уми июли соли 2024, №74 маблағҳои хизматрасониҳои давлатӣ тавассути барномаи “Пардохти ҳушманд” (Smart Pay) қабул шуда истодааст. Шаҳрвандон тавассути ин барнома хизматрасониҳоро пардохт намуда истодаанд.
Чи гунае ки дар Паёми Сарвари кишвар “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 28-уми декабри соли 2024 баён гардиданд: “То охири соли 2025 пардохтҳои ғайринақдӣ дар соҳаҳои буҷетӣ ва хизматрасониҳои давлатӣ пурра таъмин карда шаванд. Дар бисёр кишварҳо нишондиҳандаи пардохтҳои ғайринақдӣ 80-90 фоизро ташкил медиҳад. Ин яке аз роҳҳои асосии таъмин намудани шаффофияти амалиёти хизматрасонӣ, баҳисобгирӣ ва пешгирии коррупсия мебошад”.
Бо боварии комил метавон гуфт, ки ин супориш аз ҷониби мақомоти хизматрасони адлияи вилояти Хатлон (Раёсати адлия, нотариати давлатӣ, САҲШ) пурра иҷро шудааст. Ҳамин тариқ, Раёсати адлияи вилояти Хатлон ва сохторҳои Вазорати адлия дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар амалӣ шудани нақшаву стратегия ва дигар дастуру супоришу санадҳои меъёрии ҳуқуқии кишвар дар самти муқовимат ба коррупсия тадбирҳои судманд андешида истодааст.
Ифтихор САМАДЗОДА,
муовини сардори Раёсат - сардори шуъбаи ёрии ҳуқуқӣ, робита
бо ҷомеа ва воситаҳои ахбори оммаи Раёсати адлия вилояти Хатлон,
мушовири адлияи дараҷаи 1
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...