Суханронӣ дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Барои неш задани яксараи пунбадона ҳамагӣ 80-90 дараҷа ҳарорати самаранок лозим аст. Дар ноҳияҳои маркази вилояти Хатлон ҷамъи ҳарорати самараноки ҳаво дар даҳаи сеюми моҳи март 40-45 дараҷа, дар даҳаи якуми моҳи апрел 50-55 дараҷа ва дар даҳаи дуюм 70-75 дараҷа мебошад.
Дар ноҳияҳои ҷанубӣ ин нишондиҳанда аз 20 то 30 дараҷа зиёд мешавад. Дар ноҳияҳои шимолӣ 10-20 дараҷа кам аст. Агар кишти пахта то 25 март гузаронида шуда бошад, аксар вақт, бинобар нарасидани ҳарорат ё бо сабаби боришҳои зиёд, ба кишти дуюмбора маҷбур мешаванд ё ниҳолҳои сирак месабзанд. Дар кишти баъди 20-уми апрел анҷом додашуда бошад, бе объёрӣ яксара неш задани чигит душвор мегардад.
Аз киште, ки моҳи март гузаронида мешавад, ҳосили баланд ва барвақтӣ гирифтан мумкин аст. Барои муваффақ шудан ба
нешзании яксараи пунбадона дар ҳамаи муҳлатҳои кишт дар ҳар як замин аз болои ҳолати тухмӣ назорат бурдан зарур аст. Баъди боронгариҳои зиёд замин одатан сафолак мебандад. Барои сафолакшиканӣ молаҳои «зиг-заг» ва олотҳои ротатсиониро истифода мебаранд.
Сафолакшиканиро пагоҳӣ ва ё бегоҳӣ бояд анҷом дод. Агар бо сабаби намӣ неш задани пунбадона тӯл кашад, ба қитъаҳо ҷӯяк дар миён об мемонанд. Давомнокии обдиҳӣ дар заминҳои нарм 18-20 соат, дар заминҳои сахт ва шӯрхок 24-32 соат мебошад. Агар мушоҳида шавад, ки пунбадона пӯсида ё аз пӯсиши реша зарар дидааст, зуд дар қитъа кишти дубора бояд гузаронд. Ҳангоми кишт пунбадона хуб таркардашуда ва заҳролудкардашударо истифода мебаранд. Ҳангоми дар ниҳолҳо пайдо шудани як-ду барг ба ягонакунӣ шуруъ менамоянд. Ҳангоми ягонакунӣ ниҳолҳои сабзишашон суст ва касалиро канда мегиранд. Дар вақти ягонакунӣ дар ҳар гектар назар ба меъёри пешбинишуда 7-8 ҳазор ниҳол зиёдтар мемонанд.
Барои таъмини инкишофи барвақтии ниҳолҳои пахта нуриҳои минералиро дар як вақт бо кишт додан лозим аст. Аммо дар солҳои охир ин кор дар хоҷагиҳо ба назар намерасад. Меъёри нуридиҳӣ ба ҳар гектар 100-150 кг/га, аммофос 10-15 кг/га, азот 50-75 кг/га, фосфор (Р2О5) ё худ, 150-200 кг/га нитрофос ва 34-46 кг/га тук (нурии маданӣ, органикӣ) мебошад. Самаранокии нуридиҳӣ ҳангоми ба воситаи сипори махсус қабат ба қабат додани нурӣ зиёд мешавад.Ҳамаи олотҳои нуридиҳиро барои дар як вақт додани нурӣ дар масофаи 5-8 см. дур аз қатори кишт ва дар чуқурии 5-6 см. додан лозим аст.
Ниҳоли пахта ба макро ва микронуриҳо эҳтиёҷи калон дорад. Нарасидани яке аз онҳо сабаби аз инкишоф мондани растанӣ ва кам гардидани ҳосил мешавад. Дар давраи гулкунӣ растанӣ зиёда аз 450-460 кг. ба ҳар гектар гази ангидриди карбонро истеъмол мекунад. Дар ҳаво ҳамагӣ 0,03% гази ангидриди карбон мавҷуд аст. Манбаи асо-сии ин газ нуриҳои органикӣ (поруи ҳайвонот, поруи паранда в анурии сабз) мебошанд. Бамайдонҳои кишти куҳнаи пахта дар се сол таъмин намудани 30-40 тонна пору тавсия дода мешавад.
Нуриҳои органикӣ ҳангоми коркарди асосии замин пошида мешаванд. Агар дар хоҷагӣ поруи па-ранда бошад, онро ба ҳар гектар 4-5-тоннагӣ ҳар сол додан лозим аст. Ба сифати нуриҳои сабз кишти шабдар, берсим, хардал, рапс, перко ва ғайраро истифода мебаранд. Аз истифодаи нуриҳои сабз ҳосилнокии пахта дар соли аввал аз 3 то 5 ва дар ду соли минбаъда 2-3 сентнерӣ меафзояд.
Таҳқиқотҳо нишон доданд, ки заминҳои баъди юнучқа пахта кишткардашуда соле ба ҳар гектар додани 180 кг. азот, аз соли сеюм сар карда, додани 230-250 кг нурии азотӣ ба мақсад мувофиқ мебошад.
Ба риояи муҳлат, меъёр ва тарзҳои додани нуриҳо диққати бештар додан лозим аст. Меъёри солонаи додани нуриҳои маъданӣ ба пахта ин тарз муайян карда мешавад:
1. 30-35% меъёри солонаи нуриҳои фосфорӣ ва тамоми меъёри додани нуриҳои калийдор (50-60 кг/га) ҳангоми шудгор дода ме-шавад. Миқдори боқимондаро дар вақти кишт ва ғизодиҳӣ (3-4 маротиба) медиҳанд.
Тарзи аз ҳама самарабахш ба ҳар гектар якҷоя бо кишт додани 15-20 кг. азот ва фосфор мебошад. Нурӣ бояд аз тухмӣ 5-6 см. чуқуртар ва аз хатак 3-4 см. дар канортар бошад.
2. Ғизодиҳии якуми пахта баъди ягонакунӣ, ҳангоми се-чорбарга шудани ниҳолҳо гузаронида мешавад. Вобаста аз меъёри солона ба ҳар гектар 60-80 кг. нурии азотӣ, ва 30-40 кг. нурии фосфорӣ дода мешавад.
3. Ғизодиҳии дуюмро дар давраи шонабандӣ ва гулкунии саросари ниҳолҳо анҷом медиҳанд. Миқдори нурии додашаванда 60-80 кг. нурии азотӣ ва 30-40 кг. фосфорӣ мебошад.
4. Ғизодиҳии охирон дар давраи ҳосилбандии ниҳолҳо, то 20-уми июл дода мешавад. Ин маротиба тамоми меъёри боқимондаи нуриро медиҳанд. Нурӣ дар мобайни қаторҳои ниҳолҳо дар чуқурии 18-20 см. дода мешавад. Ғизодиҳии пахта вобаста ба ҳолати пахтазор аз 15 то 20 июл ба охир расонида мешавад. Ба майдонҳои дер киштшуда асосан нуриҳои фосфорӣ бо поруи пусонидашуда омехта (таносуби 1:4; 1:5) медиҳанд. Баъди 20-уми июл додани нуриҳои азотӣ пухта расидани ҳосилро кашол медиҳад.
А. САНГИНОВ, н.и.к.,
мудири шуъбаи селексияи пахтаи маҳиннахи филиали Институти зироаткорӣ дар вилояти Хатлон
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.