«Меҳнати ҳалол ба оилаи мо роҳат меорад»
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 24 апрел, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Фарҳанг ва адабиёт / Маориф ва илм / Хабарҳо, Боздид 0
![]()
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд, ки сокинони кишвар аз ҳар як ваҷаб замин самаранок истифода бурда, соле ду-се ҳосил ба даст оваранд ва бо ҳамин дар амнияти озуқавории мамлакат саҳми арзанда гузоранд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид низ дар ҳошияи ин иқдомҳо дар сафарҳояш ба шаҳру навоҳии вилоят ҷиҳати истифодаи оқилонаи заминҳои наздиҳавлигӣ ва рушди гармхонаҳо таъкид менамояд. Аз ҷумла сокинон аз ин даромади хуб гирифта, барои оилаи худ ва ҷомеа зиндагии шоиста ва бозорҳоро бо сабзавотҳои тару тоза таъмин менамоянд. Дар баробари ин, дар ободонии мавзеи зист, кӯчаву маҳаллаи худ, ки як гӯшаи кишвари биҳиштосоямон Тоҷикистонанд, саҳмгузору намуна бошанд...
Завқи зебоипарастӣ бояд дошт
Вақте ки мо аз боби зебоипарастию зебоиофарӣ ҳарф мезанем, пеш аз ҳама, онҳое пеши назар меоянд, ки завқу ҳаваси поккории хона, таъмири босифати дару девор, самаранок истифода бурдани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, ба меҳнати ҳалол омода намудани фарзандон, дар маҷмуъ, аҳли оила ва дигар ободкориҳоро доранд.
Бахтиёр Расулов зодаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аст. Ҳоло бо аҳли оила-аш дар деҳаи Баҳористони Ҷамоати деҳоти ба номи Қадриддин Ғиёсов умр ба сар ме-барад. Ӯро дар ин ҷо хурду бузург хуб мешиносанду эҳтиромаш менамоянд ва номаш-ро бо некӣ ба забон мегиранд. Ин бесабаб нест, албатта. Ӯ дорои хислатҳои наҷиби инсонӣ буда, оилаи намунавӣ барпо намуд, фарзандони накухислат дорад. Падару модар 3 писар, 2 духтари худро соҳиби маълумоти олӣ гардониданд. Фарзанди калонӣ Комрон рӯзноманигор, устоди кафедраи рӯзноманигории ДДБ ба номи Носири Хусрав, номзади илмҳои филологӣ мебошад. Ӯ дар доираи “Соли фарҳанги китобхонӣ” тасмим гирифт, ки ду ҳуҷраи хонаашро ба китобхона табдил дода, барои мутолиаи китоб шароит фароҳам оварад, то аз хазинаи он фарзандону наберагон ва ҳатто ҳамсояҳо низ тавонанд истифода намоянд. Бо дидани он манзара бароямон муяссар шуд, ки аз Осорхонаи оилавии онҳо дидан намоем. Дар захираи китобхонаи оилавӣ беш аз 1000 китоби илмию бадеӣ, рӯзномаву маҷаллаҳо барои завқмандони мутолиа боз аст.
Баҳром, Сорбон, Мунира, Мутриба соҳиби маълумоти олӣ буда, дар соҳаҳои гуногун фаъолият доранд. Бахтиёр ҳамроҳи завҷаи меҳрубонаш Сафарой онҳоро ба роҳи рости зиндагӣ ҳидоят намуданду хононда босаводу соҳибкасб карданд.
Дидан беҳтар аз шунидан аст. Ҳангоми дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар сафари хизматӣ будан, моро хоҳиши бо ин марди зебоиофару ободгар ва рӯзгори ӯ аз наздик ошно шудан пайдо шуд. Бо ин мақсад, чанде пеш меҳмонаш будем. Ҳамин ки вориди ҳавлии ӯ гардидем, бӯйи муаттари гулҳои рангоранг ба машом расида, ба кас ҳаловат мебахшид. Ин ҳавлӣ гулистонро мемонд, ҳама ҷо гулҳо шинонда шудаю гӯё баҳори истиқлолро мемонад.
Боғ барои наберагон
Синни Бахтиёр ба 54 расидаю таҷрибаи бойи истифодаи самараноки заминро дорад. Дар боғи бунёдкардааш кор мекарду завҷаи меҳрубонаш янгаи Сафарой ҳамроҳи келину фарзандонаш дар қитъаи наздиҳавлигӣ ба нармкунии хатакҳои помидор машғул буданд. Писарон дарахтони бороварро коркард менамуданд. Соҳибхона моро хуш истиқбол намуда, ба тамошои боғаш даъват кард.
Боғи онҳо дар майдони 0,17 сотих замин доман паҳн на-муда, навъҳои гуногуни себ, инчунин дарахтони олую олуча, ноку шафтолу, анору чормағзу зардолуву бодом ва ғайра пар-вариш меёбанд ва ҳосили фаровон медиҳанд. Ин манзараҳо ҳар як бинандаро ба худ ҷалб менамуд.
-Ин заминро барои наберагонам бунёд кардам. Ҳатто “Боғи наберагон” ном ниҳодам. Мақсадам, онҳо меваро бо дасти худ чида истеъмол кунанд. Пас, маззаи он дар даҳонашон мемонад, ёди бобо мекунанд, - мегӯяд Бахтиёр.
Бале, ободонию омодаи кишт намудани заминҳо ба ӯ ба осонӣ муяссар нашудааст. Чуноне ки дигарон ин гумонро доранд. Ӯ ба замин бо меҳру муҳаббат муносибат карда, аз ҳар як ваҷабаш оқилона истифода мекунад. Дар заминҳои наздиҳавлигӣ қариб ҳамаи зироатҳои кишоварзӣ рӯёнида мешавад. Ҳосили фаровони картошка, пиёз, сабзию каду, гандуму ҷуворимакка, сирпиёз, кабутӣ, аз қабили пиёзу кашниз, райҳону шибит, помидору бодиринг, боимҷону қаланфури булғорӣ, инчунин ангур ба ин оила фоидаи зиёд меоварду дар тамоми фаслҳои сол барояшон басанда аст. Ҳамзамон аз ҳосили замин ҳаққу ҳамсояҳо ва оилаҳои камбизоат фаровону ройгон истифода мекунанд. Қисми ҳосили боғ барои зимистонгузаронӣ дар шакли тару хушк захира мегардад ва аз он мураббо низ тайёр мекунанд.
Оилаи Бахтиёр Расулов ба парвариши чорво низ машғул аст. Онҳо 5 сар гови ҷӯшо доранд. Ширу қаймоқ, ҷурғоту чака, қуруту маскаи фаровонро роҳати ҷон мекунанд.
-Оилаи мо,- мегӯяд Бахтиёр Расулов,- аз боғдорию обчакорӣ ва истифодаи самараноки замин ҳар сол даромади хуб ба даст меорад. Акнун аҳли оила ба замин рӯ оварда, рӯзгорашонро пеш мебаранд. Барои дарёфти қутти лоямут ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба давлати Русия рафтан ҳоҷат намондааст. Зеро корро дар диёри хеш муҳайё сохтаем.
Бале, меҳнати ҳалол ба оилаи Бахтиёр Расулов роҳат меорад. Тавассути он ризқу рӯзӣ меёбанд ва зиндагии осудаҳолона доранд. Онҳо ин ҳамаро аз файзи Истиқлоли давлатӣ ва дастуру иқдомҳои неки Пешвои миллат арзёбӣ намуда, шукри неъматҳои сулҳу ваҳдат ва истиқлолро мекунанд.
P.S. Бале, меҳнати ҳалол зиндагиро рангин месозад. Инсон маҳз бо меҳнат номи нек меёбад, нони ҳалол мехӯрад. Махсусан меҳнат кардан дар замин баракати зиндагиро афзун месозад. Инро, пеш аз ҳама, мардуми деҳот дарк намуда, рӯ ба замин овардаанд...
С. Аттор, «Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...