Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Ҷозибаи Вахш (Ба шарафи 94 -умин соли фатҳи водии ташналаб:1931-2025)


Ҷозибаи Вахш (Ба шарафи 94 -умин соли фатҳи водии ташналаб:1931-2025)




Пас аз тақсимоти  марзию ҳудудии соли 1924 ва тағйироти соли  1929, яъне баъд аз он, ки шаҳри Хуҷанд ва қисмати ками Водии Фарғонаро ба Тоҷикистон баргардониданд, бармало шуд, ки дар ҷануби Ҷумҳурии мухтори Шуравии сотсиалистии Тоҷикистон, дақиқан дар волии Вахш таъсис додани минтақаи аграрӣ-саноатӣ ҳатмист. Иҷрои он дар заминаи обёрии биёбонҳои ташналаб имконпазир буд.  

Ҷуғрофиё ва таърихчаи водӣ 

Барои андеша:
- дарозии умумии дарёи Вахш: 690 км; 
- дар қаламрави Тоҷикистон – 525 км; 
- ҳудуди  умумии  ҳавзаи  дарёи  Вахш:  39,1 ҳазор км3; 
- харҷи об дар як сония: 3,7 ҳазор м 3

Аъзам  Мӯсоев,  муҳаққиқи  водии  Вахш мегӯяд, таърихи обёрии ин мавзеъ хеле қадимитар аз обёрии он дар аввали асри ХХ аст. 

“Давраи инкишоф ва рушди соҳаҳои гуногун,  зиндагии  мардуми  водӣ,  сохтмону  истифодаи  иншооти  ирригатсионӣ ба  аҳди  Кӯшониён  рост  меояд.  Аммо шабакаҳои муҳими обёрии водии Вахш, ки асрҳо фаъолият доштанд, батадриҷ рӯ ба харобӣ меоварданд. Охири асри XII - ибтидои асри XIII наҳри Кофир аз фаъолият мемонад. Дар ин давра майдонҳои кишт  дар  шимол  ва  ғарби  водӣ,  ки  аз наҳри Ҷӯйбор об мегирифтанд, ба таври назаррас  кам  гаштанд.  Аз  асрҳои  XIII-XIV  иқтидори  обёрии  наҳри  Ҷӯйбор  низ ниҳоят  кам  шуда,  танҳо  имкони  бо  об таъмин кардани қисми шимолии водиро дошт», – афзуд ҳамсуҳбати мо.

Иқлими  гарм,  лекин  хоки  сусттаркиб  хоси  ин  ҷо  мебошад.  Офтоб  қариб ҳамеша  нур  афшонда,  тобистон  то  46-48  дараҷа  гарм  мешавад.  Захираҳои обияш – фаровон. Дар ин водӣ зироати дилхоҳро шинонида, ҳосили хуб гирифтан имконпазир аст.

“Бойигарии  асосии  водии  Вахш  офтоб аст, – тасдиқ мекунад Гулбой Набиев,  номзади  илмҳои география, дотсенти  ДДБ  ба  номи  Н.Хусрав.  –  Чунки  ин минтақа  дар  як  сол  аз  260  то  300  рӯзи офтобӣ дорад. Ҳарорати ҳаво ниҳоят баланд аст. Умуман, дар як сол замин то 6 ҳазор градус гармиро қабул мекунад, ки баландтарин нишондиҳанда дар ҳудуди Тоҷикистон  ва  собиқ  Иттиҳоди  Шуравӣ ба ҳисоб меравад. Ин имкон медиҳад, ки дар ин ҷо зироатҳои техникӣ ва ситрусӣ парвариш карда шаванд”. 

Солҳои  20-уми  қарни  гузашта  дар соҳили Вахш тақрибан ҳафт ҳазор гектар замини корам мавҷуд буд. Пахтаи мисрӣ мекоштанд ва аз як гектари он ҳамагӣ то панҷ сентнер ҳосил мегирифтанд. Нахи дурушти  он  барои  истеҳсолот  мувофиқ набуд. 

Баҳори  соли  1927  чанд  тан  агроном дар  ноҳияи  Саройкамар,  Панҷи  ҳозира, дар  замини  ҳоҷӣ  Аҳмад  ном  деҳқон  27 пунбаи  ҳисобӣ  кошта,  даҳ  бех  пахта рӯёниданд.  Ин  аввалин  таҷриба  барои офаридани  пахтаи  маҳиннах  дар  водии Вахш буд.

Соли  1928  ирригатор  Вячеслав Стариков  бо  супориши  раиси  Кумитаи инқилобии  Ҷумҳурии  Мухтори  Шуравии Сотсиалистии  Тоҷикистон  Нусратулло Махсум бо мақсади кашфи заминҳои барои киштукор мувофиқ гурӯҳи тадқиқотӣ созмон  дод.  Чандин  моҳ  савораву  пиё-да бероҳаҳоро тай зада, водии Вахшро пажӯҳиш  карданд.  Хулосаи  экспедитсияи илмӣ ин буд, ки дар водии мазкур наздики 90 ҳазор гектар замини коромад аст.  Ин  хабар  таваҷҷуҳи  роҳбаронро ҷалб кард.

Селексионери  пахта,  номзади илмҳои кишоварзӣ Абдуҷалил Сангинов мегӯяд, он замонҳо деҳқонони тоҷик дар хусуси парвариши пахта тасаввурот надоштанд.

“Мо ҳатто намедонистем, ки чи хел заминро тайёр кунем, байни қаторҳои пахта бояд чанд шавад, онро чи гуна корем. Ҳамаи  инро  олимон  солҳои  дурудароз кор  карда,  санҷида,  ба  пахтапарварон омӯзониданд. Ва селексионерҳо диданд, ки иқлими водии Вахш ба водиҳои Миср монанд аст, яъне ин ҷо то 6 ҳазор дараҷа гарм мешавад, итминон ҳосил карданд, ки  ин  водӣ  водии  пахтаи  маҳиннах  аст. 

Аз  ҳамин  сабаб  тибқи  нақшаи  нав  кор барои  баровардани  пахтаи  маҳиннах идома  ёфт  ва  аз  солҳои  70-ум  навъҳои беҳтарини  он  пайдо  шуд.  Пасон  пахтаи навъи  Фидал  ихтироъ  шуд.  Он  ҳосили баланд дошт ва касал намешуд. Мо онро солҳои  дурудароз  интихоби  фардӣ  кардем. Ҳамин тавр, то соли 1992 ҳосил аз ҳар  як  гектар  пахтазор  37,2  сентнерро ташкил  мекард.  Бо  серҳосилӣ  мо  дар миёни дигар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ  фахр  мекардем.  Ҳосили пахтазорҳои онҳо аз 13-14 сентнер зиёд набуд,  аз  ҷумла  аз  Ӯзбекистон.  Аз  Амрико  ҳамагӣ  16-16,5  сентнер  буд.  Яъне Тоҷикистон  аз  ҷиҳати  серҳосилии  пахта дар тамоми дунё дар мақоми аввал буд”, - гуфт ин олими тоҷик. 

Лимӯи  тоҷикӣ  низ  маҳз  аз  баракати  ҳамин  водӣ  пайдо  шудааст.  Соли 1934 дар водии Вахш дар ҳудуди собиқ ноҳияи  Колхозобод  (ҳоло  ба  номи  Ҷ. Балхӣ)  пойгоҳи  таҷрибавии  Институти умумииттифоқии илмӣ-тадқиқотии ситруспарварии  Тошканд  таъсис  шуд.  14  сол заҳмат кашида, навъи тропикии лимӯро ба  иқлими  субтропикии  Вахш  мутобиқ карданд.  Ин  лимӯи  тоҷикӣ  дар  бозори ҷаҳонӣ  харидори  зиёд  дошта,  гӯштии сершира, аз витамини С бой ва хушхӯр аст. Аз ҳамон соли 1949 дар Тоҷикистон пешаи  нав  -  лимӯпарвар  пайдо  шуд. Ва  аз  солҳои  60-ум  деҳқонони  маҳаллӣ парвариши  лимӯро  дар  гармхонаҳои наздиҳавлигӣ ёд гирифтанд.

ОҒОЗИ БУНЁДКОРИИ АЗИМ

Барои андеша:
се  сабаби  асосии  азхудкунии  водии Вахш:
-  замини  киштбоби  кам  доштани Тоҷикистон;
-  ниёзи  шадиди  Иттиҳоди  Шуравӣ ба пахтаи арзон;
-  фоидаи  бештар  гирифтан  аз ҳисоби Тоҷикистон.

Нусратулло  Махсум  дар  такя  ба натиҷаи  пажӯҳиши  Стариков  тавонист, ки  барои  кандани  наҳри  калон  дар  дарёи Вахш, обёрии 94 ҳазор гектар замин ва  бунёди  инфрасохтор  иҷозати  Маскавро  бигирад.  Ӯ  замини  корами  кам  доштани  Тоҷикистонро  ба  баҳс  кашида, борҳо ба роҳбарияти болоӣ, бахусус ба Сталин  муроҷиат  ва  азхудкунии  водии Вахш  ва  ба  рӯйхати  сохтмонҳои  зарури панҷсолаи аввали шуравӣ шомил кардани онро хоҳиш мекард. Барои зудтар азхуд шудани ин заминҳо Нусратулло Мах-сум ва дигар ходимони давлат ҳанӯз аз соли 1926 одамонро аз ҷойҳои сераҳолӣ мекӯчониданд.  Аввалин  муҳоҷирони Вахш  аз  наздикиҳои  Помир  ва  аз  водии  Фарғона  буданд. 


Мутахассисони дар  азхудкунии  даштҳои  Дилварзини Ӯзбекистон  таҷрибаандӯхта  барои  пешравии  сохтмони  Вахш  маслиҳатҳои  муфид медоданд. Коргарон дам нагирифта меҳнат  мекарданд  ва  ҳам  касбу  ҳунари нав меомӯхтанд. Устохонаҳои дуредгарӣ, оҳангарӣ  ва  таъмири  техникаву  механизм бунёд меёфт, ки боз солҳои бисёр барои  гулгулшукуфии  водӣ  истифода шуданд. 

“Бо  саъю  талошҳои  ниҳоят  зиёди ана  ҳамин  фарзанди  фарзонаи  миллат тоҷиконро  аз  кӯҳистон  ба  водии  Вахш муҳоҷир карданд, ки ҳам заминҳоро азхуд кунанд ва ҳам ба парвариши пахтаи маҳиннах  оғоз  бахшанд.  Лекин,  вақте ки дар Маскав ин масъаларо пешниҳод кард,  гуфтанд, мо  аз  дигар  ҷумҳуриҳо низ  мардумро  барои  обод  кардани водӣ  муҳоҷир  мекунем.  Нусратулло Махсум бо як ғайрат гуфтанд, ки не, мо ҳамон қадар халқе дорем, ки онҳоро аз кӯҳистон  муҳоҷир  карда,  ба  водӣ  орем. Албатта,  онҳо  инро  он  қадар  хуб  қабул накарданд”,  -  иброз  дошт  Давлаталӣ Алимов,  доктори  илмҳои  таърих,  профессори ДДБ ба номи Н. Хусрав.

Бисёриҳо  ба  мутеъ  гаштани  Вахши саркаш  ва  табдили  биёбони  қадимӣ  ба боғу бӯстони дилфаро бовар надоштанд.

“Аз  маҳалли  сохтмони  Вахш  ҳамон замон шахсиятҳои зиёди шуҳратёр, ҳатто хабарнигорони хориҷӣ дидан мекарданд, - нақл мекунад муҳаққиқи матбуоти Вахшонзамин,  номзади  илмҳои  филологӣ Носирҷон  Маъмурзода.  -  Ҳатто  аз  як расонаи  америкоӣ  ҳам  омада,  онро  як лоиҳаи ғайри қобили иҷро номида, гуфта буданд, ки инсон ба қудрати худаш наметавонад ин лоиҳаро амалӣ созад. Лекин таҷриба  нишон  дод,  ки  меҳнаткашони тоҷикистонӣ ба мақсади хеш расиданд”.

Муҳандиси америкоӣ Людвил Гордон, ки  бо  даъвати  Ҳукумати  шуравӣ  соли 1931  ба  водии  Вахш  омада  буд,  пас  аз дидани мавзеъ бо ҳамин мазмун эътироз кард: “Шумо хаёлпараст ва афсонабофи бомаҳорат  будаед!  Ман  дар  азимтарин системаҳои  ирригатсионӣ  кор  кардаам.  Ширкатҳои  америкоӣ  маро  як  шахси соҳибтаҷриба ва боҳуш меҳисобанд. 

Ман  ба  қадр  кардани  андешаҳои  густохон ва нақшаҳои бебоки эшон одат кардаам.  Лекин  он  андешаҳои  шумо  дар мавриди  Вахш  ҳатто  лоиқи  баррасии ҷиддӣ нестанд. Ман мегӯям, ки инсоният то ҳол дар ин гуна шароит ҳамин гуна корро иҷро накардааст!”. 

Рақибони  сиёсӣ-иқтисодии  давлати шуравӣ ба мавзеи сохтмон ҷосус мефиристоданд. “Ба  ин  ҷо  аз  Амрико  ва  аз  дигар давлатҳои  хориҷӣ  мутахассис  даъват карданд. Мутахассисон  бояд  ба  мо  ёрӣ мерасонданд,  аммо  баъзе  ҳолатҳо  ошкор  шуд,  ки  иддае  аз  мутахассисон  намехостанд дар ҳамин водӣ пахтаи мисрӣ кошта  шавад.  Чунки  ин  пахтаро  фақат Миср  ва  Амрико  мекорид.  Вақте  ки  яке аз  давлатҳои  харидори  асосии  пахтаи мисрӣ онро дигар намехарад, дар он ҷо буҳрон ба вуҷуд меояд. Он мутахассиони вайронкор сари вақт дастгир ва ҷазо дода  шуданд”,  -  зикр  кард  Давлаталӣ Алимов.

Нахустин сармуҳандиси сохтмон Нелсон-Скорняков  ба  Маскав  чунин  телеграмма фиристода буд: “Дар “Вахшстрой” замин зуд-зуд фурӯ меравад.Сохтмонро идома додан имкон надорад”. Маскав инро  низ  ба  инобат  нагирифт  ва  барои  ҳалли  масъала мутахассисони боқувваттар фиристод. 

Мирсаид Миршакар – яке аз аввалин муҳаррирони рӯзномаи нахустини Хатлонзамин – “Сохтмони зарбдори Вахш” ба рағми он зумра рӯзноманигорону мутахассисон чунин мисраъҳои обдор, ки таҷассуми қатъияти фотеҳони водӣ аст, эҷод карда:

Маънии номи туро, эйрӯди Вахш,
Ҳар касе аз рӯйи ақлу фаҳми худ шарҳ дод.
Он яке ваҳшӣ туро номида буд,
Дигарӣ – пурхашм, 
Сеюм – бадниҳод...

Бишнав аз ман маъниятро:
– Рӯди Вахш – 
Ганҷбахшу 
Хайрбахшу
Нурбахш!

15-уми сентябри соли 1931 сохтмони  бузургмиқёси  лоиҳаи  обёрии  Вахш расман  шуруъ  шуд.  Он  дар  рӯйхати 150  иншооти  муҳимтарини  Иттиҳоди Шуравӣ ҷо ёфта, сохтмони панҷсолаи аввали умумииттифоқ эълон шуд. Арзиши лоиҳавии сохтмонро 155 миллиону 700 ҳазор рубл муайян карданд, ки дар он замон маблағи калон буд.

“Ба  замми  ин,  ки  аз  ҷумҳуриҳои Иттиҳоди  Шуравӣ  мутахассисон  омада  буданд,  ҳатто  аз  Афғонистон  низ як  гурӯҳи  коргар  дар  сохтмони  Вахш иштирок карда буданд, - тазаккур дод Давлаталӣ Алимов. - Ҳамин буд, ки 13-уми сентябри соли 1933 қисмати якуми “Вахшстрой” ба охир расид. Яъне дар водие, ки то соли 1929 ҳамагӣ 7 ҳазор гектар замини корам дошт, зиёда аз 72 ҳазор  гектар  замини  ташналаб  обёрӣ шуд”. 

Аввалин  азхудкунандагони  водӣ, ки  дар  байнашон  маҳкумшудаҳо  низ буданд,  гармии  тоқатфарсо  ва  ғубори ғафси  қумистон,  туқайзорҳои  касногузари  пур  аз  кӯрпашшаи  паҳнкунандаи табларза  ва  ҳашароту  хазандаҳои  гуногун,  ҳангоми  боришот  ғӯтида  роҳ рафтан  дар  лойу  ботлоқро  таҳаммул мекарданд.  Сохтмончиён  шабу  рӯзро зери ягон шипанги қамишӣ ё латтапӯш, дар хайма ва заминканҳои ғормонанд мегузарониданд.  Сарпаноҳи  мувофиқ ҳоло  набуд.  Шароити  бади  зист, беморҳои  гуногун,  кори  вазнин,  камбуди  хидмати  тиббӣ  ва  тасодуфҳои ногаҳонӣ  баъзеҳоро  маъюб  ё  ҳалок мекард.

Шоҳиди  азхудкунии  водӣ,  сокини  ноҳияи  Данғара  Пирмаҳмад  Абдуллоев  бо  умри  аз  110  сол  боло  он рӯзҳоро нағз дар ёд дорад: “Заминҳои калон, чӯл, туқай буд, қамиш, санҷид. 

Ҷангалҳое буд, ки аз байнашон гузашта намешуд. Он қадар ҷондори бисёре буд:  шағол,  хук...  Ин  ҳайвонҳо  беҳад бисёр буданд. Мурғони даштӣ аз байни туғайҳо села-села мехестанд.
Баъд ҷангалҳоро алав заданд, сӯхт! 
Шаб месӯхт, гурросашро мешунидӣ”.

Бо  вуҷуди  мушкилиҳои  зиёд таблиғи  ғояи  судовари  сохтмон  самараи дилхоҳ ба бор меовард ва дар нимаи  соли  1931  дар  водии  Вахш  аз тамоми Иттиҳоди Шуравӣ зиёда аз 10 ҳазор кас арақи ҷабин мерехт.

8-уми  феврали  соли  1931  дар  бораи таъсиси рӯзнома бо забонҳои русӣ ва тоҷикӣ бо номи “Ударник Вахшстроя” –  “Сохтмони  зарбдори  Вахш”  қарор қабул шуд. Ин ҳам натиҷаи кӯшишҳои ташвиқгарони сохтмони овозадор буд.

“Бо  вусъат  пайдо  кардани  ин  сохтмон барои  пеш бурдани  корҳои таблиғотӣ, ташвиқотӣ ва инъикоси раванди  сохтмон  зарурат  пайдо  шуд,  - мегӯяд  Носирҷон  Маъмурзода.  -  Дар навбати аввал дар маҳалли сохтмони Вахш бо номи “Ударник Вахшстроя” ё бо  тоҷикӣ  “Сохтмони  зарбдори  Вахш” газетаҳои деворӣ таъсис доданд. Аввали солҳои 30-юм дар ин газетаи деворӣ бинокорон дар бораи бригадаҳои худашон хабар медоданд, ки мо имрӯз кори фалон қитъаро анҷом додем. 


Ин нашрия дар баробари инъикоси  раванди  корҳои сохтмонӣ  ё  обёрии  Вахш, ҳамзамон  дар  ибтидои солҳои  30-юм  барои  маҳви бесаводӣ  нақши  мондагор гузоштааст.  Яъне  бо  чопи мақолаҳо,  хабарҳо,  хуллас бо  чопи  маводҳои  гуногунжанр  барои  босаводшавии мардум  саҳм  доштааст. 

Ҳар  шом  дар  маҳали  сохтмон  дар  вақти  тановули ғизо ё истироҳати коргарон рӯзномаро бо садои баланд қироат  мекарданд  ва  ба ҳамин васила меҳнаткашон аз  натиҷаҳои  кори  якдигар огоҳ  мешуданд.  Онҳоеро, ки  коҳилӣ  нишон  медоданд ё  ин  ки  муқобили  сохтмон буданд, мазаммат мекард.


Ин  рӯзнома  дар  он  солҳо  саҳлу сода не, балки аз нуқтаи назари эҷодӣ ва ҳам аз ҷиҳати техникӣ бо машаққати зиёд  чоп  мешуд.  Дар  маҳали  сохтмон  матбаа  набуд.  Ҳар  як  шумораи рӯзнома, ки он вақт дар як ҳафта се маротиба чоп мешуд, бо машаққати зиёд то Сталинобод (Душанбеи ҳозира) бурда, дар он ҷо чоп мешуд”. 

“Ҷанги  одам  бо  оби  Вахш қаҳрамонист”,  -  аз  забони  устод Садриддин  Айнӣ  дар  ёддоштҳои хеш  нақл  мекунад  яке  аз  нахустин сармуҳаррирони  рӯзномаи  “Сохтмони зарбдори Вахш” шоир Мирсаид Миршакар.  Кулли  адибону  рӯзноманигорони тоҷик,  шуравӣ  ва  хориҷӣ  ба  ин  сохтмони  азими  аср  таваҷҷуҳ  доштанд. 


Дар  бораи  он  асарҳои  манзуму  мансур  таълиф  мекарданд,  мақолаҳо менавиштанд,  қаҳрамониҳои  камназири  эшонро  васф  мекарданд.  Олимон  рисолаҳои  илмӣ  менавиштанд, синамогарон филм омода мекарданд. Мақсад як буд: ба қадри заҳмати одамон  расидан,  ба  ободкории  бештар таҳрик додани дигарон. 


Аҳли  эҷод  на  фақат  аз  дур  вассофи  ин  корзори  меҳнат  буданд,  балки дар азхудкунии водӣ бо сеҳри сухан ва ранги қалам саҳм мегузоштанд. Шоири халқии  Тоҷикистон  Мирсаид  Миршакар,  шоири  украинӣ  Платон  Воронко, нависандаи  лаҳистонӣ  Бруно  Ясенский  (ӯ  баъдтар  қурбони  таъқиботи сталинӣ шуд), академики белорус Фё-дор Винокуров аз ҷумлаи онҳо буданд. 


Боре шоири маъруфАбулқосим Лоҳутӣ аз гирудори ободкорони Вахш ба ваҷд омада, аз Сталинобод барои фотеҳони водӣ ва фарзандони онҳо китобу дафтару қалам овардан мехоҳад. Пас аз се шабонарӯзи ҳаракат вақти гузаштан аз як соҳил ба соҳили дигар занҷири паром меканад ва рӯйи обро дафтару китоб мегирад. Шоир бо азоб наҷот ёфта, ба Сталинобод бармегардад. Инро шунида, рафиқонаш барои ӯ лавозимоти донишандӯзиро гирд меоваранд ва ниҳоят сафари дувуми шоир бобарор анҷом меёбад. 


Ба ин корзори меҳнат шуруъ аз охири соли 1931 зиёда аз 300 мошин, 500 трактор, 25 экскаватор, 1000 асп, 2000 уштур, 1000 вагон маҳсулоти сохтмонӣ оварда  шуд.  Борҳо  тавассути  роҳи оҳан  то  Тирмиз,  аз  он  ҷо  ба  воситаи Амударё то бандари Панҷи Поён мерасиданд. Аз он ҷо агар шавад, бо мошин мекашонданд, нашавад, бо аспу хару ароба.


Набудани  роҳҳои  автомобилгард ва  оҳан  боркашониро  душвор  карда буд.  Сохтмон  майдони  ҳарбу  зарбро мемонд. На ҳарбу зарби одам бо одам, балки бо монеаҳои табиат. 


Ба Панҷи Поён 25 экскаватори нав оварданд.  Онҳоро  бо  тилло  аз  Амрико  харида  буданд.  Кашондани  онҳо аз  масофаи  камобеш  100  километр то  қитъаи  дувуми  сохтмон  имкон  надошт.  Муҳандисе  пешниҳоди  аҷиб кард:  экскаваторҳоро  бо  ҳаракати  худашон  бурдан  мумкин.  Баъди  беш  аз даҳ шабонарӯз заҳмати сахт онҳоро то ҷойи зарурӣ расониданд.


Сохтмони аввалин роҳи оҳани тангбар аз Панҷи Поён то Сарбанд, Леваканти ҳозира бинобар набудани шпал тӯл  мекашид.  Барои  идома  додани роҳи  оҳан  мутахассиси  ҷавон  Сергей  Мирошниченкоро  фиристоданд.  Ӯ роҳиоҳанчӣ  не,  балки  ирригатор  буд. 


Коргарон  бо  супориши  роҳбари  нав то  замони  расидани  шпал  аз  Бешаи Палангон  ғуллачӯб  буридаю  тарошида,  дар  зери  релсҳо  мехобониданд. 12-уми  марти  соли  1932  роҳи  оҳани Саройкамар-Сарбанд  бо  дарозии  102 километр ба истифода дода шуд, ки ин кори  сохтмончиёни  водиро  хеле  осон кард. 


Дар  рӯзҳои  аввали  истифода  аз роҳи оҳан як ҳодисаи нохуш рӯй дод. Ронандаи ҷавони ин буғмошини қатора ба бухории он ангишти бисёртар рехту вайронаш кард. Он дар нисфи роҳи сохтмон аз ҳаракат бозистод. Ин ягона қатораи масири мазкур буд. Барои таъмир қафо фиристодани он вақти зиёдро мегирифт. Тарс, изтироб, ночорӣ ба дилҳои ҳамагон панҷа андохт. Сухани устои буғмошин Карташевский шуълаи умедро  фурӯзон  кард:  “Рафиқон,  хавотир нашавед, тармимшаванда аст!”. 


Фармуд, то аз тори сараш оби сард резанд. Сару дастонашро бо латтаи тар печонид. Асбобҳоро гирифту ба бухории  тафсони  буғмошин  даромад.  Ҳар ним соат бо дасту рӯйи суп-сурх берун меомад.  Гармиро  аз  худ  дур  мекард ва боз даруни бухорӣ мерафт. Тахминан  пас  аз  ду  соат  кори  вазнин,  балки  азхудгузарӣ  буғмошини  қатора  соз шуд. Ҳама нафаси сабук кашиданд. 


То тирамоҳи соли 1933 наҳри калони Вахш ва даҳҳо иншооти обрасонии он  омода  шуданд.  13-уми  сентябри соли  1933  соати  14:15  дақиқа  сангу хоки пеши обро таркониданд ва ба ин наҳри  пайдо  бо  қувваи  одамизод,  ки баъдтар  номи  Сталинро  гирифт,  оби деринтизор  ҷорӣ  шуд.  Вале  сохтмончиёнро  мушкилоти  нав  дар  пеш  буд. 


Гоҳе хоки асрҳо ташналаби канораҳои наҳр  фурӯ  мерафт,  гоҳе  заминҳои киштзор.  Одамон  ва  техникаҳоро  гӯё замин  фурӯ  мебурд.  Барои  зинда  ба зери хок нарафтан коргарон дар рӯйи китфашон  ба  мисли  чӯпонҳо  чӯбҳои ду-семетра мегирифтанд.


Баъд  аз  се  моҳи  ин  рӯйдоди фараҳбахш  пешкори  азхудкунии  водии  мазкур  Нусратулло  Махсум  аз вазифа  барканор  ва  барои  таҳсил  ба Академияи банақшагирии Маскав фиристода шуд. Соли 1937 ин шахсияти ватандӯстро  кӯтоҳназарон  ба  гирдоби бало  печонида,  бо  тариқи  паронидан ба шаҳодат расониданд. 


Ба  ҷуз  аз  душвориҳои  иқлимӣ, маишӣ  ва  корӣ  дар  Вахш  боз  як масъалаи  ҳалталаб  буд,  ки  он  дар сохтмонҳои  дигари  шуравӣ  вуҷуд  надошт. Мухолифони сохти нав, ки болшевикон  онҳоро  босмачӣ  мегуфтанд, намехостанд  идеологияи  коммунистӣ ҷойи  фарҳангу  фазои  одатиро  ишғол кунад.  Ҷангу  муборизаҳои  давомдор гоҳо ба суръати кор ва руҳияи одамон латма мезад.


МАҶРОЯШ МАҶРОИ ЗИНДАГИСТ


БАРОИ АНДЕША. МАСОҲАТИ УМУМИИ
ВОДИИ ВАХШ: 1 479 400 ГЕКТАР; 
ЗАМИНҲОИ КИШОВАРЗӣ: 
960 ҲАЗОР ГЕКТАР; 
ЗАМИНҲОИ БАРОИ КИШТУКОР МУВОФИҚ: 234,1 ҲАЗОР ГЕКТАР. 


Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ва хисорот аз он  сохтмони  мазкурро  чанд  сол  ист дод. Соли 1946 роҳи пуршарафи Нусратулло Махсумро фарзандони дигари миллат  –  Бобоҷон  Ғафуров,  Ҷаббор Расулов  ва  Турсун  Улҷабоев  идома доданд.  Ба  хотири  тараққиёти  бештари водӣ барномаи эъмори неругоҳҳои барқи  обӣ,  корхонаҳои  истеҳсолӣ ва  дар  заминаи  онҳо  обёрӣ  кардани заминҳое,  ки  об  баромада  наметавонист, тасвиб шуд.

Барои  иҷрои  барнома  боз  ҳам кӯчонидани  одамон  аз  маҳалҳои сераҳолӣ  ба  навоҳии  Шаҳритус, Қубодиён,  Қумсангир,  Вахш  лозим шуд. Баҳри қариб ҳама аҳолии баъд аз заминҷунбии мудҳиши соли 1949 зиндамондаи Ҳоит водии Вахш ҷойи зисти доимӣ муқаррар гардид.


“Баъди Ҷанги дуюми ҷаҳон давлати шуравӣ  техникаҳои  олмониро  овард. Онҳо техникаҳои нағз доштанд. Давлати мо аз ин ҳисоб бой шуд. Тракторҳои собиқи шуравӣ чархҳои оҳании ба мис-ли  теша  дошт,  ки  бо  онҳо  кор  кардан осон  набуд.  Агар  бо  роҳ  ҳаракат  ме-кард, роҳ ҷуфт мешуд”, - ба ёд овард бобои Пирмаҳмад Абдуллоев.


Пас  аз  ба  истифода  супурдани неругоҳҳои  Перепадной  ва  Головной ба заминҳои хушки Бешкент, Қарадум, Қаровултеппа, Ғароутӣ, Тошработ, Уртабуз,  Қараланг,  Ёвон  ва  Обикиик  об омад.  Ва  то  солҳои  70-ум  камобеш 100  пойгоҳи  обкашӣ  сохта  шуд,  ки онҳо  на  фақат  аз  дарёи  Вахш,  балки аз Панҷу Кофарниҳон низ ба заминҳои баландҷо об мебароварданд.


Охири  солҳои  80-ум  низоми  обёрии  Вахш  дар  қаламрави  Тоҷикистон аз  ҳама  зиёд  -  3  ҳазору  750  иншооти  ирригатсионӣ  дошт.  Дарозии  он 2  ҳазору  375  километр  ва  силсилаи дринаж-коллекторҳо  ба  1  ҳазору  650 километр  мерасид.  Майдони  умумии заминҳои обёришаванда ба 200 ҳазор гектар баробар шуд.


“Дар  дарёи  Вахш  то  имрӯз  нуҳ силсиланеругоҳ  сохта  шудааст,  - мегӯяд  Файзиддин  Қувватов,  коршиноси  масоили  неругоҳҳо.  -  Дар  ин  ҷо захираи  табиии  об  ё  худ,  ҳавзаҳои обанборҳои  неругоҳҳо  нигоҳдорӣ мешаванд,  ки  дар  солҳои  камобии табиӣ  на  фақат  Тоҷикистонро,  балки кишварҳои  поёнобро  бо  об  таъмин карда  метавонанд.  Ва  зиёда  аз  80 дарсади  захираҳои  гидроэнергетикии Тоҷикистон  маҳз  дар  водии  Вахш  ташаккул меёбанд”. 


Меҳнати  азхудкунандагони  водӣ самари  нек  дод.  Дар  замони  шуравӣ водии Вахш зиёда аз 47 дарсади пахтаи  ҷумҳуриро  истеҳсол  мекард.  Бои-гарии  асосии  водӣ  пахтаи  маҳиннах буд,  ки  солҳои  алоҳида  то  300  ҳазор тонна ғундошта мешуд. Зиёда аз 90 дарса-ди пахтаи маҳиннахи Тоҷикистон ва ҳамин миқдор меваҳои ситрусӣ, асосан лимӯ дар ин  водӣ  мерӯид.  Соли  1980  деҳқонони тоҷик ба хирмани давлат як миллион тонна пахта супурда, ҳамаро ба ҳайрат оварданд. 


Иттиҳоди  Шӯравӣ  аз  пахтаи  Тоҷикистон фоидаи  зиёд  гирифта,  дар  зарфи  якчанд сол  тамоми  хароҷоти  барои  фатҳи  водӣ кардаашро  пӯшонид.  Ибораи  “тиллои  сафед” маҳз ҳамон солҳо ба махзани луғавии тоҷикон ворид шуд. 


“Имрӯзҳо  дар  водии  Вахш  ба  маблағи 25  миллиарду  218,2  миллион  сомонӣ маҳсулот истеҳсол мешавад, ки ин 34 фисади ҳиссаи сатҳи ҷумҳуриро дар бар меги-рад, - мегӯяд Ҷумъахон Сафарзода, мудири  шуъбаи  иқтисод,  молия  ва  ояндабинии мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти  давлатии вилояти  Хатлон,  -  Мувофиқи  маълумоти  оморӣ,  дар  замони  соҳибистиқлолии Ҷумҳурии  Тоҷикистон  фақат  соли  1991-ум 417,1 ҳазор тонна пахта истеҳсол шудааст, ки ин ҳам аз ҳисоби заминҳои водии Вахш аст. Истеҳсоли бештари неруи барқ низ дар миқёси  ҷумҳурӣ  ба  ҳамин  водӣ,  дурусттараш ба силсиланеругоҳҳои рӯдхонаи Вахш рост  меояд.  Соли  гузашта  неругоҳҳои  дар ин дарё фаъолияткунанда зиёда аз 18 миллиард киловатт/соат неруи барқ тавлид кар-да буданд”. 


Тамоми манфиат ва манзалати Вахшро шоири  тавоно  Мирсаид  Миршакар  дар  ин ду мисраи дилниш ба ҳам оварда:
Ифтихори Тоҷикистон, рӯди Вахш,
Мавҷ зан! Дар мавҷҳоят зиндагист!


ПАНҶ ГУФТОВАРДИ БУНЁДӢ


Абдуҷалил  Сангинов: “Агар  водии Вахш  аз  худ  намешуд,  мо  Тоҷикистонро сарзамини  пахтакорон  гуфта  наметавонистем”. 


Пирмаҳмад  Абдуллоев: “Давлат  чизе мекорид,  нақша  100  дарсад  иҷро  мешуд. 
Азбаски фоида аз пахта зиёд буд, оҳиста-оҳиста  ҳама  ба  пахтакорӣ  гузаштанд  ва 
киштукори  дигар  зироатҳо  кам  шудан  гирифт”. 


Қувватов Файзиддин: “Водии  Вахш дар  Тоҷикистон  ягона  минтақаест,  ки аз  заминҳояш  дар  як  сол  то  чор  ҳосил рӯёнидан мумкин аст.


...Водии  Вахш  аз  ҷиҳати  ҷуғрофӣ  ва иқлимӣ  ягона  минтақае  аст,  ки  дар  он  ҷо соҳаи  гидроэнергетика  дар  сатҳи  воло тараққӣ кардааст, зеро дар ин водӣ дарёи тезҷараёни пур аз неъматҳои табиат ҷойгир аст, яъне дарёи Вахш”. 


Носирҷон  Маъмурзода: “Аввалин аломатҳои  журналистикаи  шаҳрвандӣ  дар Тоҷикистон  маҳз  дар  маҳали  сохтмони Вахш пайдо шудааст. Яъне аввали солҳои 30-юм  дар  газетаи  девории  “Сохтмони зарбдори  Вахш”  шаҳрвандон,  асосан  бинокорон,  дар  хусуси  кори  бригадаҳояшон хабар дода, пешқадамонро ситоиш ва танбалонро сарзаниш мекарданд”. 


Давлаталӣ  Алимов: “Дар  “Ҳудуд-ул-олам”  омадааст,  ки  дар  наздикии  дарёи Окшо, яъне Вахши кунунӣ шаҳру давлатҳои тоҷикон бо номҳои Кофирқалъа, Лағмон ва дигар ҷойгир шудаанд. Биноан, ин ақида, ки тоҷикон соҳили Вахшро аз садаи ХХ макони сукунат ихтиёр кардаанд, сахт ғалат аст”.

ОХИРСУХАН


Дар зарфи 94 соле, ки Вахш марҳила ба марҳила то ин ҳадде, ки мо кунун мебинему лаззат мебарем, шукуфт, водии заррин ба хидмати таърихнигорону пажӯҳандагони осор  исми  қаҳрамонони  зиёдеро  тақдим кард.  Месазад,  ки  корнамоии  эшонро  бо нигоҳи тоза жарфтар омӯхт, саҳми мардуми маҳаллиро беҳтар муайян кард ва номи аз тасодуфҳо  фавтидагонро  зинда  гардонид, ҳарчанд асосан ба русӣ ва андаке ба тоҷикӣ чизҳои дархӯри сиёсати он замон эҷод шудаанд. Онҳо бояд барои наслҳои ояндасози мо тимсоли асили бунёдгарони ин ватан бошанд.


(PS:  Ахиран  бо  коргардонии муаллифи  мақола  дар  студияи “Хатлонфилм” филми мустанади  “Ҷозибаи  Вахш”  таҳия  шуд. Он,  ба  эҳтимоли  зиёд,  имсол тавассути  шабакаҳои  телевизионии  вилояти  Хатлон  ва ҷумҳурӣ манзури бинандаҳо мешавад).


Муродиён Зокир ҲАСАН, 
Аълочии матбуоти Ҷумҳурии  Тоҷикистон,
махсус барои «Хатлон»


Шумораҳои №21 (3624) ва №22 (3625)

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода