Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Пешвои миллат ...
...
Санаи 30-юми июни соли 2021, дар театри вилоятии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар бо иштироки Фирӯза Шарифӣ, муовини раиси вилояти Хатлон, Тоҷиниссо Маҳмадова, директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ашуралӣ Олимӣ, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон, муовинони раисони шаҳру навоҳӣ, мудирони бахшу шуъбаҳои маориф ва ғолибони даври ҷумҳуриявии олимпиадаи мактаббачагон ҷамъомад доир гардида, ғолибони олимпиадаҳо қадрдонӣ карда шуданд.
Нахуст, Фирӯза Шарифӣ, муовини раиси вилояти Хатлон суханронӣ карда, аз сифати таълиму тарбия, шароиту имконияти кору таҳсил дар соҳаи маорифи Хатлон ва дастовардҳои толибилмони муассисаҳои таълимӣ дар озмуну олимпиадаҳо ёдовар гардид. Гуфта шуд, ки тибқи қарорҳои дахлдори ба тасвибрасидаи раиси вилояти Хатлон ҳимояи рисолаҳои докторї ва номзади илм дар самти фан ва илмҳои табиатшиносї, дақиқ ва риёзї ба олимону роҳбарони илмии онҳо (вобаста ба теъдодашон) мутаноси-бан дар ҳаҷми 10 ва 5 ҳазор сомонї, барои ҳимояи рисолаҳои докторї ва номзади илм ба кормандони соҳаи маориф ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумї низ (вобаста ба теъдодашон) мутаносибан дар ҳаҷми 10 ва 5 ҳазор сомонї, ҷоизаҳои раиси вилояти Хатлон дар соҳаи маориф ба миқдори 10 адад ҳар кадом дар ҳаҷми 5 ҳазор сомонї, стипендияҳои раиси вилояти Хатлон ба олимони эҷодкор ва хонандагону донишҷӯёни аълохони муассисаҳои таҳсилоти олї, миёна ва касбии ҳудуди вилоят бо шумораи 120 адад, дар маҷмӯъ ба маблағи 252 ҳазор сомонї, стипендияҳои раиси вилояти Хатлон ба хонандагони аълохон ва навовару эҷодкори муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят бо шумораи 70 адад, дар маҷмӯъ ба маблағи 168 ҳазор сомонї ҳамасола пешбинӣ карда мешавад. Тибқи қарори мазкур мукофоти ҳавасмандсозї ба хатмкардагони синфи 11, ки муассисаи таҳсилоти миёнаи умумиро бо медали тилло ва нуқра ва аттестати аълои универсалию равиявї хатм менамоянд бо дарназардошти роҳбари муассисаи таълимї (вобаста ба шумораи хонандагони комёбшуда) мутаносибан дар ҳаҷми 10 ва 3 ҳазор сомонї, мукофотҳои ҳавасмандсозї ба ғоли-бони озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷи-кистон - Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доної китоб аст» ва «Илм-фурӯғи маърифат» дар сатҳи вилоят, дар маҷмӯъ ба маблағи зиёда аз 400 ҳазор сомонї роҳандозї карда мешаванд.
Сипас, Тоҷиниссо Маҳмадова дар бораи натиҷаи иштироки хонандагон дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, таҳсили ҷавонон дар хориҷи кишвар ва талаботи он, шароити кории Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо дар шаҳру навоҳии мамлакат, ҳамкорӣ бо волидон, фарқгузории дастовард ва иштироки толибилмони муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии омӯзгорон изҳори назар кард.
Чанде аз хонандагони пешсафи муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳо оид ба ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва хусуси имконияти иштирок дар олимпиадаҳо, шаффофияти баргузории озмуну олимпиадаҳо, таъсири фаъолияти Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо табодули афкор намуданд.
Дар рафти ҷамъомад гуфта шуд, ки ҳамасола баргузору роњандозї ва ќадршиносї гардидани ѓолибони озмунњои навтаъсиси вилоятї «Бењтарин муассисаи таълимї», «Бењтарин муассисаи томактабї», «Бењтарин муассисаи тањсилоти иловагї ва интернатї», «Бењтарин маркази дарёфт ва рушди истеъдодњо», «Бењтарин маркази технология ва коммуникатсия», «Бењтарин кабинети методї», «Бењтарин муаллими сол», «Бењтарин мураббии сол», «Бењтарин хонандаи сол», «Бењтарин навовару ихтироъкори љавону навраси сол», «Беҳтарин навқалами умедбахш» ва амсоли ин фењрести нопурраи иқдомҳое мебошанд, ки амалигардонии онҳо низ, натиҷаи дилхоҳ дода истодаанд.
Қайд гардид, ки дастовардҳои имсолаи сатҳи байналмилалї ва ҷумҳуриявии шогирдони муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон (445 ҷойи ифтихорї) дар қиёс ба соли 2019 (наздик ба 2 баробар -178 адад) ва соли 2020 (зиёда аз 4 баробар - 344 адад) зиёд гардидааст, ки ин боиси ифтихормандӣ мебошад. Дастовардҳои болозикр аз рӯи намуди муассисаҳои таълимї ба мактабҳои намуди нав - 214 ҷойи ифтихорї; ба мактабҳои муқаррарї-231 ҷойи ифтихорї мебошанд. Инчунин вобаста ба фанҳои таълимї бошад ба гурӯҳи фанҳои ҷамъиятї-гуманитарї - 291 ҷойи ифтихорї; ба гурӯҳи фанҳои дақиқ, табии ва риёзї - 154 ҷойи ифтихорї рост меояд.
Дар қисмати охири ҷамъомад хонандагони пешсаф ва ғолибони олимпидадаҳоро бо медалу сипоснома ва туҳфаҳои пулӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.