Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Муҳаққиқе аз Хатлонзамин


Муҳаққиқе аз Хатлонзамин



Боиси  ифтихор  аст,  ки  мардуми  соҳибфарҳанг  ва  адабпарвари мо  аз  қадим  ба  осори  таърихӣ  ва шахсиятҳои  фарзонаи  илму  адаб меҳру муҳаббати хосса изҳор мекунанд. 

Доктори  илмҳои  таърих, профессор, узви ИЖТ, Аълочии маорифи  Тоҷикистон  Алимов Давлаталӣ  Халилович  дар  радифи фарзандони бузурги таърихшиноси  миллати  тоҷик  ҷою мақоми хосса дорад.

Мавсуф баъди хатми мактаби миёна ба Донишкадаи гидромелиоративии  шаҳри  Москва дохил шуд. Соли 1984 ба сафи Қувваҳои  Мусаллаҳи  ИҶШС даъват гардида, соли 1986 хиз-матро ба итмом расонидааст.

Чун  фарзанди  деҳот  буд, дар чида ва ба давлат супоридани яке аз зироатҳои асосӣ ва стратегии хоҷагии қишлоқ – пахта саҳм гузошта, мехост, ки ягон техникаи хоҷагии қишлоқ бекор намонад.  Чунки  солҳои  80-уми қарни  пор  сиёсати  пахтакорӣ дар  авҷи  аълои  Ҳукумати  вақт буд.  Барои  ҳамин  ба  парвариши  он  аҳамияти  махсус  медоданд.  Мавсуф  соли  1989 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншо Шоҳтемурро (собиқ  Донишкадаи  хоҷагии қишлоқи  Тоҷикистон)  бо  ихтисоси  муҳандис  хатм  намуд. Соли 2016 ДДБ ба номи Носири Хусравро бо ихтисоси омӯзгори таърих  ва  ҳуқуқ  хатм  намудааст.

Дар  соҳаҳои  мухталиф фаъолият  карда,  барои  пешрафти  ҷомеа  хидмати  беназир намудааст.  Тақдир  ӯро  барои кор  ба  соҳаи  нақлиёт  овард. Солҳои  1990-1994  дар  муассисаи  нақлиёти  автомобилии №31  (ш.  Левакант)  ва  муассисаи нақлиёти автомобилии №27 (н. Ҳамадонӣ), фаъолият намудааст.

Дар охири асри ХХ ба сари халқи  тоҷик  абри  сиёҳе  падид  омад.  Муноқишаҳои  сиёсӣ ғоз  гардиданд.  Бо  дастгирии бевоситаи  Асосгузори  сулҳу ваҳдати  миллӣ-Пешвои  миллат,  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  Артиши  миллӣ  таъсис дода  шуд.  Ва  аввалин  мушкилот нарасидани кадрҳои тахас-сусии  ҳарбӣ  буд.  Бинобар  ин, Д.  Алимовро  ҳамчун  афсари эҳтиётӣ  (лейтенанти  эҳтиётӣ) ба  хизмат  дар  сафи  Қувваҳои Мусаллаҳи  навтаъсис  даъват намуданд. Мавсуф дар ташкилу пурра  кунонидани  сафи  Артиши  миллӣ  ба  ҳайси  Комиссари ҳарбии  ноҳияҳои  Ҷиликӯл  ва Қубодиён,  муовини  Комиссари ҳарбии  шаҳри  Душанбе  хизмати  ҳарбиро  адо  намудааст. Подполковники  мустаъфӣ  мебошад.

Чун аз хурдӣ орзуи омӯзгор шуданро дошт, баъди адои хизмати  ҳарбӣ  касби  омӯзгориро пеша  намуд.  Дар  мактабҳои таҳсилоти  миёнаи  умумии №4-и  шаҳри  Бохтар  ва  №6-и ноҳияи  Вахш  ба  шогирдон  аз фанҳои  таърихи  халқи  тоҷик ва  омодагии  дифоии  ҳарбӣ сабақ  меомӯхт.  Шогирдон  дар озмунҳои  шаҳрию  вилоятӣ  ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ с-зовор мегаштанд.

Мақолаи  аввалини  устод Д.  Алимов  ҳангоми  хонандаи синфи  3-и  мактаби  таҳсилоти миёнаи  умумии  №14-и  ноҳияи Ҳамадонӣ  буданаш  дар рӯзномаи  онвақтаи  ноҳиявии “Зафар”  бо  номи  “Барои  дониши хубу аъло” аз чоп баромад. 

Дар  кадом  соҳае  кор  карда бошад,  ҳеҷ  гоҳ  аз  навиштани мақолаву хабарҳо бе баҳра набуд. Мақолаҳои публитсистии ӯ дар рӯзномаҳои “Зафар”, “Роҳи Ленинӣ”, “Пионери Тоҷикистон”, “Красная  звезда”,  “Красний воин”,  “Хатлон”,  “Ҷавонони Тоҷикистон”,  “Новый  Хатлон”, “Ҳомии  Ватан”,  “Адабиёт  ва санъат”,  “Набзи  Қӯрғонтеппа”, “Омӯзгор”, “Минбари халқ”, “Народная  газета”, “Ҷумҳурият”, “Кулябская  правда”,  “Садои мардум”,  “Ба  қуллаҳои  дониш”, “СССР”, “Фурӯғ” ва маҷаллаҳои “Илм  ва  ҳаёт”,  “Мактаб”,  “Маорифи Тоҷикистон”, “Маърифати омӯзгор”,  “Сафо”,  “Меҳровар” ба чоп расидаанд.

Устод Алимов соли 2010 ба шуъбаи  ғоибонаи  аспирантураи ДДБ ба номи Носир Хусрав дохил  шуда,  ба  корҳои  илмӣ-таҳқиқотӣ оғоз намуд. Чун фарзанди ҷанговари Ҷанги Бузурги Ватании  солҳои  1941-1945  Абдуалимов  Халил  буд,  ҳангоми 
гирифтани  мавзуи  рисолаи номзадӣ, танҳо мавзуи таҳқиқи Ҷанги  Бузурги  Ватании  солҳои 1941-1945-ро  интихоб  намуд. 

Соли 2012 таҳти роҳбарии шодравон,  профессор  Абдуна-заров  Х.  дар  мавзуи  “Вилояти Хатлони  Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар  солҳои  Ҷанги  Бузурги Ватанӣ  (1941-1945)”  рисолаи номзадиро  дифоъ  намуда, соҳиби  дараҷаи  илмии  номзади илмҳои таърих гардид. Соли 2019 ба гирифтани унвони дотсенти илмҳои соҳаи таърих мушарраф гардид. Устод  Алимов  Д.  Х.  соли 2020  дар  мавзуи  “Сохтмони  хоҷагии  об  ва  азхудкунии заминҳои  навкорами  ноҳияҳои ҷануби  Тоҷикистон  (солҳои  20-80-уми асри ХХ)” зери мушови-ри  илмӣ,  доктори  илмҳои  таърих,  профессор,  Арбоби  илм ва техникаи ҶТ Рақиб Абулҳаев рисолаи  докториашро  дифоъ намуда, соҳиби дараҷаи илмии доктори илмҳои таърих гардид.

Ҳамеша  дар  ҷустуҷӯ  ва таҳқиқоти илмӣ қарор дорад. Ин боиси он гардид, ки зиёда аз 250 мақолаи илмии мавсуф дар Русия,  Олмон,  Чин,  Қирғизистон, Ӯзбекистон  ба  чоп  расида,  аз тарафи  таърихнигорон  мусбат баҳогузорӣ гардиданд. Аз инҳо 70  мақола  дар  маҷаллаҳои илмии  тақризшаванда,  30 мақола  дар  маҷаллаҳои  илмӣ ва  дар  маводҳои  конфронсу маҷмуаҳои  илмӣ  ба  чоп  расидаанд.

Профессор Алимов Д.Х. дар давоми  фаъолияти  илмии  худ соҳиби  5  монография,  13  китоби илмӣ, 5 китоб ва васоити таълимӣ,  6  барномаи  таълимӣ ва 5 дастури таълимӣ мебошад. Дар  50  конференсияи  байналмилаливу  ҷумҳуриявӣ  иштирок намуда,  бо  маърӯзаҳои  илмӣ баромад намудааст.

Профессор  соҳиби  мактаби  илмии  худ  мебошад.  Се шогирди  ӯ  Наботов  Файзуддин,  Ҷалилов  Маҳмадулло  ва Қурбонов  Меҳрубон  рисолаҳои илмии  худро  дифоъ  намуда, соҳиби  дараҷаи  илмии  номзади  илмҳои  таърих  гардидаанд. Рисолаҳои  номзадии  5  шогирдаш  ва  1  рисолаи  доктории шогирдаш  омодаи  дифоъ  мебошад.

Бо  қарори  Комиссияи  олии аттестатсионии  назди  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон моҳи декабри соли 2024 доктори  илмҳои  таърих  Давлаталӣ Алимов  бо  унвони  илмии  профессори илмҳои таърих мушарраф гардид.

Банда ҳамчун шогирди профессор  Алимов  Д.  Х.  устоди азизро бо сазовор гардидан ба унвони илмии профессор ва ба муносибати  60-солагии  рӯзи мавлудашон  аз  номи  ҳамаи шогирдону   ҳамкорон   табрик  менамоям.

Маҳмадулло ҶАЛИЛОВ,
номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи
таърихи умумии ДДБ ба номи Носири Хусрав, узви ИЖТ

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода