Рушди иқтисоди «сабз» - роҳи мубориза бо тағйирёбии иқлими сайёра
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 24 феврал, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Тандурусти ва экология / Хабарҳо, Боздид 0
![]()
Тоҷикистон дар самти кам кардани обшавии пиряхҳо чӣ тадбирҳоро андешида истодааст?
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қариб дар тамоми суханрониҳояшон, чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи мамлакат, таваҷҷуҳи иштирокдоронро ба вазъи хеле ҳассосу мураккаби ҷаҳони имрӯза ҷалб намуда, пайваста аз равандҳои пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва дигар хатару таҳдидҳои глобалӣ ҳушдор медиҳанд.
Таъсири тағйирёбии иқлим ба пиряхҳо дар Тоҷикистон нигаронкунанда мебошад.
Яке аз сабабҳои тағйирёбии иқлим, ки боиси обшавии босуръати пиряхҳо ва коҳиши ҳаҷми оби дарёҳо дар манотиқи гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла дар Осиёи Марказӣ гардидааст, гармои шадид дар саросари ҷаҳон ва эҳтимоли баландшавии ҳарорат дар кураи Замин мебошад. Ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълони соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки дар натиҷаи он Хазинаи боварии Созмони Милали Муттаҳид барои ҳимоят аз обшавии пиряхҳо таъсис гардид, низ бо ҳамин мақсад пешбарӣ гардидааст.
Зарурати ҳифзи пиряхҳоро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар ҷаласаҳои қаблии Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид таъкид намуда буданд, ки бинобар тағйирёбии иқлим ва аз ҳад зиёд баланд шудани ҳарорати миёнаи солона пиряхҳо бошиддат об шуда, захираи оби тоза дар сайёра, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сол ба сол кам мешавад.
Ба таъкиди олимон ва коршиносон, танҳо мутобиқшавӣ ба иқлим кофӣ нест.
Мо бояд сабаби аслии онро пайдо ва нисбат ба коҳиш додани сатҳи рекордии партовҳои газҳои гулхонаӣ муносибати ҷиддӣ кунем. Гузариши сабз калиди ҳифзи пиряхҳо ва устувории онҳо ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон мебошад.
Бо ин мақсад, Стратегияи рушди «иқтисоди сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037 қабул гардид.
Нуктаҳои асосии Стратегия сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ ва офтобӣ мебошад, ки ба туфайли онҳо мамлакат ба калонтарин таъминкунандаи неруи барқ дар минтақа табдил хоҳад ёфт. Инчунин, татбиқи «иқтисоди сабз» дар саноатикунонии кишвар, ҷорӣ намудани принсипҳои «иқтисоди сабз» дар соҳаи кишоварзӣ, рушди «нақлиёти сабз» ва инфрасохтори ба он мутобиқ, амалисозии принсипҳои «иқтисоди сабз» дар соҳаи сохтмон ва меъморӣ, рушди сайёҳии экологӣ ва ғайра дар назар дошта шудааст.
Итминон дорем, ки бо амалисозии тадбирҳои болозикр истеҳсоли барқ дар кишвар пурра аз ҳисоби манбаъҳои барқароршаванда, яъне сад фоиз бо «энергияи сабз» таъмин гардида, дар ин замина, аз рӯйи меъёрҳои байналмилалӣ то соли 2037 партови газҳои гулхонаӣ то ҳадди ниҳоӣ коҳиш дода мешавад.
Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таъкид намуда буданд, мо маҷбурем, ки пеш аз ҳама, бо роҳи кам кардани партовҳои газҳои гулхонаӣ, шинонидани дарахтон ва истифодаи оқилонаи захираҳои об, яъне наҷоти табиату инсоният вазъи ногувори муҳити зистро ислоҳ намуда, аз вайроншавии минбаъдаи он пешгирӣ кунем ва чораҳои таъҷилӣ ва самарабахш бинем.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қонун, стратегия ва барномаҳои давлатиро дар самти обу иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва рушди зеҳни сунъӣ таҳия ва қабул намудааст:
· Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи пиряхҳо”;
· Барномаи давлатии омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030;
· Стратегияи рушди «иқтисоди сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037;
· Барномаи давлатии кабудизорку-нии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2040;
· Стратегияи миллии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраито соли 2040;
· Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040;
· Даҳсолаи илми Криосфера барои солҳои 2025-2034;
· Солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия».
Дар санадҳои болозикр гуфта мешавад, ки ислоҳоти иқтисодиёти кишвар дар асоси гузариш ба технологияҳои «сабз», метавонад бештар пеш равад ва барои ба даст овардани манфиатҳои назарраси иқтисодӣ аз ҷиҳати илми бунёдӣ гузаронидани мониторинги пиряхҳо ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, дар маҷмуъ, коҳишдиҳии партовҳои гази гулхонаӣ муҳим мебошад.
Аз ин рӯ, гузариши сабз - ҳамчун чораҳои пешгирикунанда барои нигоҳдорӣ ва устуворӣ самараноктарин роҳи ҳалли мушкилоти обшавии пиряхҳо, тағйирёбии иқлим ба «иқтисоди сабз» мебошад, ки истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, яъне «энергияи сабз»-ро дар бар мегирад.
Инчунин, татбиқи «иқтисоди сабз» дар саноатикунонии кишвар, ҷорӣ намудани принсипҳои «иқтисоди сабз» дар соҳаи кишоварзӣ, рушди «нақлиёти сабз» ва инфрасохтори ба он мутобиқ, амалисозии принсипҳои «иқтисоди сабз» дар соҳаи сохтмон ва меъморӣ, рушди сайёҳии экологӣ ва ғайра дар назар дошташудааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Иҷлосияи умумии Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим, ки рӯзи 12 ноябри соли 2024 дар шаҳри Боку баргузор шуда буд, иброз доштанд, ки мо ният дорем, то соли 2032 истеҳсоли энергияро дар кишвар пурра аз ҳисоби манбаъҳои таҷдидшаванда ба роҳ монда, то соли 2037 Тоҷикистонро ба кишвари “сабз” табдил диҳем.
Аз ин хотир, рушди иқтисоди «сабз»-ро Президенти Тоҷикистон ҳамчун роҳи мубориза бо истифодаи самарано-ки партовҳои истеҳсолӣ, тағйирёбии иқлими сайёра ва самтҳои ояндаи баромадан аз буҳрони ҷаҳонии молиявӣ-иқтисодӣ изҳор доштанд.
Маҳмад Сафаров,
ходими калони илмии Маркази омӯзиши пиряхҳои академияи
миллии илмҳои Тоҷикистон
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00