Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Ибни Сино тоҷик ва осораш мансуб ба башарият аст


Ибни Сино тоҷик ва осораш мансуб ба башарият аст



Ба наздикӣ яке аз пойгоҳҳои хабарии амрикоӣ CNN маводеро ба нашр расонд, ки тибқи он Абуалӣ ибни Сино мансуб ба миллати турк дониста шудааст. Ҳол он ки таърихи башарият медонад, ки Сино тоҷик буда, дар давраи Сомониён эҷод ва фаъолият намудааст. Дар платформаҳои интернетӣ сари ин масъала вокунишҳои зиёде ба миён омад.

Гарчанде  ин  масъалаҳо  кайҳо ҳалшуда  ҳастанд  ва  тамоми  дунё аз тоҷик будани Абуалӣ ибни Сино огоҳанд,  вале  гурӯҳҳои  иғвоангезе ҳастанд,  ки  бо  нашри маводҳои таҳрифшуда  ба  масъалаҳои ҳувияти  миллӣ  ва  дӯстию  ҳусни ҳамҷаворӣ  латма  заданӣ  мешаванд.  Ба  қавли  устоди  Донишгоҳи давлатии  Бохтар  ба  номи  Носири  Хусрав  Самариддин  Ҷамолӣ, пеш аз баррасии масъалаи мазкур бояд  ҷуғрофияи  таърихии  Осиёи Марказӣ,  хосатан  Мовароуннаҳру Хуросон  дар  ҳамин  масъала  боз-дид гардад. Ӯ иброз медорад: “Мо ҳатман бояд бинем, ки дар ин давра авҷи ташаккули кадом давлатҳо буд  ва  оё  намояндагони  қавму қабоили  дигар  имконияти  рушд кардан,  имконияти  ба  як  дараҷаи баланди  илму  ирфон  расидан  ва имконияти даст ёфтан ба таълиму тадрисро доштанд ё не?”. 

Бояд  тазаккур  дод,  ки  ин масъалаҳо агар барои шахсоне, ки аз таърих огоҳӣ надоранд, навгонӣ бошад,  вале  барои  аҳли  илм  ин баҳс ҳалшуда аст ва аз рӯи мантиқ нест,  ки  як  чизи  исботшударо  ба масъалаи  баҳс  кашид.  Дар  бартараф  намудани  чунин  ҳолатҳо шарҳи  дурусти  таърих  ва  нақши муҳаққиқон  ва  ҷомеаи  илмӣ  хеле муҳим аст. 

«Дар  худи  китобҳои  олимони ӯзбек  ҳам ин масъалаҳо ба пуррагӣ дарҷ  гардидаанд.  Номи  модари Абуалӣ  ибни  Сино  Ситора  аст  ва Ситора,  ки  номи  тоҷикист,  инро касе  рад  карда  наметавонад»,  - мегӯяд Озар Салим, Шоири халқии Тоҷикистон.

Бояд  инро  ҳам  қайд  намуд,  ки донишмандони бузурги ҷаҳонӣ низ ба  табиби  бузург  ва  тоҷик  будани ӯ  гӯшзад  намуда,  дар  ин  баробар асарҳо эҷод намудаанд. Далели ин гуфтаҳо яке аз асарҳои бузурги нависандаи рус Валерий Воскобойников бо номи “Ҳакими бузург” мебошад, соли 1980 тарҷума ва чопи он бо забони тоҷикӣ сурат гирифтааст. Дар ин асар нависандаи рус Ибни Синоро  зодаи  Бухоро,  забонашро форсӣ  ва  ӯро   ба  миллати  форсу тоҷик нисбат медиҳад. Дар ин баробар соли 1914 дар Боку бо забони туркии Озарбойҷон ҳам рисолае бо унвони  «Таърихи  Абуалӣ  Сино», муаллиф Охунд Ҳусайн Қосим рӯйи чоп омадааст, ки дар он ҷо ҳам аз форсизабон  будани  Ибни  Сино  ёд мешавад. 

Соли  1937  дар  Туркия  ба  му-носибати  900  -  солагии  вафоти Абуалӣ ибни Сино маросиме барпо карданд ва дар ин замина китоберо бо хатти ҷадид ва забони туркӣ “Бойук турк философ ве тиб устади Ибни  Сина  шахсияти  ве  есерлери ҳаккинда  теткиклер»  –  Истанбул, 1937, ба нашр расониданд.

 Яке  аз  донишмандон  ва  нависандагони  бузурги  эронӣ  устод Саид  Нафисӣ  матлаберо  бо  номи «Зиндагиву  кор  ва  андешаву рӯзгори  Пури  Сино»  дар  Теҳрон ба  нашр  расонида  ва  чунин  унвон гирифтани  ин  китобро  намунае аз  гӯшзадбозиҳои  аҷиби  туркони имрӯзаи Туркия медонад. Ба қавли устод  Саид  Нафисӣ:  -  «Музҳиктар аз  ин  чизе  ҳаст,  ки  марде  эронӣ, форсизабон  аз  падару  модари эронӣ ва исмоилӣ, ки худ ба форсӣ шеър мегуфта ва китоб менавишта ва дар хоки Эрон валодат ёфта ва дар  саросари  зиндагӣ  по  аз  хоки Эрон  берун  нагузошта,  ба  муносибати  ин  ки  дувоздаҳ  сол  пас  аз валодати вай як идда турк вориди зодангоҳи  ӯ  шуда  бошанд  ва  462 сол пас аз валодат ва 405 сол пас аз марги  ӯ  номи  қисмате  аз  сарзамини ӯро Туркистон гузошта бошанд, тоза дар 16 соли пеш, он ҳам турко-ни Туркия, ки ба ҳеҷ ваҷҳ робита ба ӯзбакон ва туркони Самарқанду Бухоро ва Буғрохон ва аслофу аъқоби ӯ  надоштаанд,  ӯро  аз  худ  ва  турк бидонанд  ва  номашро  бо  камоли лутфу карам «файласуф ва устоди бузурги тибби турк» бигзоранд! Дар ҷаҳони  дониш  дар  баробари  таърих ва мантиқ номи ин бачагиҳо ва бозиҳоро чӣ бояд гузошт?».

Нигоҳе ба зиндагӣ Ва эҷоди ибни Сино

Абуалӣ  ибни  Сино,  ки  дар Ғарб  бо  номи  Авитсенна  маъруф  аст,  файласуф,  табиб,  до-нишманд  ва  энсиклопедисти  бу-зурги  тоҷик  ва  форс  буда,  яке  аз шахсиятҳои  барҷастаи  даврони Заминӣ-Мусулмонӣ  (Исломии  миёна) ба ҳисоб меравад. Дар замони шуравӣ  маъмул  буд,  ки  бузурго-не  монанди  Ибни  Сино,  Форобӣ ва  Берунӣ  ҳамчун  донишмандони Осиёи Миёна муаррифӣ мешуданд, то  аслашон  пинҳон  нигоҳ  дошта шавад.  Вале  воқеияти  таърихӣ нишон  медиҳад,  ки  ин  осор  офаридаи  зеҳн  ва  маҳсули  муҳити адабию илмию фарҳангии тоҷикон мебошад.  Ӯ  соли  980  дар  деҳаи Афшана, наздикии Бухоро, ки он замон маркази фарҳангии давлати Сомониён буд, таваллуд шудааст. Падараш Абдуллоҳ ибни Ҳасан ибни Алӣ ибни Сино аз пайравони исмоилияи Балх ва модараш, ки Ситора ном дошт, аз занони бофарҳанг ва  соҳибмаърифат  буд.  Дар  саросари  умраш шаҳрҳои Бухоро, Хоразм, Гургон, Исфаҳон, Рай, Қазвин  ва  Ҳамадонро  гашта  ва  дар  ин  шаҳрҳо зиндагонӣ  кардааст.  Ба  қавли  устод  Саид Нафисӣ ҳамаи ин шаҳрҳоро дар он замон Эрон мегуфтанд ва ҳанӯз ҳам фалотеро, ки дар миёни Осиё воқеъ шудааст ва Бухорову Балх дар гӯшаи шимолӣ-шарқии он қарор гирифта, фалоти Эрон мегӯянд. Ин сарзамин аз замонҳои бисёр қадим маскани ориёиҳои эронӣ ё ғарбӣ буда ва аз даҳ ҳазор сол пеш ориёиҳои эронӣ ё ғарбӣ тадриҷан ба он ҷо омадаанд.

Бояд тазаккур дод, ки дар Бухоро ба дунё омадани ӯ маънои онро надорад, ки ӯ ба фарҳанги дигар миллат тааллуқ дорад, зеро дар он давра миллат ва давлатҳо дар шакли ҳозира вуҷуд надоштанд. Ибни Сино ба фарҳанги форсизабонон ва тамаддуни исломии он давр тааллуқ дорад.

Устод Садриддин Айнӣ, ки худ дар Бухоро ба дунё омадааст, китоби махсусе дар бораи аҳвол ва  рӯзгори  Ибни  Сино  ба  унвони  «Шайхурраис Абуалӣ  Сино»,  иншо  мекунад  ва  чопи  аввалини  он  дар  соли  1939  бо  хатти  лотинӣ  дар  нашриёти  давлатии  Тоҷикистон,  дар  Сталинобод ва  чопи  дувуми  он  ба  хатти  русӣ  дар  1941  дар Сталинобод ва Ленинград сурат мегирад. Устод Айнӣ  низ  дар  он  китоб  ҳама  ҷо  Ибни  Синоро тоҷик,  забонашро  форсӣ  ва  зодгоҳашро  Бухоро гуфтааст.  Пас  аз  он  ки  номи  модарашро  Ситорабону навишта, мегӯяд: «Абуалӣ дар Ҳурметан (Рометан),  дар  деҳаи  Афшана  (Лағлақа)  дар соли 980-ум аз ҳамон духтар зоида шуд». Аз ин қарор Ҳурметонро имрӯз Рометан ва Афшанаро Лағлақа мегӯянд». 

Ибни  Сино  дар  ҷавонӣ  донишҳои  гуногунро фаро гирифта, то 16-солагӣ тиб ва илмҳои табииро  омӯхта  буд.  Баъдтар  ҳамчун  табиб  шӯҳрат ёфт ва дар дарбори шоҳон фаъолият намудааст. 

Мероси илмии ӯ бахши ҷудонопазири тамаддуни тоҷикон, форсҳо ва тамоми ҷаҳони ислом мебошад. Ӯ дар соҳаҳои гуногуни илм, аз ҷумла тиб, фалсафа, мантиқ, риёзиёт, физика, кимиё, астрономия ва адабиёт саҳми арзанда гузоштааст.

Абуалӣ  ибни  Сино  зиёда  аз  450  асар  эҷод кардааст, ки аз онҳо танҳо 240-тояшон то замони мо расидаанд. Ин рисолаҳо тамоми соҳаҳои илмро  дар  бар  мегиранд,  хусусан  150-тояшон  дар илми  фалсафа  ва  беш  аз  40-тои  дигар  мансуб ба илми тиб мебошанд. Маъруфтарин асарҳои ӯ «Китоб-уш-шифо» ва «Қонуни тиб» ҳастанд, ки аз бузургтарин  донишномаҳои  илмӣ  ва  фалсафии ҷаҳон буда, дар донишгоҳҳои Аврупо то асри XIX истифода мешуданд. 

Асари  «Қонуни  тиб»  (Ал-Қонун  фиттиб) яке  аз  машҳуртарин  асарҳои  Ибни  Сино  мебошад, дар он тамоми донишҳои тиббии замонаш ҷамъоварӣ  ва  систематикӣ  шудаанд.  Ин  китоб дар  тӯли  чандин  аср  дар  донишгоҳҳои  Аврупо ҳамчун китоби асосии тиббӣ истифода мешуд ва ба забонҳои гуногун тарҷума шудааст. 

Дар соҳаи фалсафа Ибни Сино асари «Китоб-уш-шифо»-ро  таълиф  кардааст,  ки  як  донишно-маи  бузурги  фалсафӣ  мебошад.  Ӯ  дар  ин  асар масъалаҳои мантиқ, метафизика, табииёт ва риёзиётро баррасӣ кардааст. Андешаҳои фалсафии ӯ ба рушди фалсафаи исломӣ ва ғарбӣ таъсири назаррас  расонидаанд.   Инчунин  дар  соҳаҳои риёзиёт,  физика  ва  астрономия  низ  саҳми  арзанда  дошта,  дар  бораи  мавзуъҳое  чун  геометрия,  арифметика,  оптика  ва  ҳаракати  ҷирмҳои осмонӣ  асарҳо  навиштааст.  Ӯ  дар  асарҳои  худ назарияҳои илмии замонашро таҳлил ва такмил додааст. Ибни Сино на танҳо донишманд, балки шоири  тавоно  низ  буд.  Ӯ  ба  забонҳои  арабӣ  ва форсӣ шеърҳо эҷод кардааст. Рубоиҳои ӯ, ки дорои  мазмунҳои  фалсафӣ  ва  ахлоқӣ  мебошанд, то имрӯз маълуму машҳуранд, ки қисми зиёди ин рубоиҳо бо забони форсӣ – тоҷикӣ эҷод шудаанд.

Олими тавонои олмонӣ Бурхард Брентес қайд кардааст,  ки  «Тоҷикон  дар  мисоли  Ибни  Сино фарҳанги  баландпояи  халқҳои  Осиёи  Марказиро таҷассум намудаанд. Онҳо имрӯз низ мероси Ибни  Синоро,  ки  дар  тӯли  ҳазор  сол  ба  хираду ақли  Аврупо  таъсир  дошт,  оқилона  ҳифз  мекунанд». 

Бо  дарназардошти  зодгоҳ,  забон  ва  саҳми ӯ  дар  тамаддуни  башарӣ,  Абуалӣ  ибни  Сино ҳамчун намояндаи барҷастаи фарҳанги тоҷикон ва  форсизабонон  шинохта  мешавад.  Ҳамин тариқ,  Абуалӣ  ибни  Сино  на  танҳо  ба  миллати  тоҷик,  балки  ба  тамоми  ҷаҳони  форсизабон ва башарият тааллуқ дорад ва мероси илмӣ ва фарҳангии ӯ то имрӯз арзиши худро нигоҳ доштааст. Албатта,  нақши  муҳаққиқон  ва  ҷомеа  дар ҳалли ин масъалаҳо хеле муҳиманд. Пас чӣ бояд кард? Танҳо бо гузаштагони худ ифтихор кардан кам аст. Дар ин баробар, мо бояд осори ононро омӯзем. 

«Вақте  ки  ҳар  як  кӯдак  ва  ҳар  як  ҷавон  на танҳо номи Абуалӣ ибни Синоро медонад, балки аз асарҳои ӯ огоҳ аст, дар он сурат онҳое, ки мехоҳанд,  таърихи  худро  дар  пояи  гузаштагони мо бунёд кунанд, тавоноӣ ва қудрати худашонро аз даст медиҳанд, - иброз медорад Шоири халқии Тоҷикистон Озар Салим. – Яъне, онҳо мебинанд ва мефаҳманд, ки ин миллат миллати бедор аст, миллати огоҳ аст ва гузаштагони худашро метавонад ҳифз кунад, дар ин сурат вақте мебинанд, ки шумо бошууру бедор ҳастед, дигар ҷуръат намекунанд,  то  моли  ба  шумо  тааллуқдоштаро  аз худ кунанд”.

Аҳадуллои Мирзоалӣ,
«Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода