Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Гепатит сироятёбӣ ва пешгирии он


Гепатит сироятёбӣ ва пешгирии он



Гепатит  ин  илтиҳоби  вирусии  ҷигар  мебошад,  ки  дар  натиҷаи сироятёбии вирусҳои А,В,С, Д, Е ба амал меояд. Системаи иммунии организмро  суст  намуда,  дар  ҷигар  тағйирёбии  патоморфологӣ, ба  монанди  дистрофияи  чарбӣ,  некроз,  апаптоз  ва  инфилтратсияи  лимфоситариро  ба  амал  меорад.   Д.  Муродов,  мудири  шуъбаи озмоишгоҳи беморхонаи клиникии вилояти Хатлон ба номи Б. Воҳидов оид  ба  роҳҳои  пешгирӣ  ва  табобати  бемории  мазкур   ба  хонандаи  мо маълумот медиҳад.

Манбаи сироят шахси бемор аст, ки аз вируси гепатити С сироят ёфтааст, ба одами солим, ҳангоми  риоя  накардани  талаботҳои  гигиенӣ бо  роҳҳои  гуногун   мегузарад.  Аз  ҷумла,  ба воситаи  алоқаи  ҷинсӣ  5%,  ҷарроҳӣ  17,9%, хунчаконӣ  12%,  сӯзандору  10,4%,  аз  модар ба  кӯдак  4-8%,  нашъамандӣ  67%  ва  холкӯбӣ (татуировка)  2,24%.  Сироятёбӣ  аз  истифодаи маводҳои маишӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Аломатҳои беморӣ


Вобаста ба ҳолати сироятёбӣ беморӣ баъд аз 6-8 ҳафта оғоз гардида, то охири умр давом мекунад, ки ин ба илтиҳоби музмини ҷигар ва баъдтар ба серози ҷигар табдил меёбад. Вобаста ба давраи сироятёбӣ гепатити С метавонад шадид ва музмин шавад. Давраи шадид то шаш моҳи  аввали  сироятёбӣ,  нишонаҳои  илтиҳобӣ мушоҳида намешавад ва беморон шикоят надоранд. Бинобар ин, сироятёбӣ ва табобат дар ин давра сурат намегирад. Баъдан нишонаҳои беморӣ,  ба  монанди  бемадорӣ,  дилбеҳузурӣ, дард дар қисми шикам, коҳиш ёфтани иштиҳо, баланд шудани ҳарорат ва хориши пӯст пайдо мешавад. Баъди гузаштани шаш моҳ гепатити С шадид ба гепатити С музмин мегузарад. 

Паҳҳшавии гепатитис


Қариб 3%-и аҳолии сайёраро сироятёфтагони вируси гепатити С ташкил мекунанд, ки ин хатари  ҷиддиро  барои  саломатии  аҳолӣ  эҷод менамояд.  Аз  онҳо  85%-ро  гепатити  музмин ташкил мекунад, ки оқибат ба сероз ва карсиномаи гепатоликӣ бурда мерасонад.

Ҳамасола  бо  роҳҳои  гуногуни  сироятёбӣ дар  ҷаҳон  4-5  миллион  нафар  одамон  аз  вируси  гепатити  С  сироят   меёбанд.  80%  бе-морони  гирифтори  гепатити  С  бештар  дар мамлакатҳои  шароити  иқтисодиашон  паст, ба монанди Осиёи Ҷанубӣ, Ҳиндустон, Осиёи Шарқӣ  ва  Африқои  Шимолӣ  мушоҳида  мешавад. Ҳамасола дар ҷаҳон 500 ҳазор нафар ода-мон аз сирояти вируси гепатити С мефавтанд.

Табобат ва пешгирии гепатитис

Мувофиқи  тадқиқоти  олимони  соҳаи гепатологӣ,  17-16%-и  беморон  табобатро  дар сатҳи  сероз  оғоз  мекунанд.  Зеро  70-85%-и беморон  аз  сари  вақт  муайян  ва  табобат  накардани  вируси  гепатити  С  шадид  ба  сатҳи музмин  мегузаранд.  Дар  60-70%-и  беморони сироятшудаи вируси гепатити С авҷ гирифтани бемориҳои  илтиҳоби  ҷигар  мушоҳида  мегардад.  Агар  бемор  дар  ҳамин  давраи  илтиҳоби музмин  табобат  нагирад,  ин  ба  ҳолати ғайритабобатии ҷигар - сероз оварда мерасонад. Давомнокии сирояти музмини гепатити С 10-25 сол мебошад. 

Ҳар яки мо барои дар ҳолати солим нигоҳ доштани  саломатии  худ  бояд  ҳар  сол  аз озмоишҳои лаборатории оид ба муайян кардани вируси гепатити С гузарем. Ҳангоми ошкор гардидани вируси гепатити С мо бояд ба назди табиби амрози даруна (гепатолог) муроҷиат намоем. Ҳангоми сари вақт ба табибон муроҷиат кардан  вируси  гепатити  С  дар  давоми  якчанд  моҳ пурра табобат карда мешавад.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода