Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » “ИФРОТГАРОИИ ДИНӢ ВА РОҲҲОИ АМАЛИИ ПЕШГИРИИ ОН ДАР МАҲАЛ”


“ИФРОТГАРОИИ ДИНӢ ВА РОҲҲОИ АМАЛИИ ПЕШГИРИИ ОН ДАР МАҲАЛ”



-Зери ин унвон имрӯз бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар толори Театри вилоятии мусиқӣ- мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гаридид.

Дар конференсия Анзурат Абдусаломзода, муовини раиси вилояти Хатлон, Саидҳомид Шарифзода, сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии масъалаҳои амнияти минтақавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Файзалӣ Абдулҳонов, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсенти кафедраи назарияи давлат ва ҳуқуқи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҳрамбек Маҳрамбеков, котиби илмии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Чумҳурии Тоҷикистон,   муовинони идеологии шаҳру ноҳияҳои вилоят, мудирон ва мутаххасисони пешбари бахшҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросим,сармутахассисони дин, сархатибони масҷидҳои ҷомеи марказӣ, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва имомхатибони масҷидҳои панҷвахта ва донишҷӯёну омӯзгорон иштирок доштанд.

Конференсияи мазкур бо сухани ифтитоҳии Анзурат Абдусаломзода, муовини раиси вилояти Хатлон оғоз гардид.

Дар идомаи суханронӣ муовини раиси вилояти Хатлон иброз намуд, ки имрӯз яке аз масъалаҳои муҳиме, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишвари моро низ ба ташвиш овардааст, терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Солҳои охир ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ифротгароии динию мазҳабӣ бо кирдорҳои ғайриахлоқӣ ва амалҳои номатлуби хеш авзои сиёсии ҷаҳонро ноором гардонида, ҳаёти орому осоиштаи мардумро зери хатар мегузоранд.

Маврид ба зикр аст, ки терроризм ва ифротгароӣ дар замони имрӯза зуҳуроти номатлуб ба ҳисоб рафта, боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш - таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мегардад.

Дар конференсия аз ҷониби иштирокдорони ҳамоиш оид ба мавзуи баррасишаванда  андешаронӣ карда шуд. Иброз гардид, ки ифротгароии динӣ аз ҷиҳати динӣ асосноккунии фаъолияти бо дин рӯйпӯшкардашудае ҳаст, ки ба халалдор кардани соҳибистиқлолӣ, якпорчагии давлат, барангехтани душманӣ ва бадбинии динӣ равона карда шудааст.




Сабаби пайдоиш ва паҳн гардидани ин гуна падидаҳои номатлуб аз он шаҳодат медиҳад, ки бехабар будан аз асли ислом, паст будани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносии миллӣ, таълиму тарбияи нокифояи насли наврас, махсусан ҷавонон боиси шомил шудани онҳо ба гурӯҳҳои ифротӣ ва қабул кардани ақидаҳои ғаразноки онҳо мегардад.

Дар охир, Анзурат Абдусаломзода, муовини раиси вилояти Хатлон аз иштирокчиён даъват ба амал овард, ки дар чунин шароит Истиқлоли миллӣ, таъриху фарҳанг ва осоиштагии кишвари азизамонро аз чунин пайомадҳои манфӣ ва таъсири қувваҳои моҷароҷӯву иртиҷоӣ нигоҳ дорем. Насли ҷавонро зарур аст, ки бо шукргузорӣ аз даврони соҳибистиқлолии кишвар баҳри ҳифзи арзишҳои миллӣ ва арҷ гузоштан ба фарҳангу тамаддуни бостонӣ пайваста дар пайи омӯзиш бошанд, худ ва ҷомеаро аз хатарҳои терроризму экстремизм ҳифз намоянд.

Комрони БАХТИЁР,
"Хатлон"

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода