Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » 427 ҷинояти коррупсионӣ ошкор ва 19 миллион сомонӣ зарар барқарор шуд


427 ҷинояти коррупсионӣ ошкор ва 19 миллион сомонӣ зарар барқарор шуд



29 январи соли 2025 таҳти роҳбарии генерал-майори адлия Аваззода Шараф Тавар нишасти матбуотии Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар  баргузор гардид.

Аваззода Шараф Тавар иттилоъ дод, ки дар давраи ҳисоботӣ 427 ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ошкор гардидааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 30 ҳолат зиёд мебошад. Аз ин шумора 155 ҷиноят вазнин ва 43 ҳолат дорои зарари калон мебошанд.

Ба гуфтаи ӯ, маблағи 19 512 413 сомонӣ зарару камбудиҳои молиявӣ ошкор гардидааст, ки аз он 19 082 797 сомонӣ ё 97,8% барқарор карда шудааст. Ҳамчунин, зарари молиявии ҷиноятҳои вазнин 10 259 581 сомонӣ буда, то имрӯз 7 680 737 сомонӣ ё 74,0% баргардонида шудааст.

Сардори Раёсат ҳамчунин ба рӯзноманигорон хабар дод, ки дар самти қонуншиканиҳои марбут ба замин 91 ҳолати ҷиноят ошкор гардидааст. Маблағи зарари онҳо 787 347 сомонӣ буда, аз ин ҳисоб 702 947 сомонӣ барқарор карда шудааст.

Дар идомаи нишаст ӯ қайд намуд, ки муфаттишони Раёсат дар ин давра 163 парвандаи ҷиноятиро ба пешбурд қабул намуда, 123 парвандаро нисбати 135 нафар бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол кардаанд.

Ҳамзамон, 391 ҳуқуқвайронкунии маъмурии вобаста ба коррупсия ошкор гардида, маблағи умумии ҷаримаҳо 571 680 сомонӣ-ро ташкил додааст, ки аз он 551 160 сомонӣ ё 96,4% ба буҷети давлат ворид карда шудааст.

Дар анҷоми нишаст, Аваззода Шараф Тавар итминон дод, ки мубориза бо коррупсия идома дошта, тадбирҳои муассир барои коҳиши ин зуҳуроти номатлуб пайваста амалӣ мешаванд.

Набиҷони Саидаброр, "Хатлон"

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода