А. Назарзода: 6400 ҳолати қонуншиканӣ фош шуд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 30 январ, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 0
0 январ дар прокуратураи вилояти Хатлон нишасти матбуотии прокурори вилояти Хатлон Назарзода Авазҷон бо намояндагони ВАО вобаста ба вазъи қонуният,тартиботи ҳуқуқӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар вилояти Хатлон дар соли 2024 ба баргузор шуд.
Ба иттилои ӯ, дар давоми соли 2024 ба мақомоти прокуратураи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо 9 890 муроҷиат ворид гардидааст, ки нисбат ба соли гузашта 10,4% зиёд мебошад. Аз ин шумора, 3 044 муроҷиат мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҳуқуқи поймолшудаи 856 шаҳрванд барқарор карда шудааст.
Дар доираи назорати умумии прокурорӣ 1 787 санҷиш гузаронида шуда, 36 475 ҳолати қонунвайронкунӣ ошкор гардидааст. Дар натиҷа, 1 261 парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, 367,9 млн. сомонӣ зарари молиявӣ барқарор карда шудааст. Аз ин маблағ, 96,4 млн. сомонӣ қарзи андоз, 3,4 млн. сомонӣ қарзи гумрук, 73,8 млн. сомонӣ музди меҳнат ва 91,9 млн. сомонӣ нафақа ба нафақахӯрон пардохт шудааст.
Дар самти назорати иҷрои қонунгузории замин 152 санҷиш гузаронида шуда, 5 781 ҳолати қонунвайронкунӣ ошкор гардидааст. Дар натиҷа, 489 парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, 1,7 млн. сомонӣ зарар ҷуброн гардидааст.
Сатҳи ҷинояткорӣ дар муқоиса бо соли гузашта 5,25% афзоиш ёфта, дар умум 6 448 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷумла, шумораи ҷиноятҳои хусусияти экстремистидошта 42,53%, ғоратгарӣ 50%, авбошӣ 47,63% ва муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар 20,6% афзудааст. Ҳамзамон, ҳолатҳои худкушӣ ва сӯиқасд ба он низ нигаронкунанда буда, дар соли 2024 142 ҳолати худкушӣ ба қайд гирифта шудааст.
Дар самти мубориза бо коррупсия 460 ҷинояти хусусияти коррупсионӣ ошкор гардида, 371 парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Ҳамзамон, 8 млн. сомонӣ зарари ошкоршуда муайян ва 4 млн. сомонии он барқарор карда шудааст.
Прокуратураи вилоят таъкид намуд, ки дар соли 2025 мубориза бо ҷинояткорӣ, коррупсия ва поймолкунии ҳуқуқи шаҳрвандон боз ҳам пурзӯртар хоҳад шуд.
Набиҷони Саидаброр, "Хатлон"
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...