Ба истифода додани Корхонаи истеҳсоли равғани ҶДММ “Файзи Алӣ” дар деҳоти Корези ноҳияи Данғара
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 16 июн, Бахш: Ҳокимияти давлати / Президент / Сиёсат, Боздид 1 050
16 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ғарғараи деҳоти Корези ноҳияи Данғара бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ корхонаи истеҳсоли равғани Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Файзи Алӣ”-ро ба истифода доданд.
Иншоот аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Файзализода Сайфиддин дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати кишвар - саноатикунонии босуръати мамлакат, бунёд карда шудааст.
Иқтидори лоиҳавии корхонаи истеҳсолӣ дар як шабонарӯз коркарди 25 тонна ашёи хом ва омода намудани 3,5 тонна равған мебошад.
Пас аз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани корхонаи истеҳсоли равғани Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Файзи Алӣ” 30 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин карда шуд.
Хати истеҳсоли равған аз дегҳои бухорӣ, сехи равғантозакунӣ, омода намудани қуттиҳои пластикӣ ва бастубанд иборат буда, равғани растанӣ дар зарфҳои пластикии 1, 2, 3 ва 5 литра ҷой карда мешавад.
Корхона бо мақсади таъмини талаботи сокинон бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ ва дорои сифати баланд таъсис дода шуда, дар он аз зағир, рапс, офтобпараст, сиёҳдона ва чигит равған истеҳсол карда мешавад.
Мувофиқи нақшаи пешбинишуда ашёи хом барои истеҳсоли равғани ҷавобгӯи талабот дар асоси шартномаҳои ҳамкорӣ аз хоҷагиҳои кишоварзӣ дастрас карда мешавад.
Дастгоҳу таҷҳизоти корхона аз ширкатҳои бонуфӯзи Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид карда шудааст.
Баъди ифтитоҳи корхона Сарвари давлат дар намоишгоҳ бо маҳсулоти истеҳсолии корхона шинос гардид. Иттилоъ дода шуд, ки равғани дар корхона истеҳсолшуда дорои сифати баланд буда, бо маҳсулоти истеҳсоли корхонаҳои ватанию хориҷӣ рақобатпазир мебошад.
Таъкид кардан ба маврид аст, ки талаботи сокинони ҷумҳурӣ ба равғани растанӣ дар як сол 126 ҳазор тонна буда, айни замон дар ҷумҳурӣ 41 корхонаи истеҳсоли равғани растанӣ бо иқтидори 160 ҳазор тонна фаъолият менамояд.
Дар ноҳияи Данғара дар доираи тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни 30 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкорони ватандӯсти ноҳия бе ҷалби маблағҳои буҷетӣ бунёди коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ низ бо маром идома дошта, бо ин васила дар беҳтаршавии инфрасохтори деҳоти ноҳия ва баланд гаштани сатҳи некӯаҳволии мардум қадамҳои устувор гузошта мешавад.
Соҳибкори маҳаллӣ Файзализода Сайфиддин низ бо ҷонибдорӣ аз ташаббусу роҳнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати саҳм гузоштан дар ободии як гӯшаи Ватан иқдом гирифт, ки аз ҳисоби даромадҳои софи корхона иншооти муосири саноатӣ бунёд намуда, дар пешрафти соҳа ва таъмини сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор саҳми хешро гузорад.
Ба хотири зебогии муҳит ҳамзамон коргарони коргоҳ атрофи иншооти истеҳсолиро сафолакпуш карда, гулу бутта ва ниҳолҳои сояафкану ороишӣ шинониданд. Бино бо тарҳу услуби хоси меъморӣ бунёд шуда, гирду атрофи он чароғон гардидааст.
Дар ҳамин ҷо ҳамчунин ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи бунёди корхонаи истеҳсоли маводи шустушӯӣ, хишти пухта, мебел, дару тирезаҳои пластикӣ, бетон, бинои коллеҷи тиббӣ, Маркази саломатӣ, муассисаи таълимӣ, боғчаи кӯдакона ва биноҳои истиқоматии баландошёна муаррифӣ карда шуд.
Сарвари давлат бо гузоштани санги асос ба корҳои сохтмонӣ оғоз бахшиданд.
Корхонаи маводи шустушӯӣ дар назди корхонаи равғанбарорӣ сохта шуда, беш аз 12 намуд мавод истеҳсол мекунад. Коргоҳ бо иқтидори истеҳсоли 1,5 тонна маводи шустушӯӣ дар як шабонарӯз сохта мешавад.
Корхонаи истеҳсоли хишти пухта дар масоҳати 15 гектар бунёд гардида, иқтидори солонаи он ба 2 миллиону 500 ҳазор донна хишт баробар мебошад.
Дар корхонаи мебел ва дару тирезаҳои пластикӣ тибқи лоиҳа истеҳсоли миз, курсӣ, ҷевон, рахти хоб, дару тирезаҳои пластикӣ ва дигар ашёи зарурӣ ба роҳ монда мешавад.
Иттилоъ дода шуд, ки бунёди иншооти соҳаи саноат имкон медиҳад, дар баробари таъмини бозори истеъмолӣ ҳамзамон наздики 100 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин шавад.
Мувофиқи лоиҳа коллеҷи тиббӣ дуошёна буда, барои ба таълим фаро гирифтани 100 донишҷӯ ва Маркази саломатӣ бо 20 кати хоб пешбинӣ шудааст.
Муассисаи таълимӣ барои дар ду баст ба таҳсил фаро гирифтани 1280 нафар хонанда ва боғчаи кӯдакона барои 120 нафар бунёд карда мешавад.
Мавриди зикр аст, ки иншооти мазкур бе ҷалби маблағҳои буҷетӣ аз ҷониби соҳибкорон ва шахсони бо нангу номуси ноҳия дар доираи ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат сохта мешавад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи корхонаҳо ва шиносоӣ аз лоиҳаҳои нав иқдоми созандаи соҳибкорони ватаниро шоистаи таҳсин хонда, таъкид доштанд, ки бунёди чунин иншоот имкон медиҳад, ки инфрасохтори ноҳия беҳтар гашта, сатҳи некуаҳволии мардум бо таъсиси ҷойҳои нави корӣ, баланд бардошта шавад.
-
26-01-2021, 14:00
-
3-02-2021, 15:04