Суханронӣ дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Марде дар бозор як сомониашро гум мекунад, баъд фарёд мезанад: «Ҳой мардум, касе як сомонии маро ёбад, ба ӯ панҷ сомонӣ ҳадя мекунам».
***
Муаллим ба шогирдаш савол медиҳад:
- Дар дунё чанд навъи моҳӣ мавҷуд аст?
Шогирд ҷавоб медиҳад:
- Ду намуд: пухтагӣ ва хом.
***
Падару писар дар хона нишаста бо ҳам суҳбат мекунанд. Падар мегӯяд:
- Писарам, ман зидди оиладор шудани ту нестам. Ман ҳам мехоҳам, ки ту хушбахт шавӣ, оила барпо намоӣ, вале ин арӯси ёфтаат намешавад.
Писар мегӯяд:
- Оҳ падарҷон, Шумо намедонед. Ман он духтаракро чунон дӯст медорам ва ӯ чунон зебо аст, ки....Падар мегӯяд:
- Писарам, мефаҳмам, вале аз ҳусну ҷамоли духтарак як моҳ лаззат мебарӣ, аммо хӯрокҳои пухтаашро як умр бояд хӯрд.
***
Ду рафиқ ба театр мераванд. Ҳангоми намоиши театрӣ як ҳайвони азимҷусса нақшофарӣ карда, ба тарафи тамошобинон медавад. Ин дам яке аз дӯстон дар зери курсӣ пинҳон мешавад. Дӯсташ мегӯяд, ки чаро тарсидӣ? Он ба ту зарар намерасонад, ин ҷо театр аст, танҳо нақш бозида истодааст. Дар ҷавоб рафиқаш мегӯяд:
- Ману ту медонем, ки ин ҷо театр асту нақш аст, он ҳайвон аз куҷо медонад театру нақшро.
***
Як ҷавон духтари подшоҳро ба занӣ гирифтанӣ мешавад ва ба рафиқаш мегӯяд, ки духтари шоҳро мегирам.
Рафиқаш дар ҳайрат афтида, мегӯяд:
- Чи гуна подшоҳ духтарашро ба ту намедиҳад?
Ҷавон мегӯяд, ки аллакай 50 фоиз кор ҳал шудааст.
Чи хел? - мепурсад рафиқаш.
Ҷавон мегӯяд:
- Ана охир ман розӣ ҳастам-ку.
***
Ҷавондухтаре ба мӯйсафеде мегӯяд:
-Бобоҷон, шумо чанд писар доред ва онҳо чикораанд?
Мӯйсафед дар посух мегӯяд:
- Ман чор писар дорам, яктояш муаллим аст, дуюмаш духтур, сеюмаш муҳандис ва писари хурдиям бошад, дузд. Духтарак ба ҳайрат афтида, мегӯяд, ки чаро ӯро аз хона пеш намекунед?
Мӯйсафед мегӯяд:
- Агар ӯро пеш кунем, кӣ нафақаи моро таъмин мекунад?
***
Ду мӯйсафед нишаста суҳбат мекунан-ду яке аз онҳо мегӯяд:
- Эҳ ҷӯраҷон, пир шудаем, дигар тавони зиндагӣ кардан надорам. Занам ҳар рӯз бо ман ҷанҷол мекунад, ғур-ғур мекунад, ки ту пир шудаӣ, намедонам, ки чи кор кунам.
Ҳатто кампирамро дар деҳа ба шавҳар доданиям, касе намегирад.
Мӯйсафеди дигарӣ мегӯяд:
- Эҳ ҷӯраҷон, нав фаҳмидӣ? Ман туро чанд сол пеш гуфта будам, ки зани безеб нагир, дарди сарат мешавад.
***
Мард дар дасти писараш кӯзаро медиҳаду мегӯяд:
- Рафта об биёр ва як торсакӣ мезанад.
Писараш гиря мекунад. Модараш садояшро шунида, ба падараш мегӯяд:
- Чаро писарамро мезанед?
- Барои он ки мабодо кӯзаро бурда нашиканад, - мегӯяд падар.
Зан мегӯяд:
- Охир ҳоло нашикастааст-ку.
Падар мегӯяд:
- Баъди шикастан чӣ занӣ, чӣ назанӣ.
***
Аз марде мепурсанд:
- Ту метавонӣ, ки ба дӯсти худат дар муддати як моҳ сад доллар қарз диҳӣ? Он мард каме фикр мекунаду мегӯяд:
- Албатта метавонам, вале ман ин хел дӯст надорам.
***
Як зан ба шавҳараш мегӯяд:
- Мардакҷон, чаро Шумо дар хобатон бисёр гап мезанед?
Мард дар ҷавоб мегӯяд:
-Барои он ки вақте ба хона дузд медарояд, фаҳмад, ки мо хоб нестем.
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.