Суханронӣ дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Мардуми фарҳангпарвару маърифатпарвари тоҷик дар масъалаи эҷоди китобу китобхонӣ ва таълифи осори илмиву бадеӣ яке аз миллатҳои пешрафтаи дунё ба шумор меравад. Миллати тоҷик дар ҳама давру замонҳо китобхону китобдӯст буд ва маънавиёту фарҳанги худро бо ин васила боло мебардошт.
Китоб сарчашмаи илму маърифат ва фарҳангу дониш аст. Ба хотири ҳифзу нигаҳдории сарчашмаҳои бузурги таърихӣ муқаддас доштани китоб яке аз вазифаҳои мо дар замони муосир ба шумор меравад.
Айни ҳол ба ҳамин мақсад аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ доир ба соҳаи китобдорӣ қабул гардидааст. Пеш аз ҳама, таъсиси китобхонаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, вилоятиву шаҳрӣ ва ноҳиявию маҳаллӣ яке аз иқдомҳои бузурги давлату ҳукумат маҳсуб меёбад. Барои боз ҳам ба китобхонӣ рӯ овардани мардум пайваста намоиш-фурӯши китобҳо бо муҳтавову мазмуни олӣ, бо сифати баланд дар мағозаҳои китобфурўшӣ ва ҳамчунин баргузории намоишгоҳҳои байналмилалии китоб дар сатҳи баланд роҳандозӣ мегардад.
Маҳз тавассути китоб мероси гаронбаҳои илмиву адабии фарҳангу тамаддуни халқи тоҷик то ба мо омада расидааст. Китоб буд, ки гузаштагон роҳи имрӯзаи моро ба зиндагӣ равшан намуданд. Беҳуда нест, ки китобро "Фурӯғи субҳи доноӣ" ва "аниси кунҷи танҳоӣ" номидаанд ва инчунин, дар таъбири халқӣ, “Хонаи бе китоб рӯзи беофтобро мемонад”, ки воқеан ҳам дуруст аст. Агар дар ҷамъият китоб ва китобхонӣ рушд кунад, мебинем, ки ҷавонон назари худро ба зиндагӣ тағйир медиҳанд.
Китоб аст, ки таърихи куҳанбунёди мо, ганҷинаҳои тамаддуни башарӣ, дурдонаҳои назми ҳазорсолаи мо, достонҳо ва илму дониши даврони бостонӣ, хираду заковати наслҳо ва халқҳоро зинда нигоҳ медорад. Китоб аст, ки бо нури донишу маърифат роҳи мардумонро равшан сохта, боиси ҳастиву пойдории миллат, таърих, забон, адабиёт ва фарҳанг гардидааст.
Фарзандони баруманди миллати тоҷик устод Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Абуалӣ ибни Сино, Носири Хусрав, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Саидои Насафӣ, Соиби Табрезӣ, Камоли Хуҷандӣ, устод Айниву Лоҳутӣ ва садҳо шоирону нависандагони дигар ба василаи китоб дар тарғибу ташвиқи илму маърифат, баланд бардоштани завқи китобхонии натанҳо мардуми тоҷик, балки аҳли башар хизматҳои беназир намудаанд.
Бо ташаббуси бевоситаи Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаш сол боз дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардида истодааст, ки тавассути эълон гардидани чунин чорабиниҳо ҳазорон мардуми кишвар, аз кӯдакони хурдсол то куҳансолон, дубора рӯ ба китоб овардаанд. Ба хотири ҳавасмангардонии мардум ва рӯ овардан ба китоб ҳамчун сарчашмаи ақлу хирад ва маънавиёти аҳли ҷомеа ҳар сол миллионҳо сомонӣ мукофотпулӣ аз суратҳисоби махсуси Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ғолибони озмун тақдим карда мешавад, ки ин дар баробари баланд бардоштани савияи до-ниши азхудкунандагон як ғамхории падарона барои беҳтар намудани шароити иҷтмоии онҳо аз тарафи ин шахсияти беназир ба ҳисоб меравад.
Дар пайравӣ бо иқдомҳои шоистаи таҳсини Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ҳамаи вилоят, шаҳру ноҳияҳо чунин озмунҳоро, ки барои баланд бардоштани завқи китобхонӣ ва рӯ овардан ба китоб равона шудааст, дастгирӣ намуда, онро дар амал татбиқ намуда истодаанд. Хурсандиовар аст, ки иқдомҳои шоистаи Раҳбари муаззами миллатамон дар масъалаи омӯхтани китоб меваҳои ширин дода истодаанд.
Аз ҷумла, дар озмуни имсолаи “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар миқёси ҷумҳурӣ иштирокчиёни вилояти Хатлон ба мавқеи сазовор ноил гаштанд. Дар байни тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва вилоятҳо вилояти Хатлон сазовори ҷои дуюм гардида, ду шоҳҷоиза ва 34 ҷои ифтихориро ба даст оварданд, ки ин дар шаш соли баргузории ин озмуни бонуфуз бори аввал аст.
Бо мақсади баланд бардоштани маърифати китобхонӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид соли 2025-ро дар ҳудуди вилоят соли “Фарҳанги китобхонӣ” эълон намуданд, ки шоистаи таҳсин ва воқеан ҳам, идомаи мантиқии ташаббуси созандаи Пешвои муаззами миллат ба шумор меравад, ки сокинони вилоят онро бо хушнудӣ қабул намуданд.
Хулоса, бояд ҳар як фард, махсусан насли ҷавон ба китоб рӯ оварда, онро ҳамрозу муниси худ донанд.
Чунки китоб метавонад ба ҷаҳонбинии инсон таъсир расонида зеҳни ӯро рушд диҳад ва зиндагии шоистаи ӯро ҳам барои худаш ва ҳам барои пешравии ҷомеа ва кишваре, ки дар он умр ба сар мебарад, таъмин намояд.
А. АбдУлмАҶид,«Хатлон»
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.