Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Чӣ тавр дар фасли зимистон неруи бақро сарфа кунем?


Чӣ тавр дар фасли зимистон неруи бақро сарфа кунем?



Бо фарорасии фасли сармо талабот ба неруи барқ бештар мегардад. Бо маблағи зиёди ҳаққи истифодаи барқ хонаҳо гарм, вале буҷаи оила зарар мебинад. Аксарият ба чунин фикр меравем: Чӣ гуна хароҷоти неруи барқро сарфа кунем, то ки ҳам хонаҳо ва ҳам дилҳо гарм бошанд? Дар ин маврид бо коршиноси  соҳа  Умедҷон  Шамсов  суҳбати  ҷолибе  доштем,  то  ба  хонандаи  азизи рӯзномаи “Хатлон” роҳҳои одитарини сарфаи неруи барқро мубодила намоем.

- Зимистон замони афзоиши масрафи неруи барқ аст ва бисёре аз сокинони Хатлон роҳҳои сарфаи маблағро меҷӯянд. Шумо чӣ маслиҳат медиҳед?


- Бале, дуруст аст, ки зимистон барои буҷет,  бахусус,  аз  ҳисоби  боло  рафтани хароҷоти  гармидиҳӣ,  як  давраи  душвор аст. Вале бо риоя намудани чанд қоидаи одие метавон хароҷоти барқро ба танзим даровард.

-Омилҳои  асосие,  ки  ба  хароҷоти неруи  барқ  дар  фасли  зимистон  таъсир мерасонанд, кадомҳоянд?

- Пеш аз ҳама, ин аз ҳарорати ҳавои берунӣ  ва  сифати  сохтмони  биноҳо вобастагӣ  дорад.  Ҳар  қадаре,  ки  ҳаво дар  берун  сард  бошад,  барои  гарм  намудани  хона  ҳамон  қадар  неруи  бештар лозим мешавад. Аз ин рӯ, ба сифати дару тирезаҳо,  мавҷудияти  сӯрохиҳо  ва  ба масолеҳи  гарминигоҳдор  диққат  додан 
муҳим аст.

-Масолеҳи  гарминигоҳдор  гуфтед. Дар ин бора муфассалтар шарҳ медодед.

-Албатта.  Агар  хонандаи  рӯзномаи “Хатлон”  имконият  дошта  бошанд,  девор, шифт ва фарши хонаро бо масолеҳи гарминигоҳдор  (утиплител)  пӯшонанд. 

Истифодаи  масолеҳи  гарминигоҳдор  ба-рои  кам  кардани  хароҷот  ва  гарм  нигоҳ доштани  ҳарорати  хона  ёрӣ  мерасонад. 

Вале,  пеш  аз  ҳама  аз,  тафтиши  тиреза ва  дарҳо  бояд  оғоз  кард.  Агар  имконпазир бошад, тирезаҳои душишабандӣ насб карда  шавад.  Сӯрохиҳои  дару  тирезаро  бошад,  метавон  бо  масолеҳи  махсус маҳкам кард. Ҳоло дар бозорҳо масолеҳи гуногуни гарминигоҳдор мавҷуд аст, ки ин корро осон мекунад.

- Интихоб  ва  истифодаи  асбобҳои барқӣ то чӣ андоза таъсиргузор аст?

-Ин  хеле  муҳим.  Тавсия  медиҳем,  ки асбобҳои барқие истифода карда шаванд, ки  неруи  барқро  камтар  масраф  кунанд ва истифодаи онҳо ҳадафнок бошад. Ми-сол,  ба  ҷойи  ҷӯшонидани  об  дар  плита, камхарҷтар аст, ки обҷӯшонаки барқӣ истифода  бурда  шавад.  Ҳамчунин,  барои рӯшноидиҳӣ  истифодаи  фурӯзонакҳои каммасраф ба манфиат аст.

-  Ташаккур  барои  тавсияҳо,  вале метавонед  ба  хонандаи  мо  роҳҳои  аз ин  ҳам  одитарро  нишон  диҳед,  ки  тавонанд буҷаи оилавиашонро ҳифз намоянд?

-  Роҳҳои  одӣ  назарногиранд.  Вале таъсирашон аз он чӣ ки дар боло гуфтем, камтар нест:

-Барои  кам  кардани  майдони гармидиҳӣ дарҳои ҳуҷраҳое, ки истифода намешаванд, пӯшед.

-Аз пардаҳо истифода баред. Онҳо ба нигоҳ доштани гармӣ кумак мекунанд, хусусан агар тирезаҳо куҳна бошанд.

-Ҳангоми аз як ҳуҷра ба ҳуҷраи дигар рафтан фурӯзонакҳоро хомӯш кунед.

-Ба ҷои баланд бардоштани ҳарорати хона, либоси гармтар пӯшед.

-Телевизор ва дигар асбобҳои барқиро ҳангоми  хомӯш  кардан,  аз  ноқилаш  ҳам ҷудо  кунед.  Асбобҳои  қувватдиҳандаи телефонро низ ҳамчунин.

-телевизор то чӣ андоза метавонад барқро  масраф  кунад? барои  хубтар дарк кардани хонанда ҳамин масъаларо шарҳ медодед.

-Бошад. Агар як телевизор дар як рӯз 12 соат хомӯш, вале ноқили он ба қувваи барқ  пайваст  бошад,  ба  ҳисоби  миёна дар як сол 43 кВт неруи барқро масраф мекунад. Ба ин монанд асбобҳои барқии зиёде вуҷуд доранд. Барои як оила назарногир, вале як миллион оила агар ҳамин корро анҷом диҳад, дар як сол 43 миллион кВт неруи барқро ташкил медиҳад. Ин нишондод  ба  ҳисоби  миёна  метавонад бештар аз 143 ҳазор оилаи дигарро давоми як моҳ бо неруи барқ таъмин намояд. 




-Таҳлили хуб. Умедворем, ки хонандаи мо аз ин хулосаи лозимӣ мебарорад. дар бораи манбаъҳои алтернативии неруи барқ чӣ гуфтан мумкин аст? Оё онҳо метавонанд дар зимистон кумак кунанд?

-  Бале,  манбаъҳои  алтернативии энергия,  аз  қабили  панелҳои  офтобӣ метавонанд  муфид  бошанд.  Тоҷикистон кишвари  офтобист  ва  аз  он  метавон  васеъ  истифода  кард.  Гарчанде  ки  сама-ранокии кори он дар фасли зимистон аз сабаби кӯтоҳии рӯзҳо ва тағйирёбии боду ҳаво камтар мешавад. Бо вуҷуди ин, технологияи  гармкунии  об  ҳатто  дар  ҳавои сард кор карда метавонад. 

-Ташаккур  барои  суҳбати  муфид! дар  охир  чизи  дигаре  илова  кардан мехоҳед?

-Сипос,  ки  ин  масъалаи  муҳимро  ба баррасӣ гирифтед. Умедворам, ки хонандаи рӯзномаи “Хатлон” аз суҳбати мо ман-фиат  мебардорад.   Як  чизро  бояд  дарк намоем, ки сарфаи неруи барқ на танҳо ба буҷаи оила манфиатовар аст, балки бо ин амал чанд оилаи дигар бо барқ таъмин мегардад. Фаромӯш набояд созем: Вақте ки як фурӯзонакро дар ҳуҷра хомӯш мекунем, дар гӯшаи дигар манзиле чароғон мегардад. Роҳи расидан ба истиқлолияти энергетикӣ  аз  амалҳои  одии  ҳар  яки  мо сар мешавад.

Суҳбаторо
Д. ИбодУллозодА,
«Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода