ҲИЗБИ ОРМОНҲОИ МАРДУМӢ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 10 декабр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Сиёсат / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 425
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) яке аз муҳимтарин ташкилотҳои сиёсии кишвар аст, ки дар таърихи навини давлатдории Тоҷикистон нақши калидӣ бозидааст. Ин ҳизб соли 1994 таъсис ёфт ва соли ҷорӣ 30-солагии худро таҷлил мекунад. Дар ин муддат ҲХДТ дар таҳкими давлатдории миллӣ, истиқрори сулҳ ва рушди устувори Тоҷикистон саҳми назаррас гузоштааст.
ҲХДТ дар як давраи ҳассос – пас аз истиқлоли Тоҷикистон ва оғози ҷанги шаҳрвандӣ – таъсис ёфт. Ҳадафи асосии ҳизб, ки аз рӯзҳои аввали худ эълон карда буд, барқарор кардани сулҳ, ваҳдати миллӣ ва таҳкими сохтори давлатдорӣ буд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари ҳизб дар ташаккули он нақши бузург бозиданд. Дар тӯли 30 соли фаъолият ҲХДТ як қатор дастовардҳои муҳимро ба даст овардааст, ки онҳоро метавон ба ду самти асосӣ тақсим намуд: сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодӣ.
1. Саҳм дар истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ. ҲХДТ дар раванди сулҳи миллӣ нақши калидӣ дошт. Баъд аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар соли 1997, ҳизб фаъолона барои татбиқи қарорҳои сулҳ талош кард. Ин талошҳо барои муттаҳид кардани ҷомеаи Тоҷикистон ва пешгирии такрори низоъҳои дохилӣ замина фароҳам овард.
2. Рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ. ҲХДТ дар таҳияи барномаҳои стратегии рушди кишвар, аз ҷумла Стратегияи миллии рушд барои давраҳои мухталиф, саҳм гузоштааст. Дар натиҷаи ин ташаббусҳо, сатҳи зиндагии мардум беҳтар гардида, соҳаҳои муҳим, ба монанди маориф, тандурустӣ ва инфрасохтор, рушд карданд.
3. Тақвияти сохторҳои демократӣ. Ҳизб барои таҳкими институтҳои демократӣ, аз ҷумла парлумон ва ҳукумат, саҳм гузошта, дар ташаккули низоми бисёрҳизбӣ дар кишвар нақши таъсиргузор дошт. Имрӯз ҲХДТ ҳамчун як ҳизби пешбаранда дар раванди сиёсии Тоҷикистон фаъол мебошад.
Барномаҳои он ба таҳкими истиқлоли миллӣ, рушди иқтисодӣ ва таъмини зиндагии шоистаи мардум равона шудаанд. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва мушкилоти нави байналмилалӣ ҲХДТ дар роҳнамоии ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ пешоҳангу ташаббускор аст.
Пайванди камина бо Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз соли 2008 маншаъ мегирад. Вақте ба вазифаи сармуҳаррири нашрияи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон – «Ҳамрози халқ» таъин гардидам, беш аз пеш бо барномаи пурмуҳтаво ва ояндасози ин ҳизби ормонҳои мардумӣ ошно шудам. ҲХДТ дар тӯли 30 соли фаъолияташ, ҳамчун яке аз неруҳои асосии сиёсӣ дар кишвар, ҳамеша ба истифодаи муассири воситаҳои ахбори омма аҳамияти махсус медод. ВАО на танҳо воситаи муҳими тарғибу ташвиқи сиёсати ҳизб, балки яке аз унсурҳои асосии таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳифзи ваҳдати миллӣ ва рушди фарҳанги сиёсии мардум мебошанд.
Нашрияи марказии ҲХДТ - «Минбари халқ» пас аз ду соли ба майдони сиёсат омадани ҳизб таъсис ёфта, шумораи якуми он моҳи сентябри соли 1996 ба дасти хонанда расид. «Минбари халқ» ҳамчун минбари умумихалқии кишвар, ифо-дагари талошу муборизаи халқ дар роҳи рушди давлатдорӣ ва бозсозиҳои демократӣ, орзуву ор-мони халқи мо гардид. Ин нашрия ҳамчун минбари асосии ҳизб барои пахши ахбор ва барномаҳои ҳизбӣ амал мекунад. Он мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва таҳлилҳоеро нашр мекунад, ки ба татбиқи сиёсати ҳукумат ва нақши ҳизб равона шудаанд.
Нашрия инъикосгари фаъолияти Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ ва сохторҳои маҳаллии он, инчунин мақомоти давлатӣ, ҳаёти сиёсию иқтисодӣ, фарҳангию иҷтимоӣ, масоили ҷавонон буда, оид ба шароити рушди маънавию ахлоқӣ, таҳсил ва фаъолияти онҳо, муҳоҷирати меҳнатӣ, тарбияи ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, эҳтироми падару модар ва калонсолон, сабру таҳаммул, омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунарҳои муосир, меҳнатдӯстӣ ва риояи волоияти қонун дар зеҳну шуури насли наврас ва ҷавонони мамлакат саҳми арзанда дорад.
“Ҳадафу ормонҳои ҲХДТ бо сиёсати умумии давлат оид ба ҳифзи истиқлоли давлат ва таъмин намудани рушди бонизоми иқтисодиву иҷтимоии кишвар бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ, имконияту захираҳои воқеӣ, таҷрибаи давлатдории миллӣ ва тибқи меъёрҳои пазируфташудаи байналмилалӣ муҳимтарин самти кори нашрияи «Минбари халқ» ҷавҳари аслии муҳтавои маводи он мебошад”, - омадааст дар тафсирномаи фаъолияти ин нашрия.
ҲХДТ дар шароити муосир фаъолона аз шабакаҳои иҷтимоӣ, ба монанди Facebook, Instagram ва WhatsApp низ истифода мекунад. Ин платформаҳо имконият медиҳанд, ки бо ҷавонон ва гурӯҳҳои дигари ҷомеа робитаи наздиктар барқарор карда шавад.
Воситаҳои ахбори омма на танҳо барои тарғиби сиёсати ҳизбӣ, балки барои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ нақши муҳим доранд. Тавассути расонаҳои хабарӣ ҲХДТ мардумро ба фаъолнокии сиёсӣ, иштирок дар маъракаҳои интихоботӣ ва татбиқи ташаббусҳои ҷамъиятӣ ҳавасманд мекунад.
ҲХДТ дар истифодаи муассир ва мақсадноки ВАО таҷрибаи бой андӯхтааст. Тавассути воситаҳои ахбори омма, ҳизб на танҳо сиёсати худро пеш мебарад, балки барои рушди фарҳанги демократӣ, ваҳдати миллӣ ва огоҳии сиёсии мардум саҳм мегузорад. Дар оянда, бо рушди технологияҳои иттилоотӣ, нақши ВАО дар фаъолияти ҲХДТ боз ҳам муҳимтар мегардад.
«Ҳамрози халқ» низ як нашрияи ҳизбӣ мебошад, ки соли 2004 аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон таъсис ёфтааст. Ин ҳафтанома масоили сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии маҳаллиро фаро гирифта, фаъолияти ҳизбро дар минтақа таблиғ мекунад. Нашрия, инчунин, бо мақсади дастгирии ташаббусҳои маҳаллӣ ва таъмини аҳолӣ бо иттилооти муҳими ҳизбӣ фаъолият мекунад.
Самтҳои асосии фаъолияти нашрияҳои «Минбари халқ» ва «Ҳамрози халқ» аз ин қароранд:
- вусъат бахшидани худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ифтихори ватандории мардум, баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии аҳолии кишвар, бахусус наврасону ҷавонон;
- шарҳу тавзеҳи моҳияти равандҳои сиёсии дохиливу хориҷӣ, мақсади неруҳои ғаразноки берунӣ ва ҳадафи нақшаву барномаҳои давлати мо;
- ҳадафи стратегии давлату Ҳукумати Тоҷикистон дар заминаи таҳкими Истиқлоли давлатӣ баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум;
- ҳарчи бештар густариш додани фарҳанги сулҳ ва устувории ваҳдату ризоияти миллӣ ҳамчун дастоварди нодиртарини мардуми Тоҷикистон;
- арҷгузорӣ ва эҳтироми забони давлатӣ - забони зебои шоиронаи тоҷикӣ, эҳё ва густариши забони давлатӣ, тарғиби донистани забонҳои дигар, махсусан забонҳои русӣ ва англисӣ барои наврасону ҷавонони мо, иқдомоти зарурӣ дар самти ҳифзу гиромидошт, тозагии забони давлатӣ ва рушди ҳамаҷонибаи он ва ғайра.
Аз нигоҳи мо, воситаҳои ахбори оммаи ҳизбӣ дар фаъолияти ҲХДТ чаҳор вазифаи асосӣ доранд:
1. Тарғиби идеяҳои ҳизбӣ. Яке аз вазифаҳои асосии ВАО – шинос кардани аҳолӣ бо ғояҳо ва барномаҳои ҲХДТ мебошад. Тавассути рӯзномаҳо ва сомонаҳои интернетӣ ҳизб ба мардум сиёсати дохиливу хориҷии кишвар, дастовардҳои давлат ва нақшаҳои рушди худро муаррифӣ мекунад.
2. Мусоидат ба ташаккули афкори умум. ВАО ҳамчун пули байни ҳизб ва ҷомеа амал ме-кунад. ҲХДТ тавассути воситаҳои ахбори омма иттилооти заруриро ба мардум мерасонад ва ҳамзамон фикру ақидаҳои шаҳрвандонро мегирад. Ин раванд ба ташаккули афкори ҷамъиятӣ ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум дар бораи масъалаҳои сиёсиву иқтисодӣ мусоидат мекунад.
3. Таҳкими ваҳдати миллӣ ва суботи сиёсӣ. Дар шароити Тоҷикистон, ки як кишвари гуногунмиллат буда, мавқеи геосиёсии ҳассос дорад, нақши ВАО дар ҳифзи субот ва ваҳдати миллӣ ниҳоят муҳим аст. ҲХДТ тавассути ВАО паёмҳои сулҳҷӯёна ва ваҳдатофарро ба аҳолӣ мерасонад, ки ба ҳифзи суботи ҷомеа кумак мекунад.
4. Мубориза бо дезинформатсия ва хатарҳои иттилоотӣ. Дар асри XXI, ки иттилоот ва дезинформатсия зуд паҳн мешаванд, ҲХДТ тавассути ВАО барои пешгирӣ ва хунсо кардани ахбори бардурӯғ кор мебарад. ВАО-и ҳизбӣ ва давлатӣ ба мардум иттилооти дақиқ ва санҷидашударо пешкаш карда, дар баланд бардоштани сатҳи огоҳии иттилоотии аҳолӣ саҳм мегузоранд.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва хатарҳои гуногуни ҳалокатовар, ки давлату халқҳо рӯ ба рӯ шудаанд ва экстремизми сиёсӣ, терроризм, фишор ва дахолати рӯирост ба тақдиру сарнавишти халқҳо аз ҷумла таҳдидҳои замони муосиранд, дар назди ВАО-и тоҷик, хусусан нашрияҳои ҳизбии «Минбари халқ» ва «Ҳамрози халқ» вазифаҳои басо муҳим ва пурмасъулият меистанд.
Матбуот бояд манфиатҳо ва арзишҳои волои миллиамон, ба монанди истиқлолияти давлатӣ, тамомияти арзӣ, суботи иҷтимоӣ ва ваҳдати милливу ҳамбастагии тамоми сокинони кишварро муҳофизат ва тарғиб намуда, сиёсати редаксионии худро дар заминаи арзишҳои бунёдӣ, озодандешӣ, ошкорбаёнӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ дар доираи барномаҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба роҳ монанд.
Узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон будан барои ҳар яки мо ифтихор аст, зеро ҳизб дар татбиқи сиёсати пешбарандаи кишвар, таҳкими сулҳ ва рушди иқтисодиву иҷтимоӣ саҳми муҳим мегузорад. ҲХДТ платформаи воҳидеро барои ҳалли мушкилоти ҷамъиятӣ ва иштироки фаъолона дар ҳаёти сиёсӣ фароҳам меорад.
30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон як фурсати муҳим барои арзёбии дастовардҳо ва муайян кардани самтҳои оянда аст. Дар тӯли се даҳсола ҳизб дар роҳи пешрафти кишвар, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ саҳми арзанда гузошта, ҳамчун қувваи асосии сиёсӣ мақоми худро нигоҳ доштааст. Истиқрори сулҳ, рушди иқтисодӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ аз ҷумлаи он дастовардҳои муҳимтаринанд, ки мардум ва Ҳукумати Тоҷикистон бо онҳо ифтихор мекунанд.
Носирҷон МАЪМУРЗОДА,
номзади илмҳои филологӣ,
сармуҳаррири рӯзномаи “Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...