Хотираҳои ҳамсабақони Пешвои миллат
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 16 ноябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 136
ДАВРОНИ МАКТАБӢ
Холназар Ҳикматов ҳамсабақи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ӯ аз давраи мактабхонӣ хотираҳои зиёд дорад. Аз ҷумла мегӯяд: «Мо бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз синфи як дар мактабҳое таҳсил мекардем, ки хеле куҳнаю фарсуда буданд. Соли 1960, баъди таътили зимистона дар мактаби наве, ки колхоз сохта буд, таҳсилро идома дода, соли 1969 онро хатм намудем. Ҳанӯз аз ҳамон замонҳо дар хислатҳои Эмомалӣ Раҳмон ҷавонмардиву ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ва ғурури миллӣ дида мешуд. Эмомалӣ Раҳмон дар қатори 2-юм, дар мизи 3-юм менишаст. Дар даврони мо, бо вуҷуди он ки шароит хуб набуд, талабагон бо баҳои хуб мехонданд ва бисёре аз ҳамсинфонамон касби муаллимиро пеша карданд. Дар варзиш низ пешқадам буданд. Рӯзе дар майдони футболи мактаби Ленин бозӣ доштем.
Эмомалӣ Раҳмон аз маркази майдон тӯби ҷаримавиро дохили дарвоза намуд ва директори мактаби №6, ки дар он ҷо ҳузур дошт, ба майдон баромада Эмомалиро ба оғӯш гирифт. Ба муовинаш супориш дод, ки номашро дар дастаи мактаббачагони ноҳия нависед. Дар он ҷо номи маро низ навиштанд. Чунин хотираҳои хушу баёдмонданӣ аз айёми мактабхонии мо зиёданд».
Ба хотири арҷ гузоштан ба қадамҷои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Холназар Ҳикматов муассисаи таълимиеро, ки Роҳбари давлат дар он 10 сол таҳси намудааст, имрӯз ба як Осорхонаи зебо табдил додааст. «Ҳатто либоси низомии Эмомалӣ Раҳмонро бо яке аз шиносҳо, ки дар Флоти ҳарбии уқёнуси Ором хизмат мекард, дастрас кардем», - мегӯяд ӯ.
Имрӯзҳо ҳар нафаре, ки ба ин даргоҳ ташриф меорад, аз ин ганҷинаи хирад ба худ ғизои маънавӣ мегирад. Зеро Холназар Ҳикматов дар ин Осорхона лаҳзаҳо, хотироти бачагӣ, умуман зиндагиномаи Роҳбари давлатро дар аксҳо ҷамъоварӣ ва таҷассум намудааст.
Ҳамсабақи дигари Сарвари кишвар Раҳмоналӣ Неъматов аст ва ӯ дар суҳбат бо мо чунин гуфт: «Ман бо Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ҳамсинф ва дар Омӯзишгоҳи касбии - техникии шаҳри Левакант ҳамкурс будам. Роҳбари синфамон Куган Иззатуллоев, муаллими фанҳои физика – математика буданд, бисёр дониши баланд доштанд. Устод ҳанӯз ҳам омӯзгоранду дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб фаъолият мекунанд.
Бо Эмомалӣ Раҳмон дӯстии хуб доштем ва имрӯз, ки ба мақоми Пешвои миллат расидааст, ҳанӯз ҳам аз мо ёд мекунанду аснои сафарҳояшон ба шаҳри Левакант ё ноҳияи Данғара аз ҳоламон пурсон шуда, хабар мегиранд. Ман ифтихор мекунам, ки ҳамсинфи Сарвари давлат ҳастам».
ДАВРОНИ ДОНИШҶӮӢ
Ҳамсуҳбати дигари мо Нурмаҳмад Холов аз хотироти хеш бо Сарвари кишвар ёдовар мешавад: “Ман ҳамроҳи Ҷаноби Олӣ якҷоя дар ноҳияи Данғара, дар совхози Ленин ба камол расидаем. Ба институт ҳамроҳ дохил шудем ва муддати 2 сол бо ҳам таҳсил кардем. Аз даврони хурдӣ ба хотир надорам, ки ягон нафарро сухани баде гуфта ё муомилаи бад карда бошад. Гарчанде, ки Роҳбари давлат аст, аз мо дурӣ намеҷӯянд. Аз аҳволи мо хабардоранд. Ҳатто вақте ки дар беморхона будам, Ҷаноби Олӣ ба дидорбинӣ омаданд, мо суҳбат кардем ва аз давраҳои гузашта ёдовар шудем. Ман ифтихор мекунам, ки имрӯз як ҳамсабақи ман Роҳбари давлат аст.
ДАВРОНИ АСКАРӢ
Холмаҳмад Абдулхайров бо-шад, аз даврони хизмати аскарии худ бо Пешвои миллат қисса мекунад: «Моро дар он ҷо барои киштиҳо касб меомӯзониданд ва баъди 6 моҳ тақсим карданд ва дар катерҳо мо аз ҳам ҷудо шудем. Барои хизмати хубаш номашро ба номзадии узви ҳизби коммунистӣ монданд. Тӯли як сол номзад буд. Зеро коммунист шудан бисёр мушкил буд. Ҷаноби Олӣ худро намуна нишон доданд. Дар хизмат, ки он дар ҳамсарҳади Русия ва Хитой гузаштааст, ёди Ватан мекардем. Дар хизмат сарбозоне буданд, ки забони русиро намедонистанд ва Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо ёрӣ мерасониданд.
29 ноябри соли 1971 аз Душанбе ба хизмат рафтем ва соли 1974 ба Ватан баргаштем. Эмомалӣ Раҳмон ба Ватан бо рутбаи старшина баргашт. Барои ташкилотчӣ буданаш бо нишонҳои “Аълочии Флоти ҳарбӣ-баҳрӣ” ва “ Ҷанговар – варзишгар” сарфароз гардид. Ҳамон замон мухбири низомӣ Э. Чайка дар бораи старшина Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзномаи ҳарбӣ оид ба фаъолияти корӣ ва ташкилотчигии ӯ навишта буд».
ҲАМКОРИИ ҶАНОБИ ОЛӢ
Бо Сайфулло Қурбонов, ки солҳои тӯлонӣ дар вазифаҳои роҳбарикунанда кор кардаанд, ҳамсуҳбат шудем. Мавсуф чунин зикр дошт: «Ман солҳои 1981-1982 ба ҳайси муҳосиб, ҷонишини раис ва раиси хоҷагии ба номи Ленин кор кардаам. Дар ҳамон давра Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагии мазкур кор ме-карданд. Як ҷавони бисёр дидадаро буданд. Дар солҳои нооромии 1990-ум қисме аз мардуми водии Вахш фирорӣ шуда, ба ноҳияи Данғара омаданд. Дар ноҳия аҳолӣ зиёда 80-90 ҳазор нафар буд. Хоҷагӣ наздики 8-9 то 10 ҳазор тонна ғалла истеҳсол мекард. Хонае набуд, ки 2-3 хоҷагӣ бо 5-10 нафар дар он вобаста накарда бошад. Ҳамаи онҳоро Ҷаноби Олӣ ҳар моҳе мувофиқи ҳисоби аъзои оила бо гандум ва хӯрока таъмин менамуданд.
Имрӯзҳо ҳар вақте Сарвари кишвар ба ноҳияи Данғара сафар ме-кунанд, мо албатта як маротиба вомехӯрем. Бори охир, ки моҳи июли соли равон ба ноҳияи Данғара сафар доштанд, аз коргарони собиқашон барои ёдоварӣ кардан аз хотироти гузашта ҳудуди 100 нафарро ҷамъ карданду суҳбат оростем».
Ҳар яке аз дӯстону рафиқони Сарвари кишвар аз ӯ хотироти хубу ран-гине дорад, ки ҷой додани онҳо дар як-ду саҳифаи рӯзнома ғайриимкон аст. Аммо муҳтаво ин аст, ки имрӯз ҳар шаҳрванди Тоҷикистони азиз бояд шукргузорӣ кунад, ки маҳз бо шарофати Эмомалӣ Раҳмон давлати аз байнрафтаистода ба чунин дараҷа расид. Мо хоҳони онем, ки танашон солиму Ватани мо ҳамин гуна тинҷу ором бошад.
Рамазони МИРЗОМИДДИН,
«Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...